ЭЪТИБОРИ НАТИҶАОВАРИ РОҲБАРИ СИНФ

Дар ҷараёни дарс омӯхтани мавод мақсади асосии муаллиму хонанда аст.

Дар ҷараёни дарс омӯхтани мавод мақсади асосии муаллиму хонанда аст. То ҳол аз ҷониби мушовирони ҳар як фан даҳҳо методҳо рӯйи кор омадаанд, ки мавриди истифодаанд. 
Барои сайқал додани сифати таълиму тарбияи хонандагон дарси маънавият мавқеи худро дорост. Дар ин роҳ барои ба натиҷаи баланд ноил гаштан аз сарҳисоби рейтингии синф бояд истифода кард. Яъне дар давоми ҳафта аз журнали синф ва рӯзномаи баҳогирии хонанда азхудкунии дарсро аниқ кардан лозим. Миқдори баҳои панҷ, чор, се ва аз он пасту хулқро таҳлил мекунем. Сониян ҷамъи натиҷаи хонандагонро ҳисоб карда, ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро то дарси маънавият омода менамоем. 
Хонандагонеро, ки  дар азхудкунии мавзӯъҳо пешқадаманд, бо ифтихорнома ва ё сухани мутантан сарфароз намудан ба худи хонанда ва волидони ӯ болидахотирӣ меорад ва омӯзгорро рӯҳбаланд месозад. Баъдан дар рӯзи охирини чоряки хониш аз тарафи маъмурияти мактаб бо китоб ва ё ташаккурнома тақдиронидан хонандаро ба азхудкунии илму дониш рағбатнок мекунад.
Чунин ҳаракат ғайр аз омӯзиши дарси маънавият ба омӯзиши дарс ва корҳои беруназсинфии мактаб замина ҳозир менамояд. Ин омилест, ки ба натиҷабахшии сифати таълиму тарбияи насли наврас хидмат менамояд. Чунки ҳар як хонандаи мактаби таҳсилоти умумӣ ба  эътибору эътирофи атрофиён ва омӯзгораш ниёз дорад.

Ҳотамалӣ РАҲМАТОВ, 
омӯзгори мактаби рақами 11-уми ноҳияи Сӯхи 
вилояти Фарғона.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: