23 апрел маросими тантанавии супурдани эътиборномаҳои сафирони фавқулодда ва мухтори давлатҳои хориҷии дар кишвари мо навтаъиншуда баргузор гардид.
23 апрел маросими тантанавии супурдани эътиборномаҳои сафирони фавқулодда ва мухтори давлатҳои хориҷии дар кишвари мо навтаъиншуда баргузор гардид.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев эътиборномаҳоро аз сафирони Ҷумҳурии Мардумии Бангладеш Муҳаммад Заҳангир Аълам, Ҷумҳурии Чехия Ватслав Йилек, Ҷумҳурии Мисри Араб Амира Фаҳмӣ, Шоҳигарии Ҳошимиёни Урдун Демия Зуҳайр Ҳаддод, Ҷумҳурии Туркия Олган Бекар, роҳбари ҳайати Иттиҳоди Аврупо Шарлотт Адреан ва сафири Федератсияи Русия Олег Малгинов пазируфт.
Дар оғози чорабинӣ роҳбари давлати мо сафирони навтаъиншударо бо ибтидои вазифаи дипломатиашон дар ҷумҳурӣ самимона муборакбод кард.
Тавре ки таъкид гардид, Ӯзбекистон ба рушди мулоқоти конструктивӣ, вусъат додани ҳамкориҳои муфиди тарафайн ва ҳамкориҳои амалӣ бо кишварҳои хориҷӣ ва сохторҳои байналхалқӣ эътибори муҳим медиҳад.
Бартарияти дигаргуниҳои демократӣ, ки татбиқ мегарданд, барнома ва лоиҳаҳои стратегие, ки амалӣ мешаванду ба пойдории Ӯзбекистони нав нигаронида шудаанд, махсус зикр гардиданд.
Паси сар сохтани оқибатҳои пандемия ва таъмин кардани рушди устувори иҷтимоиву иқтисодӣ, дастгирии нишонадори тамоми табақаҳои аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати ҳаёт, ташаккул додани нуқтаҳои нави пешрафти дарозмуҳлат ва таъмин намудани рақобатбардории ҷаҳонии давлати мо дар маркази эътибор қарор дорад.
Сарвари Ӯзбекистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати хориҷӣ сухан ронда, таҳкими мустақими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳамкории бисёрҷанбаро бо кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва давлатҳои пешқадами ҷаҳон таъкид намуд.
Ҳоло бо саъю кӯшишҳои муштарак ҳамкориҳои тарафайн дар соҳаҳои савдо, сармоя ва инноватсияҳо, технологияҳои рақамӣ, «иқтисодиёти сабз», нақлиёт, транзит ва логистика, молия, тиб ва бисёр ҷанбаҳои дигар вусъат пайдо мекунанд.
Баробари ин Ӯзбекистон мулоқоти наздик ва робитаҳои бисёрҷонибаро дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, ИДМ, ШҲС, Созмони ҳамкории исломӣ, Шӯрои туркӣ ва сохторҳои дигари бонуфуз дастгирӣ менамояд, ҳамчунин шарикиро бо идораҳои ҷаҳонии молиявӣ беҳтар мекунад.
Роҳбари давлати мо ба пешомади ҳамкориҳои васеъмиқёс ва дарозмуҳлат бо кишварҳое, ки сафирони навтаъиншуда аз онҳо намояндагӣ мекунанд, таваққуф намуд.
Бангладеш шарики муҳими мо дар Осиёи Ҷанубӣ ба шумор меравад, халқҳои бародари моро маънавияти умумӣ ва суннатҳои маданӣ, дини муқаддасамон таърихан вобаста мекунанд.
Муҳимияти мунтазам баргузор шудани машваратҳои дуҷонибаи сиёсӣ, пурзӯр гардидани кооператсия дар соҳаи бофандагӣ, самтҳои доруворӣ, хоҷагии қишлоқ ва ғайра зикр гардид.
Ҳарду мамлакат барои куллан беҳтар кардани савдои тарафайн ва зиёд намудани миқдори сайёҳон тамоми имкониятҳоро доранд. Ба ин мақсад ба роҳ мондани робитаҳо ва куллан ба кор андохтани имкониятҳои Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ зарур мебошад.
Ҷумҳурии Чехия шарики муҳим ва пешомадноки мо дар Аврупо ба шумор меравад. Сарвари Ӯзбекистон рушди муттасили муносибатҳои дуҷонибаро тӯли солҳои охир бо қаноатмандӣ таъкид намуд. Бо вуҷуди пандемия табодули моли байни кишварҳои мо соли гузашта се баробар афзуд ва аз 500 миллион доллар гузашт.
Ташаккул додани маҷмӯи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои технологияи олӣ ва инноватсионӣ, саноати автомобилӣ, мошинсозии кишоварзӣ, энергетика, тиб, таълим ва сайёҳӣ ба сифати вазифаҳои асосӣ муайян карда шуданд. Ин ба ташаккул додани рӯзномаи амалиёт барои вохӯриҳои оянда дар сатҳи олӣ хизмат мекунад.
Президенти Ӯзбекистон ба сафири Миср муроҷиат карда таъкид сохт, ки ҳоло муносибатҳои дуҷониба ба дараҷаи сифатан нав бардошта шудаанд.
Натиҷаҳои сермаҳсули сафари таърихии Президенти Миср Абдулфаттоҳ Ас-Сисӣ ба мамлакати мо, ки моҳи сентябри соли 2018-ум ба вуқӯъ пайваст, ба ин мусоидат карданд.
Пешниҳод гардид, ки иқтидорҳои зиёди ҳанӯз истифоданашудаи ҳамкорӣ самарабахш ба роҳ монда шаванд, аз ҷумла механизмҳои идоравии ҳамкориҳои тарафайн фаъол гарданд.
Ба татбиқ сохтани лоиҳа ва барномаҳои мушаххас дар соҳаҳои хоҷагии қишлоқ, саноати бофандагӣ, доруворӣ, савдо, сайёҳӣ, таълим ва ғайра эътибори махсус дода шуд.
Амиқ омӯхтан ва пешбурди ғояву суннатҳои исломи бамаърифат ҳамчун яке аз самтҳои асосӣ муайян карда шуданд.
Роҳбари давлати мо муҳимияти рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаро бо Урдун – шарики қарин ва муътамади Ӯзбекистон таъкид сохт.
Барои фаъолтар кардани робитаҳои шарикӣ бояд асоси зарурии ҳуқуқӣ ташаккул дода шавад, савдо, кооператсия ва алоқаҳои соҳибкорӣ ба роҳ монда шаванд, барномаи табодули маданиву инсонпарварӣ таҳия гардад.
Ғайр аз ин мулоқоти наздик ва дастгирии тарафайн дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории исломӣ ва дигар идораҳои бонуфузи байналхалқӣ идома меёбанд.
Президенти Ӯзбекистон ба дараҷаи кунунии муносибатҳои шарикии стратегӣ бо Туркия, ки ба шарофати робитаҳои мунтазам ва самарабахш дар сатҳи олӣ ба даст омадаанд, баҳои баланд дод.
Алҳол мулоқоти муътамади сиёсӣ ба роҳ монда шудааст. Бо вуҷуди пандемия мубодилаи фаъоли ҳайатҳо идома дорад. Аз ҷумла, моҳҳои охир ҳайатҳо бо сарварии вазирони корҳои хориҷӣ ва савдои Туркия аз ҷумҳурии мо боздид ба амал оварданд.
Бо иштироки ширкат ва банкҳои пешқадами туркӣ лоиҳаҳои бузурги тиҷоратӣ, сармоявӣ ва инфрасохторӣ татбиқ мегарданд. Робитаҳои байниминтақавӣ ба роҳ монда шудаанд, барнома ва чорабиниҳои муштарак дар соҳаҳои таълим, маданият ва кино бомуваффақият гузаронида мешаванд.
Ба ҳамоиши пешистода – ҷамъомади навбатии Шӯрои туркӣ дар Истанбул ва сафари расмии Президенти Туркия Реҷеп Тайиб Эрдуғон ба Ӯзбекистон тайёрӣ дида мешавад.
Иттиҳоди Аврупо чун анъана ба сифати шарики муҳими стратегии кишвари мо амал мекунад.
Солҳои охир ҳамкории бисёрҷанбаи байни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки ба равандҳои баробарҳуқуқ, эҳтиром ва эътимоди тарафайн такя мекунанд, қувват мегирад.
Ҳаводории ҳамаҷонибаи шарикони аврупоӣ аз тағйироти демократие, ки дар ҷумҳурӣ татбиқ мешаванд, ҳамчунин аз ислоҳоти иқтисодӣ ва ҷараёнҳои трансформатсия махсус таъкид шуд. Ба кишвари мо дода шудани мақоми бенефисиари Низоми генералии сабукиҳои Иттиҳоди Аврупо дар муносибатҳои дуҷониба ба сифати комёбии муштарак ва дастоварди муҳим зикр гардид.
Ҳоли ҳозир гуфтушунидҳои муттасил бинобар лоиҳаи Муоҳида дар бораи шарикӣ ва ҳамкории васеъ идома доранд. Мулоқоти сермаҳсул дар шаклҳои «Ӯзбекистон – Иттиҳоди Аврупо» ва «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» инкишоф меёбанд.
Изҳори бовар карда шуд, ки чорабиниҳои пешбинишуда дар сатҳи олӣ барои пешбурди муносибатҳои бисёрҷанбаи ӯзбекистониву аврупоӣ дар даврони куллан нав имкон медиҳанд.
Тавре ки Президенти кишвари мо таъкид намуд, шарикии стратегӣ ва иттифоқии Ӯзбекистону Русия ба дараҷаи бағоят баланд расид.
Ба шарофати саъю кӯшишҳои муштарак ва дастгирии тарафайн бинобар тамоми самтҳои ҳамкории тарафайн пешрафти бузург мушоҳида мегардад.
Дар соҳаҳои савдо, сармояҳо, энергетика, саноат, филизот, кишоварзӣ, нақлиёт, инфрасохтор, сектори бонкиву молиявӣ, таълим, нигаҳдории тандурустӣ, фарҳанг, сайёҳӣ ва бисёр ҷанбаҳои дигар лоиҳаву барномаҳои бузург татбиқ мегарданд. Намоишгоҳи байналхалқии «Иннопром», ки ба қарибӣ дар Тошканд гузаронида шуд ва бори аввал берун аз ҳудудҳои Русия баргузор гардид, бори дигар иқтидорҳои азим ва имкониятҳои ҳамкориҳои васеъмиқёсро намоиш дод.
Ғайр аз ин мулоқоти муфиди тарафайн дар доираи ИДМ, СҲШ, Иттиҳоди иқтисодии Авроосиё ва дигар сохторҳои байналхалқӣ амиқтар мешаванд.
Таъкид шуд, ки ҳоли ҳозир ба ҳамоиши пешистодаи президентҳо Шавкат Мирзиёев ва Владимир Путин дар Маскав, ки бояд оғози давраи нави таърихӣ дар рушди муносибатҳои дуҷонибаи стратегӣ ва иттифоқӣ гардад, тайёрии ҷиддӣ дида мешавад.
Дар хотима сарвари мамлакати мо ба сарони намояндагиҳои дипломатӣ бобати татбиқ сохтани вазифаи масъулу пуршарафи онҳо бинобар таҳким бахшидан ба риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкории бисёрҷанба бо Ӯзбекистон самимона комёбиҳо орзу намуд.
Ҳамчунин суҳбати кӯтоҳи Президенти Ӯзбекистон бо сафирони навтаъиншуда баргузор гардид.
Дипломатҳо барои пазироии гарм, шароитҳои фароҳамовардашуда баҳри фаъолияти сермаҳсули онҳо миннатдорӣ баён карданд, ҳамчунин қайд намуданд, ки барои рушди ҳамаҷонибаи робитаҳои тарафайн тамоми нирӯву иқтидори худро сафарбар менамоянд.
ӮзА.