ЭЪТИМОДИ ТАРАФАЙН ВА МАНФИАТДОРӢ – АСОСИ КОМЁБИҲОИ МУШТАРАК

Чи хеле ки пештар хабар шуда буд, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 8-10 июн дар шаҳри Синдаои Чин шуда, дар ҷамъомади 18-уми Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок кард.

Чи хеле ки пештар хабар шуда буд, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 8-10 июн дар шаҳри Синдаои Чин шуда, дар ҷамъомади 18-уми Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай  иштирок кард.
Дар доираи ҳамоиш 9 июн сарони мамлакатҳо – иштирокдорони СҲШ як қатор вохӯриҳои дуҷониба ва бисёрҷониба гузаронда, масъалаҳои муҳими рӯзномаи минтақавӣ ва байналхалқиро баррасӣ намуданд.
Чорабиниҳои асосии ҳамоиш 10 июн ба амал омад. Аввал сарони давлатҳо дар доираи танг вохӯрданд.
Дар ҷамъомад, ки ба он Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин роҳбарӣ кард, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбай Жээнбеков, Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок карданд.
Дар ҷамъомад чунин масъалаҳои муҳим, мисли рушди ҳамаҷонибаи равобит, васеъ гардондани шарикии иқтисодӣ ва сармоягузории байни мамлакатҳои иштирокдори СҲШ, фаъол гардондани ҳамкорӣ дар соҳаҳои инноватсия, технологияҳои баланд ва коммуникатсияҳои нақлиёт, ҳифзи муҳити атроф баррасӣ гардиданд.
Сарони давлатҳо фаъолияти сермаҳсул ва бомуваффақияти Чинро дар давраи раисиаш ба СҲШ таъкид намуда, қайд карданд, ки дар тӯли як соли охир бо иштироки роҳбарони вазорату идораҳои мухталифи давлатҳои аъзо беш аз сад чорабиниҳо гузаронда шуда, дар рафти онҳо натиҷаҳои муҳим ба даст омаданд.
Дар ҷамъомади Шӯро дар ҳайати васеъ баробари сарони давлатҳои аъзо сарони ҳайати мамлакатҳо бо мақоми мушоҳид ва шарик оид ба мулоқот, инчунин созмонҳои байналхалқӣ иштирок карданд.
Ҷонибҳо бино бар самтҳои пешомадноки рушди СҲШ, мушкилоти муҳими минтақавӣ ва байналхалқӣ мубодилаи афкор намуданд. Масъалаҳои васеъ гардондани шарикии иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, фаъолсозии ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия ва дигар ҷанбаҳои кооператсияи бисёрҷониба баррасӣ гардиданд.
Дар ҷамъомад Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев нутқ эрод кард.
Сарони давлатҳо директори Институти тадқиқотҳои стратегӣ ва байниминтақавии назди Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Владимир Норовро ба вазифаи Котиби генералии СҲШ, намояндаи Тоҷикистон Ҷумъахон Ғиёсовро – ба вазифаи директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ тасдиқ намуданд. 
Бино бар ҷамъбасти ҳамоиш Изҳороти Синдао қабул гардид.
Сарони давлатҳо инчунин Барномаи ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ-ро дар акси амал бар зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм дар солҳои 2019-2021 ва Нақшаи амалиёт барои солҳои 2018-2022 оид ба татбиқи қоидаҳои Шартнома дар бораи некҳамсоягии дарозмуҳлат, дӯстӣ ва ҳамкории давлатҳои аъзои СҲШ-ро тасдиқ намуда, ҷамъ ба 17 ҳуҷҷат имзо гузоштанд.
Яке аз воқеаҳои муҳими ҳамоиш бино бар таклифи Президенти Ӯзбекистон қабул гардидани Муроҷиати муштараки сарони давлатҳои СҲШ ба ҷавонон гардид.
Раисӣ ба Созмони ҳамкории Шанхай ба Ҷумҳурии Қирғизистон гузашт.
Дар вохӯрӣ бо намояндагони воситаҳои ахбори оммавӣ таъкид гардид, ки ҳамоиши Синдаои СҲШ самарабахш гузашт, ҳуҷҷатҳои имзогардида ба рушди минбаъдаи созмон, наздик гардондани мамлакату халқҳои минтақа мусоидат менамояд.
Умуман ҳамоиш дар Синдао, ки таҳти шиори «Эътимоди тарафайн ва манфиатдорӣ – асоси комёбиҳои муштарак» гузашт, барои фаъолияти СҲШ имкониятҳои навро боз намуд.
Дар доираи ҳамоиши СҲШ Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сарони як қатор давлатҳо вохӯрд.
Дар вохӯрӣ бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин таъкид гардид, ки мустаҳкам намудани муносибатҳои шарикии стратегӣ ва иттифоқӣ бо Русия самти тағйирнопазири сиёсати хориҷии Ӯзбекистон ба ҳисоб меравад.
Факти дар тӯли соли охир амалӣ намудани 70 ташрифи тарафайн, гузарондани 21 вохӯрии байниминтақавӣ аз суръати имрӯза ва миқёси равобити дуҷониба далолат медиҳад. Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти мол байни мамлакатҳои мо ба беш аз 40 фоиз афзуд, гуфт Шавкат Мирзиёев.
Баъд аз ташрифи шумо ба Русия соли гузашта муносибатҳои мо суръати нав пайдо намуд. Дар натиҷаи бо ташаббуси шумо созмон додани «даҳлези сабз» ҳаҷми расонда додани сабзавоту мева аз Ӯзбекистон қариб 36 фоиз афзуд. Бо иштироки ширкатҳои бонуфузи Русия лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ татбиқ мегарданд. 
Ҷонибҳо бино бар масъалаҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ, ки мавриди таваҷҷӯҳи ҳар ду ҷониб мебошад, мубодилаи афкор намуданд.
Президент Шавкат Мирзиёев бо Раиси ҶМЧ Си Сзинпин вохӯрд.
Сарвари Чин таъкид намуд, ки ҶМЧ ба шарикии васеъмиқёси стратегӣ ва ҳамкории бисёрандоза бо Ӯзбекистон аҳамияти калон медиҳад.
Президенти мамлакатамон сарвари Чинро бо раисии муваффақиятнокаш дар Созмони ҳамкории Шанхай ва дараҷаи баланд гузаштани ҳамоиши Синдао муборакбод намуд.
Муносибатҳои Ӯзбекистону Чин бино бар тамоми самтҳои муҳим пайваста ривоҷ меёбанд. Дар соли 2017 муомилоти мол байни мамлакатҳоямон 5 миллиард долларро ташкил дод.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои минбаъд васеъ гардондани ҳамкорӣ дар иқтисодиёт, савдо, дар соҳаи сармоя, коммуникатсияи нақлиёт, технологияҳои баланд ва ғайра баррасӣ гардиданд.
Президент Шавкат Мирзиёев инчунин бо Сарвазири Ҳиндустон Нарендра Моди вохӯрд.
Сарвари давлатамон халқи Ҳиндустонро бо аъзогии комилҳуқуқиаш  ба Созмони ҳамкории Шанхай ва иштироки Н. Модиро дар Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар мақоми узви комилҳуқуқ табрик кард.
Шавкат Мирзиёев таъкид намуд, ки вохӯрии мазкур барои баррасии татбиқи созишномаҳои пештар бадастомада ва муайян намудани пешомади ҳамкорӣ имконияти хуб ба ҳисоб меравад.
Нарендра Моди барои ёрии Ӯзбекистон дар қабули Ҳиндустон ба узвияти комилҳуқуқи СҲШ миннатдории самимӣ изҳор кард. Қайд намуд, ки ин барои рушди ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дараҷаи минтақавӣ имкониятҳои навро мекушояд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои минбаъд васеъ гардондани ҳамкории ӯзбекистониву ҳиндустонӣ дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, молиявӣ, сармоягузорӣ, инноватсионӣ ва гуманитарӣ баррасӣ гардиданд. Имкониятҳои татбиқи лоиҳаҳои пешомаднок бино бар технологияҳои иттилоотӣ, тиб, дорусозӣ, сайёҳӣ ва дигар самтҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо бино бар масъалаҳои муҳими сиёсати байналхалқӣ ва ҳамкории минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн вохӯрд.
Шавкат Мирзиёев Мамнун Ҳусайнро бо ба Созмони ҳамкории Шанхай аъзо шудани Покистон муборакбод намуда, таъкид кард, ки ин ба минбаъд мустаҳкам кардани муносибатҳои байни мамлакатҳоямон хидмат мекунад. 
Дар вохӯрӣ масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои савдо, иқтисодиёт, кишоварзӣ, саноати бофандагӣ ва ғайра баррасӣ шуданд. 
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар Синдао бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Ашраф Ғанӣ гуфтушунид кард.
Сарвари давлатамон таъкид намуд, ки халқи Ӯзбекистон аз барқарор гардидани сулҳи устувор дар Афғонистони бародари ҳамсоя манфиатдор мебошад.
Хурсандиовар аст, ки баъд аз баргузор шудани конфронс соли ҷорӣ дар Тошканд дар тамоми ҷаҳон бино бар танзими вазъияти Афғонистон ҳаракатҳо фаъол гардиданд. Ҳама дарк менамояд, ки роҳи ягонаи ба ин муваффақ гардидан музокирот ба ҳисоб меравад. Вохӯрии мазкур барои мубодилаи афкор намудан дар ин бобат, баррасии масъалаҳои барои мамлакатҳоямон муҳим имконияти хуб мебошад, гуфт Президенти Ӯзбекистон.
Ашраф Ғанӣ қайд намуд, ки дар тӯли вақтҳои охир мулоқоти сиёсии байни мамлакатҳоямон фаъол гардиданд.
Суръати баланди татбиқи созишномаҳоеро, ки дар доираи сафарам ба Ӯзбекистон ба даст омаданд, мехостам алоҳида қайд намоям. Аз номи халқ ва ҳукумат барои гузарондани анҷумани бузург бино бар Афғонистон сипосгузории амиқ изҳор менамоям. Эътибори шахсии шумо ба масъалаи мазкур барои кушодани гиреҳҳои сиёсӣ шароит фароҳам овард, гуфт Президенти Афғонистон.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои муҳими рушди минбаъдаи равобити сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиёту коммуникатсионӣ, маданиву инсонпарварии байни мамлакатҳоямон, мустаҳкам кардани амнияти минтақавӣ баррасӣ гардиданд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев муовини аввали Котиби генералии  Созмони Милали Муттаҳид хонум Амина Муҳаммадро пазируфт.
Сарвари давлатамон таъкид кард, ки дар тӯли 2 соли охир ҳамкории Ӯзбекистон ва СММ хусусияти фаъол касб намуда, бо мазмуни амалӣ ғанӣ гардид. Ташрифҳои мунтазами ҳайати намояндагии СММ ба мамлакатамон, татбиқи пайвастаи нақшаи чорабиниҳои амалӣ бино бар рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо Раёсати Комиссари олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон таъкид гардид.
Амина Муҳаммад иштироки Президенти Ӯзбекистонро дар иҷлосияи 72-юми Ассамблеяи генералии СММ бо қаноатмандӣ пазируфта, ба саъю кӯшиши дақиқи мамлакатамон бино бар васеъ гардондан ва таҳкими ҳамкории минтақавӣ, кӯмак дар барқарор намудани Афғонистон баҳои баланд дод. Таъкид гардид, ки конфронс оид ба Афғонистон, ки дар  Тошканд баргузор гардид, эътибори тамоми ҷомеаи байналхалқиро ба ин масъала ҷалб намуд.
Дар вохӯрӣ дар бораи рафти татбиқи созишномаҳои қаблан ба дастомада мубодилаи афкори муфассал ба амал омад. Самтҳои муҳими ҳамкории минбаъда дар рафти музокирот бо роҳбарони ҳайати вакилони мухталифи СММ баррасӣ гардиданд. 

ӮзА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: