ЭЪТИРОФИ ФАЪОЛИЯТИ ҶАВОНОН

Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз номаи табрикии Президент ба муносибати Рӯзи ҷавонон огоҳ гардида, хеле шод шудам.

Тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ аз номаи табрикии Президент ба муносибати Рӯзи ҷавонон огоҳ гардида, хеле шод шудам.
Боиси хурсандист, ки сарвари давлат ба пандемия ва офатҳои табиии вилоятҳои Сирдарёю Бухоро худро дахлдор донистани ҷавонон, бо роҳи ихтиёрӣ ба тадбирҳои хайру эҳсон фаъолона иштирок кардан, ташаббускориҳои онҳоро алоҳида таъкид намуда, бо эшон ифтихор намудааст. Гуфтан ҷоиз аст, ки бо ташаббуси шӯрои вилоятии Иттифоқи ҷавонон бо мақсади бартарафсозии вайронаҳои ноҳияҳои Қарокӯлу Олот ва ободгардонии онҳо ҳар кадом 150 нафарӣ ду гурӯҳ – «Отрядҳои ҷавонони фидокор» таъсис ёфта, саҳми арзанда гузошт. Инчунин дар «Марказҳои мувофиқсозии хайру эҳсон»-и тамоми ноҳияҳои вилоят зиёда аз 150 нафар ҷавонон бо амри дили худ дар шароити пандемия ба оилаҳои дармонда кӯмак расонданд. Имрӯз мароқнок гузарондани вақти холии ҷавонон, бошуғлфарогирӣ, дастгирии онҳо, ба фаъолияти соҳибкорӣ оғоз кардан, аз заминҳои наздиҳавлӣ самаранок истифода бурдан, кӯмакрасонӣ ба татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ барин масъалаҳо нафақат ба ташкилоти ҷавонон, балки ба ҳамаи ҳокимиятҳо ва идораҳои давлатӣ дахл дорад. Ин ба сатҳи сиёсати давлатӣ бардошта шудани масъалаи ҷавононро собит мекунад. Вохӯриҳо таҳти унвонҳои «Ҳоким ва ҷавонон», «Прокурор ва ҷавонон», «Сенатор ва духтарон» баҳри ҳалли як андоза масъалаҳо кӯмак мерасонанд. Ҳоло байни роҳбарони соҳаҳо бисёр шахсоне ба чашм мерасанд, ки дар ташкилоти ҷавонон кор карда ба воя расидаанд. Табрикномаи сарвари давлат баробари бахшидани иқтидору рӯҳи тоза мо – ҷавононро водор месозад, ки баҳри иҷрои вазифаҳои пешистода ҳамчун авлоди муносиби аҷдод ва манфиати халқу Ватан хидмати шоиста кунем.

Шерзод ТИЛАВОВ,
иҷрокунандаи вазифаи раиси Шӯрои вилояти бухороии Иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: