Дар соли 2021 яке беҳтарин ҳадяҳо барои сокинони кӯҳистони Нурато китоби «Гули санг» буд.
Аз ҳиммат аст ҳар кӣ ба ҷое
расидааст,
Бе болу пар ба олами боло
паранда кист?
(СОИБ)
Дар соли 2021 яке беҳтарин ҳадяҳо барои сокинони кӯҳистони Нурато китоби «Гули санг» буд. Ин дастоварди адабӣ намунаҳоро аз ашъору асарҳои насрии адибони шинохтаи ёздаҳ деҳаи тоҷикнишини кӯҳистонро фаро мегирад. Бешак, маҷмӯаи мазкур барои хурду калон, донишомӯзон, донишҷӯён ва пажӯҳишгарони соҳаи адабиёт ба сифати манбаи боарзиши адабию бадеӣ ва рӯшангарӣ хидмат мекунад. Мураттиби китоби мазкур Юнуси Имомназар ва муҳаррири он доктори фалсафа доир ба илмҳои филология Олим Давлатзода аст.
Вале пурсиш инҷост, ки чунин як маҷмӯаи дастҷамъӣ аз кадом ҳисоб ба чоп расидааст? Вақте ки дар айёми мо табъу нашр ва интишори китоб аз ҷумлаи мушкилҳои асосӣ ба шумор меравад, чӣ касе барои ин гуна кори хайру савоб ҳиммат намудааст? Мо дар поёни китоби «Гули санг» мехонем: «Пас аз он ки инсони соҳибкор ва олиҳиммату дурандеш Ҷамоли Орзумурод (Халилов) аз олам чашм мепӯшад, аҳли оилаи ӯ бо сарварии фарзандони некухислат ва вафодораш – Хайём ва Ҷалол камари ҳиммат баста, ба хотири зинда ва ҷовидон нигаҳ доштани рӯҳи падари бузургвори худ сандуқи хайрияи хусусии «Мероси Ҷамол»-ро таъсис медиҳанд. Ҳар сол аз ҳисоби ин сандуқ амалҳои хайру эҳсон анҷом меёбад ва нишастҳои ёдбуд доир мегардад. Аз ҷумла, дасти ёрӣ дароз кардан ба хонаводаҳои камбизоат, баргузор намудани бозиҳои миллӣ, ба мисли гӯштин, пойга, футболу волейбол, ҳиммат гузоштан дар корҳои ободонӣ ва навсозии рустоҳои кӯҳистони Нурато ба расм даромадааст. Инак, дастоварди имсолаи фарзандони саховатманд китоби пурмуҳтавое гардид, ки хонандаи азиз дар даст дорад».
Оре, саховат ва дарёдилии фарзандони олиҳиммати шодравон Ҷамоли Орзумурод, ба хусус, ҷавони соҳибкор Ҷалоли Ҷамол, ки ҳоло ба унвони мудири омили намояндагии «Мерседес Бенс»-и Олмон дар Аморати Муттаҳидаи Араб кор мекунад, беқиёс аст. Боиси хурсандист, ки Ҷалол пас аз чопи «Гули санг», имсол дубора ба корҳои савоби дигар эҳтимом варзид. Ин ҳиммати ӯ бори дигар мардуми кӯҳистон, бештар аз ҳама, аҳли деҳаи Эҷро ба ваҷд овард ва шоду масрур сохт.
Пӯшида нест, ки дар ҳар диёре қабристон ҳамчун ҷойи муқаддас хонда шудааст. Дар ин «манзили хомӯшон», ки бо номҳои гӯристон, мазористон, оромистон низ ёд мешавад, фавтидагонро дар гӯр мегузоранд ва пайваста дар домани он саҷда ва қабри азизонро тавоф мекунанд. Поку покиза ва обод нигаҳ доштани ин макони охират, аз зери по шудан ҳимоя кардани он қарзи муқаддаси сокинони маҳал ба шумор меравад. Аз ҷумла, дар деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато ба ягона гӯристони калон, ки бо хонақоҳи маъруфи «Шайх Довуд», хокҷойҳои «Қозӣ Тоҳирӣ», «Арбобӣ», «Шоҳигӣ», «Чалмагӣ», «Муллоӣ», айвони пазироӣ ва дарвозаи мунаққаши худ муътабар ва диданӣ аст, эҳтиром ва эътиқод меварзанд. Дар обод нигаҳ доштани ин гӯристон аҳли деҳа ба таври сарҷамъ саҳм мегузоранд. Чандин сол сарсабзию хуррамии онро инсони баорият ва савобҷӯ, махсум Аҳмади Нурназар (рӯҳашон шод бод) ба уҳда дошт. Дарахтҳои коштаи эшон имрӯз ҳам давр то даври гӯристон ҷавона мезананд. Ғайр аз ин, хонақоҳи «Шайх Довуд» аз тарафи фарзанди хайрандеши деҳа Бародар Мустафозода тармиму обод гардид ва ҳоло ин иморат бо нақшҳо ва гунбази ҷилодори худ аз созаҳои беҳтарини суннатӣ дар кӯҳпоя ба шумор меравад.
Солҳои охир ба мушоҳида расида буд, ки қабристони Эҷ аз назари эманӣ вазъи ноҷӯр дорад. Билхосса, ҳисори даври он хароб гардида, баъзан гӯристон дар зери пойи чорво мемонд. Гарчи ин муаммо ҳар як сокини деҳаро ба хавотир меовард, имкони ҷамъ кардани маблағи кофӣ вуҷуд надошт. Хушбахтона, масъалаи мазкур таҳти сарпарастии Ҷалоли Ҷамол ҳаллу фасл гардид. Ӯ ҳамроҳи бародари худ Хайём аз маҳалли сандуқи хайрия сохтусози бештар аз сӣ метри ҳисори даври гӯристонро пурра ба зимма гирифта, маблағи лозимаро фароҳам оварданд. Дар натиҷа, гирди қабристон пурра баста шуд, ки дар ҳашари он таҳти роҳнамоии Хушвахт Маликзода чанд тан ҷавони деҳа ва муаллимони фидокор низ саҳм гузоштанд.
Ҷойи зикру ситоиш аст, ки ҳамзамон бо ин кори хайр, айвони пазироии қабристони Эҷ ҳамчунин бозсозӣ ва тармим гардид. Ин кори савоб бо сармоягузории ҷавони дигари олиҳиммат, фарзанди адабиётшиноси фақид Ҷалили Орзумурод – Фаррухҷон ба сомон расонида шуд.
Бар замми ин, Ҷалоли Ҷамол аз мактаби зодгоҳаш низ ёрии хешро дареғ надошт. Фурсатро ғанимат шумурда, барои донишомӯзон даҳ даст либоси варзишӣ ва як дастгоҳи баландгӯйи замонавӣ ҳадя намуд, ки далели ҷавонмардии ӯст.
Бошад ки ин гуна корҳои хайру савоб идома пайдо кунад, ҷавонони сарватманди саховатманд ҳиммати худро дареғ надоранду мардум ба имкониятҳои бештар комёб гашта, бо чунин фарзандони азиз ифтихор намоянд. Ба гуфтаи шоир Ибни Ямин:
Ҳиммат баланд дор, ки назди
Худову халқ,
Бошад ба қадри ҳиммати ту –
эътибори ту!
Нозили ҚАҲРАМОН,
омӯзгори мактаби рақами 43,
ноҳияи Нуратои
вилояти Навоӣ.