ЭЪТИМОДИ МАРДУМ БА ОЯНДА МУСТАҲКАМ, САЪЮ КӮШИШИ ЗИСТУ ЗИНДАГИИ БЕҲТАР ПУРЗӮР МЕГАРДАД

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои бо корҳои бунёдкорӣ ва ободонии маҳалҳо, ҷараёни ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ, татбиқшавии лоиҳаҳои бузург шинос шудан, ҳамчунин мулоқот бо халқ 19-20 май ба вилояти Андиҷон сафар кард.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои бо корҳои бунёдкорӣ ва ободонии маҳалҳо, ҷараёни ислоҳоти иҷтимоиву иқтисодӣ, татбиқшавии лоиҳаҳои бузург шинос шудан, ҳамчунин мулоқот бо халқ 19-20 май ба вилояти Андиҷон сафар кард.
Президент дар ҷараёни сафараш ба вилоят, ки 2-3 июни соли 2017 ба вуқӯъ омада буд, бо рафти рушди иҷтимоиву иқтисодии минтақа шинос шуда, бобати татбиқ сохтани як қатор лоиҳаҳои пешомаднок супоришҳо дода буд. Дар давраи сипаришуда дар самти мазкур корҳои зиёд иҷро шуданд.
Дар чаҳорчӯбаи барномаи барои солҳои 2017-2018, ки баъд аз сафари соли гузашта ба вилоят андешида шуда буд, дар соли 2017-ум дар минтақа беш аз се ҳазор лоиҳаҳои арзиши умумиашон 1,5 триллион сӯмина амалӣ шуданд. Дар пешрафти иҷтимоиву иқтисодии вилоят натиҷаҳои бузург ба даст омаданд. Аз ҳама муҳимаш эътимоди мардум ба оянда, саъю кӯшиш ва хоҳиши онҳо ба зисту зиндагии беҳтар мустаҳкам мегардад, ки натиҷаи муҳими ислоҳоти дар мамлакат татбиқшудаистода ба шумор меравад.
Дар ҷараёни сафари роҳбари давлат ба вилояти Андиҷон ба иҷрои супоришҳои мазкур эътибори махсус дода шуд. Масъалаҳои татбиқсозии лоиҳаҳои азим, ки ба рушди минбаъдаи вилоят, шинос шудан бо талабот ва хоҳиши аҳолӣ, мушаххас кардани нақшаҳо барои пешомад нигаронида шудаанд, дар маркази эътибор қарор доштанд.
Соли гузашта Президент бо лоиҳаи созмон додани корхонаи «Milana textile» оид ба истеҳсоли маҳсулоти бофандагӣ дар деҳаи Хоқони ноҳияи Андиҷон шинос шуда буд.
Мувофиқи қарори Президент «Дар бораи чораҳои рағбатноксозии минбаъдаи аз ҷониби соҳибкорон истифода шудани майдонҳои истеҳсолӣ» аз 23 феврали соли 2017 ба корхона бо арзиши «сифрӣ» як гектар замин, бинои сохтмонаш нотамом дар деҳаи Хоқон бо шарти сармоягузорӣ дар ҳаҷми нӯҳ миллиард сӯм ва таъсис додани дусад ҷойи нави корӣ дода шуда буд. 
Корхона аз ҳисоби ду миллиард сӯм воми бахши вилоятии «Алоқабонк» ва маблағҳои худӣ дар ҳаҷми ҳафт миллиард сӯм бинои сеошёна бунёд кард ва онро мувофиқи талаби замон муҷаҳҳаз сохт. Таҷҳизоти замонавии дӯзандагии хориҷӣ, ки дар ин ҷо устувор карда шудаанд, ба афзудани ҳаҷми истеҳсолот ва беҳтар шудани сифати маҳсулот мусоидат карданд.
Дар ин ҷо беш аз 20 навъи маснуоти бофандагӣ барои занон ва кӯдакон истеҳсол мегардад, қисмати асосии маҳсулот барои содирот пешбинӣ шуданд. Аз ҳама муҳимаш, баъди ба истифода супурдани корхона зиёда аз дусад нафар занони ноҳия соҳиби ҷойи кори доимӣ гардиданд.
Дар ҳамин ҷо консепсияи барномаи «Ҳар як оила – соҳибкор» дар мисоли вилояти Андиҷон низ пешниҳод шуд. Вай ба фароҳам овардани манбаъҳои доимии даромад барои бекорони муваққатӣ аз тариқи омӯзондани соҳибкорӣ, ҳунармандӣ, фермерӣ ва хонакорӣ нигаронида шудааст.
– Андиҷон аз вилоятҳои бағоят сераҳолӣ ба шумор меравад. Барои бо кор таъмин кардани ҳатто як фоизи аҳолии маҳаллӣ як-ду корхона камӣ мекунад. Дар ин ҷо мардумро метавон танҳо аз тариқи соҳибкорӣ ва ҳунармандӣ қонеъ кард. Агар маблағ ҷалб карда, таҷҳизоти зарурӣ оварда, ба мардум тиҷоратро омӯзонем, онҳо метавонанд худро таъмин кунанд, маишати хешро ба роҳ монанд. Пас аз як сол маблағҳои гузошташуда дар ҳаҷми дукарата бармегарданд. Механизми иқтисодии дастгирии одамон, ба онҳо омӯзондани соҳибкорӣ бояд маҳз ҳамин тариқ амал кунад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Ҳангоми сафари соли гузашта ба вилояти Андиҷон Президент бобати татбиқ сохтани лоиҳаҳо оид ба истеҳсоли воситаҳои давоӣ супориш дода буд. Мувофиқи он дар ноҳияи Андиҷон аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Zamin Bio Health» корхонаи оид ба истеҳсоли инсулин ташкил гардид.
Корхонае, ки дар деҳаи Хартум ҷойгир шудааст, дар Осиёи Марказӣ ягона коргоҳест, ки метавонад соле даҳ миллион адад флакон инсулин истеҳсол кунад. 
То имрӯз инсулин аз хориҷ оварда мешуд. Баъди ба кор сар кардани завод воридоти доруи мазкур кам шуд, асъор сарфа гардид, беш аз он, инсулин бо нархи арзон фурӯхта мешавад. Чунончи, агар ҳоло нархи як флакон инсулин дар бозор 36 ҳазор сӯм бошад, корхонаи нав қодир аст ин воситаи давоиро бо қимати 20 ҳазор сӯм фурӯшад.
Дар корхона, ки арзиши лоиҳавиаш тақрибан 28 миллиард сӯмро ташкил медиҳад, таҷҳизоти замонавие, ки аз Олмон, Фаронса, Шветсария, Чин ва Ҳиндустон оварда шудаанд, устувор гардиданд.
– Ин лоиҳаи бағоят рӯзмарра ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим ба шумор меравад, – гуфт Шавкат Мирзиёев дар суҳбат бо роҳбарияти корхона. – Зеро бидуни дарёфти инсулин ҳаёти бемор метавонад таҳти таҳдид қарор бигирад, барои ин бошад ӯ моро ба беамалӣ айбдор хоҳад кард.
Президент бобати дастгирии давлатии истеҳсолгарони ватанӣ супориш дод, то ки онҳо қомат рост карда, дар бозор мақоми худро дарёбанд, ба ин истеҳсолгарон бинобар ба қайд гирифтани субстансияҳои давоӣ кӯмак бояд кард.
Дар ҳамин ҷо муаррифии лоиҳаи истеҳсоли антибиотикҳои хока дар ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Zamin Bio Health» ва нақшаҳои дигаре, ки ба рушди саноати дорусозӣ дар вилоят нигаронида шудаанд, баргузор шуданд.
19 май корхонаи ӯзбекистониву чинии «Andijon Silk.Co» дар ноҳияи Андиҷон маҷмӯи бузурги оид ба коркарди пилла ва истеҳсоли маҳсулоти тайёрро ба истифода супурд. Дар ин ҷо Президент Шавкат Мирзиёев тугмаи рамзиро пахш карда, ба фаъолияти он оғоз бахшид. Сипас бо корҳои иҷрошуда шинос гардид. 
Аз ҷониби иттиҳодияи «Ӯзбекипаксаноат», ки мувофиқи қарори роҳбари давлат аз 29 марти соли 2017-ум созмон дода шудааст, ба рушди муттасили соҳа, ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ, усулҳои нави озуқонидани кирми пилла, баланд бардоштани сифат ва ҳаҷми тайёркунии пилла дар пояи омӯзиши таҷрибаи пешқадами кишварҳои хориҷа, бо кори доимӣ таъмин кардани занон ва ҷавонон эътибори махсус дода мешавад.
Барои сохтмони корхонаи муштараки «Andijon Silk.Co» панҷ миллиард сӯм харҷ шуд. Дар ин ҷо таҷҳизоти дӯзандагиву бофандагии истеҳсоли чинӣ ба арзиши 2,1 миллиард доллар устувор гардид. 150 нафар бо кор таъмин шуданд. Дар нақша дошта шудааст, ки то охири сол миқдори кормандон ба сесад нафар расонда шавад. 
Баъди бо иқтидори пурра ба кор даромадани корхона дар ин ҷо имконияти коркарди соле сесад тонна пилла фароҳам меояд. Соли равон ба фурӯш баровардани 5,1 миллион доллар маҳсулоти  тайёр пешбинӣ шудааст.
– Алҳол дар тамоми ҷаҳон талабот  ба газвори босифати шоҳӣ зиёд мебошад. Соҳаи мазкур метавонад соле се бор даромад оварад. Яъне, мо бояд кирмакпарвариро инкишоф диҳем, тутзорро зиёд кунем, – гуфт роҳбари давлат. 
Дар ҳамин ҷо маросими муаррифисозии лоиҳаҳо бинобар истеҳсоли матоъ, маҳсулоти чарму пойафзор, маводи сохтмон, калоба ва газвор низ ба амал омад. 
Роҳбари давлат дар ҷараёни сафари порсолаи хеш ба вилояти Андиҷон бо лоиҳаи созмон додани гармхонаҳои замонавӣ дар ноҳияи Асака шинос шуда буд. Дар давраи сипаришуда аз ҷониби бахши ноҳиявии бонки «Асака» 1,5 миллион доллар маблағ барои татбиқ сохтани лоиҳа ҷудо карда шуд, ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Сабо ҳамкор» дар майдони 5,8 гектар ду гармхона бунёд карда, дар онҳо дар асоси гидропоника банан ва помидор парвариш мекунад. Дар ин ҷо таҷҳизоти ширкати «Asya Modem Serachilik»-и Туркия устувор карда шуданд.
Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Сабо ҳамкор» барои лоиҳа барилова 500 ҳазор доллар гузошт. Маҷмӯи арзиши умумиаш ду миллион доллар моҳи марти  соли равон сохта ба истифода супурда шуд.
Дар яке аз гармхонаҳое, ки як гектар майдон дорад, 25 ҳазор адад кӯчати помидор парвариш карда мешавад. Соли равон ният доранд, аз ин ҷо то сесад тонна помидор ҷамъ оварда, ба кишварҳои ҳамсоя содир кунанд. Дар гармхонаи дуввум, ки ду гектар майдон дорад, ҳамчун таҷриба панҷ ҳазор кӯчати банан парвариш карда мешавад. Дар мавсими аввал ҷамъ овардани 250-300 тонна ҳосил пешбинӣ шудааст. 
Президент гармхонаи бананпарвариро тамошо кард. Бобати вусъат додан, фароҳам овардани шароит барои коркард ва нигаҳдории маҳсулот, баланд бардоштани ҳосилнокии он тавсияҳо дод.
Ба роҳбари давлат бобати дар гармхонаҳо ҷорӣ кардани низоми идораи компутерии иқлими он маълумот доданд. Дар пояи технологияҳои замонавӣ ҳарорат, намнокӣ ва додани нуриҳои минералӣ аз тариқи автоматӣ танзим карда мешаванд.
Ҳамкорони туркиягӣ агрономҳоеро ҷалб намуданд, ки тамоми ҷараёни нигоҳубин: аз парвариш то ҳосилдиҳиро назорат мекунанд. Умуман гармхонаҳои инноватсионӣ имкон медиҳанд помидор ба ҷойи 2-3 моҳ дар 1-1,5 моҳ ҳосил диҳад, ҳамчунин дар ду сол се бор ҳосили банан ҷамъ оварда шавад.
Шавкат Мирзиёев зарурияти зиёд намудани ин гуна гармхонаҳоро, ки аз онҳо бо харҷи кам ҳосили бисёр рӯёндан мумкин аст, қайд кард.
– Бананҳоеро, ки ба кишвари мо ворид мешаванд, пеш аз пухтанашон ҷамъ меоваранд. Табиист, ки дар чунин бананҳо витамин ва ҷузвҳои ғизобахш кам мешаванд. Дар кишвари мо рӯёндани ин гуна меваҳои тропикӣ аз ҳар ҷиҳат муфид аст, зиёда аз он асъор сарфа мегардад, – гуфт Президент.
 Дар ҳамин ҷо муаррифии барнома ва лоиҳаҳое, ки ба рушди соҳаи аграрии вилояти Андиҷон дар солҳои 2018-2019 нигаронида шудаанд, низ ба амал омаданд.
Ба роҳбари давлат дар бораи лоиҳаҳои вобаста ба рушди чорвопарварӣ дар минтақа маълумот дода шуд. Соли равон бинобар татбиқ сохтани 40 лоиҳа зиёда аз 32 ҳазор тонна шир, 400 тонна гӯшт истеҳсол карда хоҳад шуд. 649 ҷойҳои корӣ фароҳам оварда мешаванд.
Дар ҷараёни сафари порсола ба вилоят Президент супориш дода буд, ки бахши андиҷонии Пажӯҳишгоҳи илмиву тадқиқотии хоҷагии ҷангал ташкил карда шавад. Ҳоли ҳозир дар ин бахш 9 нафар кор мекунанд, як қатор нақшаҳои пешомаднок бинобар рушди хоҷагии давлатии ҷангал дар вилоят андешида мешаванд. Агар соли 2016-ум барои рӯёндани маҳсулоти кишоварзӣ ҳашт гектар замини хоҷагии ҷангал истифода шуда бошад, соли равон ва солҳои минбаъда ин нишондиҳанда ба 830 гектар мерасад. Дар ноҳияҳои наздикӯҳӣ рӯёндани дарахтони писта, чормағз, нут, лӯбиё, таъсис додани ҷойҳои зиёди доимӣ ва мавсимии корӣ пешбинӣ шудааст.
Роҳбари давлат ба шахсони масъул бобати дар бахши бунёд барои рушди инноватсияҳо, дар вилоят ба роҳ мондани минтақаҳои иқтисодии оид ба парвариши шафран, марминҷон ва рустаниҳои дигари доруворӣ супоришот дод.
–Дар хоҷагии ҷангал бидуни инноватсияҳо даромад ба даст овардан мушкил аст, – гуфт Шавкат Мирзиёев. Бинобар ҳамин ҳам оид ба рушд додан ва дастгирӣ кардани инноватсияҳо дар хоҷагии ҷангали вилояти Андиҷон, ки барои се сол пешбинӣ шудааст, қабул кардани қарори махсус мувофиқи мақсад мебошад.
Соли равон дар 11 ноҳия ҳавзҳои нави масоҳаташон 300 гектар сохта мешаванд, ҳаҷми парвариши моҳӣ ба 450 тонна меафзояд. Ғайр аз ин парвариши моҳӣ мувофиқи технологияҳои чиниву ветнамӣ дар хоҷагиҳои наздиҳавлигӣ ва 1050 гектар майдони шолӣ ба роҳ монда мешавад.
Президент зарурияти таъмин кардани талаботи аҳолӣ ба гӯштро аз ҳисоби моҳипарварӣ ва мурғпарварӣ таъкид кард. Вазифа гузошта шуд, ки ҳаҷми тайёркунии моҳӣ камаш то ба 12-15 ҳазор тонна расонида шавад.
Ҳамчунин лоиҳаҳо оид ба баланд бардоштани ҳаҷми содироти маҳсулоти меваву сабзавот, нигоҳ доштан ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, ба роҳ мондани кластери дӯзандагӣ, истеҳсолоти бофандагӣ ва дӯзандагӣ баррасӣ шуданд.
Қайд гардид, ки татбиқи онҳо омили муҳими фароҳам омадани ҷойҳои корӣ, минбаъд афзудани даромади аҳолӣ хоҳад шуд. 
Президент аз ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Шаҳриобод»-и ноҳияи Улуғнор боздид ба амал оварда, бо корҳое, ки дар доираи барномаи «Обод қишлоқ» амалӣ мешаванд, шинос шуд, бо аҳолӣ суҳбат кард.
Алҳол маҳаллаи «Шаҳриобод» симои куллан нав дарёфт. Дар деҳаи аҳолиаш зиёда аз се ҳазор нафар боми 22 хонаҳои бисёрошёна куллан нав карда шуд, дар атрофи онҳо корҳои ободонӣ анҷом ёфтанд. Ба майдони 7,3 ҳазор метри мураббаъ хиштакҳо чида шуданд, роҳҳо чароғон гардиданд, нишастгоҳҳо гузошта, дар масофаи 1570 метр новаҳо кашида шуданд. Ғайр аз ин толори тӯй, дуконҳои кӯчак ва нуқтаҳои дигари хидматрасонӣ бунёд гардиданд.
Маркази «Баркамол авлод»-и ноҳия, мактаби рақами 20, муассисаи таълими томактабии рақами 3, ки дар маҳалла ҷойгир шудаанд, аз таъмири асосӣ баромаданд.
Роҳбари давлат дар суҳбат бо муйсафедон таъкид сохт, ки барномаи васеъмиқёси ободонии деҳот, ки дар мамлакат оғоз ёфт, ҳаёти шаҳрвандонро бо мазмуни нав сарпур месозад, одамонро хурсанд ва рӯҳбаланд менамояд, эътимоди онҳо ба фардо зиёд мегардад. 
– Боздиди мо аз вилояти Андиҷон, вохӯрӣ бо соҳибкорон ва аҳолӣ мазмуни амиқ дорад, мо барои ояндаи вилоят дар моҳи шарифи Рамазон нақшаҳо мекашем, – гуфт Шавкат Мирзиёев. – Бигузор корҳои мо дар ин рӯзҳои шариф ба андиҷониён ва тамоми халқи мо сериву пурӣ оварад, бигузор деҳоти обод бештар бошанд.
Худи ҳамон рӯз дар ҳокимияти ноҳияи Улуғнор бо иштироки фаъолони вилоят ва роҳбарони масъул ҷамъомад баргузор шуд.
Дар машварат, ки дар шакли видеоселектор гузашт, масъалаҳои таъсис додани ҷойҳои корӣ аз ҳисоби дарёфти манбаъҳои иловагӣ, такмил додани соҳаҳои таълим ва нигаҳдории тандурустӣ, таъмин кардани бо шуғл фарогирии ҷавонон баррасӣ шуданд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Шавкат Мирзиёев дар рӯзи дуввуми сафараш ба вилояти Андиҷон аз як қисми ҳарбии Округи шарқии ҳарбӣ боздид ба амал оварда, бо корҳое, ки баҳри иҷрои Доктринаи нави мудофиа амалӣ мешаванд, шинос шуд.
Дар қисмҳои ҳарбии мамлакати мо як қатор дигаргуниҳои ташкиливу сохторӣ амалӣ мешаванд, низоми аутсорсингии таомхӯрӣ ҷорӣ карда шуд, биноҳои таълимӣ, хобгоҳҳо, толорҳои варзишӣ ва майдонҳо мувофиқи талаботи замон таъмир мегарданд. Ин имкон медиҳад, ки хидматчиёни ҳарбӣ нирӯву ғайрати худро ба баланд бардоштани дараҷаи касбӣ ва тайёрии ҳарбии худ равона кунанд. 
Роҳбари давлат ба чӣ гуна бо варзиш машғул гардидани аскарон рағбат зоҳир кард.
– Ҳарбиёни мо бояд ҷисмонан пурқувват, руҳан матин, ҳамаҷониба бомаърифат, ворисони сазовори гузаштагони худ, фармондеҳони бузург чун Амир Темур, Ҷалолиддин Мангубердӣ бошанд, – гуфт Президент. – Барои ин онҳо баробари машғулиятҳои ҷисмонӣ бояд ҳар рӯз китоб хонанд, забонҳои хориҷиро аз худ кунанд, ҷаҳонбинии худро вусъат диҳанд. 
Барои баланд бардоштани маънавияти ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ рӯзҳои истироҳат дар ин ҷо бо олимону ҳунарпешагон вохӯриҳо гузаронида, барномаҳои саҳнавӣ ташкил карда мешаванд.
Шавкат Мирзиёев бо аскарон, намояндагони зиёӣ суҳбат кард. Дар вохурӣ зарурияти эътибори зарурӣ ба тайёрии маънавиву рӯҳии ҳайати шахсӣ, бо ин мақсад мустаҳкам кардани ҳамкорӣ бо зиёиён, тарғибгарони маънавият зикр шуд. Таъкид гардид, ки бояд кор бобати беҳтар намудани шароити ҳаёти хидматчиёни ҳарбӣ, бо манзил таъмин кардани онҳо тезонида шавад, фаъолияти секторҳои ҳарбиву маъмурӣ, ки дар маҳалҳо амал мекунанд, беш аз пеш такмил ёбад.
Дар ҷараёни сафараш ба вилоят Президент  ба корҳое, ки бинобар баланд бардоштани сифати ҳаёт дар шаҳри Андиҷон, таъмин кардани талаботи аҳолӣ ба манзил амалӣ мешаванд, рағбат зоҳир намуд.
Соли гузашта роҳбари давлат бо ҷараёни сохтмони панҷ хонаи ҳафтошёна дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Ӯзбегим»-и шаҳри Андиҷон шинос шуда, бобати ба мавзеи замонавӣ табдил додани он тавсияҳо пешниҳод карда буд.
Пештар дар ин ҷо собиқ заводи консерв ҷойгир буд, баъдан ин ҳудуд партов гардид. Баъди супоришоти Президент дар ин ҷо панҷ хона бунёд гардида, моҳи декабри соли 2017-ум онҳо ба соҳибонашон супурда шуданд. Дар ин ҷо ҳамчунин инфрасохтори зарурӣ бунёд гардид, нишастгоҳҳо устувор карда, майдончаҳои бозии бачагона, дуконҳои хурд, мағоза, нонвойхона, истгоҳи автомобилҳо сохта шуданд. 
Ҳоло ҳозир бинобар супориши роҳбари давлат дар мавзеи мазкур боз нуҳ хона, умуман дар шаҳр 14 манзили бисёрошёна сохта мешаванд. Онҳо моҳи сентябри соли равон бояд ба истифода супурда шаванд.
Дар маҳалла бунёди манзили бисёрҳуҷра, мактаб барои ҳазор хонанда, кӯдакистони дорои 280 ҷой, меҳмонхона, нуқтаҳои хидмати маишӣ пешбинӣ шудаанд. 
Президенти мамлакати мо бо дарназардошти аҳамияти масъалаи мазкур барои Андиҷон супориш дод, ки соли равон боз панҷ адад хонаҳои ҳафтошёна сохта шаванд.
– Ҳамин тариқ соли равон дар шаҳри Андиҷон 19 адад, солҳои наздик умуман 50 хонаи бисёрҳуҷра сохта мешаванд. Ин имкон медиҳад талаботи сокинони Андиҷон таъмин гардад, – гуфт Шавкат Мирзиёев. 
Дар ҳамин ҷо маросими муаррифии лоиҳаи нақшаи генералии Андиҷон то соли 2035-ум, сохтмон ва бозсозии иншооти инфрасохтори иҷтимоии шаҳр баргузор гардид.
Алҳол дар шаҳри Андиҷон 422 ҳазор нафар аҳолӣ дар 15 ҳазор гектар майдон истиқомат мекунанд. Мувофиқи супоришоти порсолаи Президент аз ҷониби Корхонаи муттаҳиди давлатии  «Ӯзшаҳарсозлик ЛИТИ» лоиҳаи нави нақшаи генералӣ коркард шуд, ки ба Андиҷон ҳамроҳ кардани 6,3 ҳазор гектар майдони ноҳияҳои Андиҷон ва Олтинкӯлро пешбинӣ менамояд.
Президент эътибори ҳозиронро ба мақсадҳое, ки дар ин нақшаи генералӣ таҷассум ёфтаанд, ҷалб намуд, бинобар лоиҳаҳои бозсозии асосии масҷиди Девонабой ва кӯчаи Ю. Отабекови шаҳри Андиҷон пешниҳод ва тавсияҳои худро иброз намуд. Соҳилҳои рӯде, ки аз тариқи кӯчаи зикршуда мегузарад, обод мешаванд, барои истироҳати одамон шароитҳо фароҳам меоянд. То ҳол корҳо дар 500 метр иҷро шудаанд, пешбинӣ  шудааст, ки то Рӯзи истиқлолият  ободонии 3,5 километр соҳил куллан анҷом ёбад.
Шавкат Мирзиёев зарурияти ба муҳлат ва сифати тамоми лоиҳаҳо ва риоя кардан бо дарназардошти оянда меҳнат намуданро таъкид сохт.

Зиёдулло ҶОНИБЕКОВ, 
Матназар ЭЛМУРОДОВ, 
Умар АСРОРОВ,

хабарнигорони махсуси ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: