Дар Муроҷиатномаи сарвари давлатамон ба Олий Маҷлис дар бораи вазифаҳои муҳими устувори рушди мамлакат дар соли 2019 комёбиҳои дар сиёсати хориҷӣ ба даст овардашуда алоҳида таъкид гардида, инчунин бинобар афзун гардондани шавқу рағбати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Ӯзбекистон, мустаҳкам кардани нуфузи он дар арсаи байналхалқӣ вазифаҳои навбатӣ гузошта шуданд.
Дар ҳақиқат, дар тӯли муддати кӯтоҳ нуфузи мамлакат дар арсаи байналхалқӣ торафт мустаҳкам мегардад. Хусусан, байни рейтингҳои байналхалқии иҷтимоиву иқтисодӣ барои мо рейтинги гурӯҳи Бонки умумиҷаҳонии «Пеш бурдани тиҷорат» («Doing Business») аҳамияти алоҳида дорад. Чи хеле, ки маълум аст, рейтинги мазкур натиҷаи тадқиқотҳое, ки ҳар сол Бонки умумиҷаҳонӣ баргузор менамояд, ба ҳисоб рафта, мувофиқи он дар 190 мамлакат дар асоси 10 нишондиҳанда ба созгории пеш бурдани тиҷорат баҳо дода мешавад. Ҳисобот ба арзёбии ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқие, ки дар давраи фаъолияти ҳаётии тиҷорати хурд ва миёна онро ба тартиб меоранд, татбиқи онҳо дар амал нигаронда шудааст. Ҳисоботи мазкур аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ аз соли 2003 инҷониб тайёр карда мешвад ва тирамоҳи ҳар сол эълон мегардад.
Дар тӯли 5 соли охир дар рейтинги Бонки умумиҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналхалқии молиявии «Пеш бурдани тиҷорат» Ӯзбекистон байни 190 мамлакати ҷаҳон аз ҷойи 146 то ҷойи 76-ум баромад. Бар замми ин, дар маърӯзаи охирин оид ба нишондиҳандаи фароҳам овардани шароити мусоид барои пеш бурдани тиҷорат мамлакатамон аз сафи даҳгонаи аввалини мамлакатҳои ислоҳотгар, ки самараи ислоҳоти боэътимод ва пайваста дар самти комилан нав мебошад, ҷой гирифт.
Дар ин бобат мувофиқи Стратегияи ҳаракат 5 феврали соли ҷорӣ қабул гардидани қарори сарвари давлатамон «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба беҳтар гардондани рейтинги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳисоботи солонаи Бонки умумиҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналхалқии молиявии «Пеш бурдани тиҷорат» омили муҳим гардид. Мувофиқи ҳуҷҷати мазкур оид ба минбаъд беҳтар гардондани рейтинги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳисоботи солонаи Бонки умумиҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналхалқии молиявии «Пеш бурдани тиҷорат» «Харитаи роҳ», нишондиҳандаҳои мақсадноки беҳтар гардондани рейтинги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳисоботи солонаи Бонки умумиҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналхалқии «Пеш бурдани тиҷорат», ки дар рейтинги соли 2022 – «Беҳтар гардондани пеш бурдани тиҷорат – 2022» ба ҷойи бистум муваффақ гардидани Ӯзбекистонро пешбинӣ менамояд.
То соли 2022 дар мамлакат фароҳам овардани шароити мусоидтарин барои амалӣ гардондани фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалб намудани сармояҳои хориҷӣ, ки ба дараҷаи бистгонаи якуми мамлакатҳои ҷаҳон бинобар ҳисоботи Бонки умумиҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналхалқии молиявии «Пеш бурдани тиҷорат» мувофиқат менамояд, дар қарори Президенти мамлакат «Дар бораи чораҳо оид ба минбаъд беҳтар гардондани рейтинги Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ҳисоботи солонаи Бонки умумиҷаҳонӣ ва Корпоратсияи байналхалқии молиявии «Пеш бурдани тиҷорат» аз 13 июли соли 2018 ба сифати мақсади стратегӣ муайян гаштааст.
Мухтасар ифода намоем, бо ҳар ду қарор на танҳо дар рейтинг тӯли се соли наздик пеш гузаштан аз беш аз 50 давлат, ки дар онҳо барои тиҷорати озод шароитҳои муносиб фароҳам оварда шудаанд, балки ба ҷониби мусбат тағйир додани имиҷи мамлакат ба назар гирифта шудааст. Дар мамлакатамон барои фароҳам овардани шароит бобати ба меъёрҳои байналхалқӣ ва талабот мувофиқ гардондани тиҷорат, минбаъд пурзӯр гардондани ҳаракати амалӣ оид ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ тамоми қувваву имконият сафарбар карда мешавад.
Ва ниҳоят, дар ин рӯзҳо боз як хабари хуш паҳн гардид. Яъне, Ӯзбекистон дар рейтинги байналхалқии «Doing Business-2020» байни 190 мамлакати ҷаҳон ба ҳафт зина баланд гардида, ҷойи 69-ро ишғол намуд. Баробари ин мамлакатамон ба бистгонаи давлатҳои пурқувват (ТОП-20), ки дар беҳтар гардондани иқлими корӣ комёбиҳои бузург ба даст овардаанд, ворид гардид. Ба ғайр аз ин, бинобар индикатор (Қайди тиҷорат) мамлакатамон ҷойи 8-умро ишғол намуда, ба сафи даҳгонаи тавоно ворид гардид.
Дар ҳақиқат, имрӯз дар мамлакатамон бинобар васеъ оммавӣ гардондани фаъолияти соҳибкорӣ, баланд бардоштани ҷозибадории сармоягузорӣ, фароҳам овардани созгориҳои муносиб барои сармоягузорони хориҷӣ, таъмин кардани риояи қонунҳо корҳои васеъмиқёс татбиқ мегарданд. Мақсад аз чунин саъю кӯшиш рушди минбаъдаи иқтисодиёти мамлакат, баланд бардоштани некӯҳолии аҳолӣ, мустаҳкам кардани имиҷи Ӯзбекистон дар арсаи байналхалқӣ мебошад.
Элдор ТУЛЯКОВ,
депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, директори иҷроияи Маркази «Стратегияи пешрафт».
ӮзА.