ЭЪТИБОРИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ҲУКУМАТ МОРО РӮҲБАЛАНД МЕСОЗАД

Ба депутатшавиам ҳанӯз вақти зиёд нагузаштааст.

Ба депутатшавиам ҳанӯз вақти зиёд нагузаштааст. Инак, шаш моҳ мешавад, ки ба сифати депутати Шӯрои ноҳия дар ҷамъомадҳо ширкат мекунам, ҳарфи дигаронро мешунавам ва гоҳо фикру мулоҳизаҳоямро дар миён мегузорам. 
Аммо як чӣ мусаллам аст, ки  тӯли 28 сол бори аввал мебинам, ки ба Сӯх меҳмонҳои воломақом ташриф меоваранд. Фикр мекунам, ки ин ташрифҳо ба иҷрои корҳои зиёд мусоидат хоҳанд кард ва дар самтҳои гуногуни ноҳияи Сӯх тағйироти зиёд ба вуқӯъ хоҳанд пайваст.
Баъди ҳодисаҳои 31 май Сарвазири мамлакат Абдулло Арипов бо як қатор вазирону роҳбарони идораҳои ҷумҳурӣ ба ноҳияи мо ташриф оварданд. Рӯзмарра бо мардум мулоқотҳои рӯ ба рӯ анҷом дода мешаванд, мушкилоту муаммоҳо мавриди баррасӣ қарор мегиранд. 
Дар ҷамъомади хосе, ки таҳти раёсати А.Арипов баргузор гардид, дар радифи фаъолон, депутатҳои Шӯрои ноҳия ва намояндагони хоҷагиҳои фермерию соҳибкорӣ як гурӯҳ роҳбарони вазоратҳову идораҳо ширкат карданд.
Мардум аз чунин ҳусни таваҷҷӯҳ хеле хурсанданд. Зеро  ин ҳусни таваҷҷӯҳи Президенти мӯҳтарам Шавкат Мирзиёев ба ноҳияи дурдасти мо мебошад. Ин маъниро Сарвазир низ зимни суханронӣ дар ҷамъомади васеъ чанд бор таъкид намуд. Гуфт, ки чанд муддат аз назари эътибор дур мондани ноҳияи Сӯх ҳақиқати ҳол аст ва онро наметавон бидуни эътироф гузошт.
Баъд аз депутатҳову фаъолони ноҳия хоҳиш кард, ки фикру ақидаҳояшонро баромада ошкоро бигӯянд. Дар бораи тафсилоти ин ҷамъомад ва масъалаҳои мавриди муҳокимаи он таваққуф намекунам. Танҳо қайд карданим, ки аз мо тақозо гардид барои таъмини суботу барқарорӣ сару бар шавем ва мардумро ба сулҳу оромиш даъват намоем. Зеро ҳамаи масъалаҳои пешниҳодшударо мутахассисон омӯхтаву ҳаллу фасл мекунанд.    
То ҳодисаи мазкур мешунидем, ки барои ба ноҳияи Сӯх ташриф овардани роҳбарони идораҳои давлатӣ зарурате пеш наомадааст. Аммо имрӯз ҷомеаи кишварамон хабар дорад, ки чаро мардуми мо садо баланд мекунанд ва дар ниҳояти кор он барои сар задани нооромӣ ва эътирозоти мардум сабаб шудааст. Аммо беҳуда намегӯянд: “Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ бояд кард”.
Чанд рӯз пеш саргарми коре будам, ки аз ҷониби дарвоза овозе шунида шуд. Касе “домулло, ҳастед?” гӯён маро сӯроғ мекард. Баромада бинам,  паси дарвоза раиси ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Ҳушёр Мирзоамин Ифтихонов.
– Ҳозир аз ҳокимияти ноҳия хабар доданд, ки ба деҳаамон раиси Палатаи савдову саноати ҷумҳурӣ Адҳам Икромов меояд ва бо  мардуми мо мулоқот мегузаронад. Биёед, ҳамроҳ равему он касро истиқбол гирем, – хоҳиш кард ӯ.
Фавран бо раис ба идораи ҷамоат омадем. Дарҳақиқат, одамони зиёд ҷамъ омада буданд. Мо бо фаъолон маслиҳат кардем, ки кадом масъалаҳоро бояд дар миён гузошт.
Адҳам Икромов ҳамроҳи мо хеле самимона суҳбат кард. Гуфт, ки масъалаҳои умдаву ҳаллашон ногузирро ба вай муаррифӣ кунем.
– Солҳост, ки мардуми ҷамоатҳои Ҳушёр, Қақир ва Себзор аз оби ошомиданӣ мушкилӣ мекашанд. Агар барои аз зери замин кашидани оби нӯшокӣ ҳукумат мусоидат кунад, мардум хеле хурсанд хоҳанд шуд. Ҳамчунин ба чаҳор насоси обкашӣ ниёз дорем, ки барои обёрии кишти зироат ва боғ заруранд, – гуфт раиси ҷамоат ба Адҳам Икромов. 
– Масъалаи якум марбути Вазорати хоҷагии коммуналӣ мебошад ва аз се нуқта кашидани обро ин идора ба зимма мегирад. Аммо насби насосҳои обкашӣ ба Вазорати хоҷагии об ва масъалаи таъмини нерӯи барқ ба идораи ҳудудии барқ мутааллиқ аст. Фикр мекунам, ки дар ҳалли ин масъала низ ягон мушкилот  нахоҳад шуд, – иброз дошт Адҳам Икромов.
Вай афзуд, ки дар се ҷамоати шаҳрвандон ҳамагӣ як боғчаи бачагона фаъолият мекардааст, ки он дар ин шароит кофӣ нест. Вай тазаккур дод, ки ин масъаларо Вазорати муассисаҳои томактабӣ ҳаллу фасл мекунад, аммо ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакон ва таъмини онҳо бо се маҳал хӯроки гарм пардохти бадалҳоро тақозо мекунад, ки мардум аз ин тарафи кор бояд огоҳ бошанд. Агар боғчаҳои иловагӣ бо усули давлативу шарикӣ сохта шаванд, ба мақсад мувофиқ аст.
Баъд Адҳам Икромов шуъбаи бемориҳои сироятиро аз назар гузаронд. Маълум шуд, ки таъминоти он бо таҷҳизоти тиббӣ аз масъалаҳои ҳаллашон ногузир маҳсуб меёбад. Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ӯро огоҳ кардем, ки чанд маротиба сӯхтор ба амал омад, аммо то аз маркази ноҳия расидани мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ баъзе хонаҳо сӯхта хокистар шуданд. Барои ҳамин агар дар ин минтақаи ноҳия як бахши шӯъбаи сӯхторхомӯшкунӣ ташкил карда шавад, ба манфиати кор мебошад. 
Адҳам Икромов ваъда дод, ки ин масъаларо низ бо мутасаддиён матраҳ мекунад ва барои ҳалли он муосидат менамояд. Баъди боздид аз бинои дуошёна, ки соҳибкор Асқаралӣ Болтаев бо 177 миллион сӯм харидааст, машварат дод, ки кушодани сехҳои қолинбофӣ, атласу адрасбофӣ ва дӯзандагӣ коҳиши теъдоди бекорон дар се ҷамоати шаҳрвандонро таъмин хоҳад кард.  
– Агар ин биноро бо дастгоҳҳои зарурӣ таъмин кунем, занону духтарони зиёд ба кор таъмин мешаванд ва дар муддати як сол пули хариди ин бино ҷуброн мешавад. Он гоҳ ашёи хом – пилла бевосита дар ҳамин ҷо коркарду мавриди истифода қарор мегирад, – изҳор кард Адҳам Икромов.
Баъди ба Сӯх омадани раиси Палатаи саводову саноат  боз якчанд вазирону роҳбарони идораҳо аз Тошканд меҳмони мо шуданд, бо мардум суҳбату мулоқот доир намуданд. Аз ҳисоби квотаҳои ҷудошуда ҷавонони ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳои мо низ ба донишгоҳҳо фаро гирифта хоҳанд шуд, зеро ояндаи мо дар дасти онҳост.

Қодирҷон АМИРБЕКОВ,
депутати Шӯрои ноҳияи 
Сӯхи вилояти Фарғона.  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: