ЭЪТИМОД БА ҲАРБИЁН ЗИЁД МЕГАРДАД

Яке аз муҳимтарин вазифаҳои мо нигоҳ доштани бехатарӣ ва осоиштагии мардум мебошад.

Ҳоло вазъи сиёсии баъзе мамлакатҳо моро водор месозад, ки ҳар рӯзу ҳар лаҳза ҳушёриро аз даст надиҳем. Туфайли ин неъмати бузург рушди ҳамаҷонибаи мамлакат дастрас хоҳад шуд. Масъалаи сулҳу осоиши мамлакат қариб ки дар ҳамаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқиву меъёрӣ, маърӯзаҳои роҳбари давлат,  аз ҷумла, Фармони Президент «Дар бораи стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав барои солҳои 2022-2026» ба миён гузошта шудааст.
Тавре ки маълум аст, истиқлолияти ҳар як мамлакат, осоиштагиву озодии ҳар шаҳрванд аз тарафи артиши милливу Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҳифз карда мешавад. Мамлакате, ки ба чунин масъалаи хеле муҳим эътибори ҷиддӣ медиҳад, истиқлолият ва осоиштагии мардумро ҳифз карда метавонад, нашъу нумӯъ мекунад.
Дар нишасти матбуотие, ки бо ҳамкории Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, Котиби матбуоти Вазорати мудофиа, полковник Отабек Йӯлдошев гуфт, ки чандин даҳсолаҳост, ки доир ба таъмини устувори бехатарӣ ва мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии мамлакатамон ислоҳотҳои пайгирона ба амал татбиқ мегарданд. Яке аз мушкилоти ҷиддии соҳа масъалаи кадрҳо буд. Таҳти сарварии роҳбари давлат барои ҳаллу фасл намудани ин мушкилот роҳи пурра ислоҳ намудани соҳаи таълими ҳарбӣ пеш гирифта шуд. 
Дар ҷамъомад оид ба саволе, ки оё дар ин соҳа иллатҳое мисли ришвахӯрӣ, ки ба рушди мамлакат монеъ мешавад, вомехӯранд ё на, ҷавобан гуфта шуд, ки ҳоло бар зидди коррупсия ходимони соҳа яз як гиребон сар бароварда, саъю кӯшиш менамоянд, ки онро батамом решакан кунанд. Аз ҷумла, телефонҳои боварии вазорат шабу рӯз дар хидмат аст. 
Ба ҷуз ин, имтиҳоноти дохилшавӣ низ такмил дода шуд. Дар навбати аввал ҳуҷҷатҳои ҷавононе, ки хидматчии ҳарбӣ шудан мехоҳанд, пурра омӯхта мешавад, баъд аз санҷидани омодагии ҷисмониву психологӣ, мутахассисон онҳоро аз назорати дақиқи тиббӣ мегузаронанд. 
Ҳарбиён рӯзҳои истироҳаташонро низ бо мутолиаи китоб ё машғулотҳои варзишӣ мегузаронанд, ки барои онҳо аз фоида холӣ нест.
— Полигонҳое, ки дар ҳудуди округҳои ҳарбӣ ба истифода супурда шудаанд, ҷавобгӯйи андозаҳои байналхалқӣ мебошанд, – гуфта шуд дар анҷумани матбуотӣ. – Ба ҷуз иштирок дар чорабиниҳои бонуфуз, ҳарбиён бо корҳои рӯзмарраи худ машғул мешаванд. Самараи чунин машғулотҳост, ки сержантҳои хурди Вазорати Мудофиаи Ӯзбекистон Абдурасул Туйғунов ва Абдумалик Абдураҳмонов дар мусобиқаи «Ҷанговари пешқадам – 2022», ки дар пойгоҳи хониши ҳарбии «Camp Shelby» дар штати Миссисипии ШМА баргузор шуд, бомуваффақият иштирок намуда, нафақат ғолибиятро ба даст дароварданд, балки аз рӯйи 3 самти он рекорд гузоштанд.
Аз дастовардҳои мазкур ба хулосае омадан мумкин аст, ки тақдири Ватани азиз ва шаҳрвандони он имрӯз дар дасти ҳарбиёни далеру шуҷоъ аст.

Н. НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: