Ғаллакорони ноҳияи Шофиркон низ имсол ҳосили фаровон рӯёнданд.
351 хоҷагии фермерии ноҳия дар 6 ҳазору 154 гектар майдон гандум корида уҳдадор шуда буданд, ки мувофиқи шартнома ба давлат 15 ҳазору 90 тонна ғалла супоранд.
Мавсими дарав дар ғаллазор 20-то комбайн бо кӯмаки техникаи ёрирасон ба ғунучини ҳосил пардохта, 20 июн ба давлат 16 ҳазору 310 тонна гандум супорида, нақшаи солонаро 112 фоиз иҷро карданд. Ба ин комёбӣ хоҷагиҳои фермерии «Азим – Шофиркон юлдузи», «Салимбобо», «Исломобод» аз ҳудуди Вардонзе, «Руслан Ҳамро Сардор» аз ҳудуди Искогаре, «Қо-дир», «Умедҷон сахий замини» аз ҳудуди Ҷӯинав, «Аслонбобо» аз ҳудуди «Боғиафзал», «Очил Барот» аз ҳудуди «Султон Ҷӯра», «Файзӣ Нарзулло», «Барнобибӣ Бекзод» аз ҳудуди Тезгузар, «Отабек» аз ҳудуди Ҷӯйработ, ҶММ «Body Mak» аз ҳудуди Дӯрман, «Беҳрӯз Т» аз ҳудуди Деҳнав ва дигарон саҳми арзанда гузоштанд.
Ба муносибати 31-солагии соҳибистиқлолии Ӯзбекистон дар тарабхонаи «Рисолат» бо мақсади эътироф намудани меҳнати самараноки ғаллакорони ноҳия чорабинӣ ба амал омад. Дар он мутасаддиёни соҳа ва роҳбарони секторҳо бо сардории ҳокими вилоят Ботир Зарифов, кормандони ҳокимияти ноҳия , намояндагони ҷамоатҳо, роҳбарони хоҷагиҳои фермерии пешқадам ва онҳое, ки ба комёбии ғаллакорони ноҳия мададгор шудаанд, ҷамъ омаданд. Ҳокими вилоят ҳангоми суханронӣ хидматҳои ғаллакорон ва самараи меҳнати фидокоронаи онҳоро алоҳида таъкид кард ва ба чил нафар пешқадамони соҳа яхдони замонавӣ, телевизор барин мукофотҳои пурарзиш супурд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки имсол ғаллакорони диловари ноҳия 40 ҳазору 205 тонна гандум истеҳсол карданд ва ҳосилнокии майдонҳоро ба 65 сентнерӣ расонданд. Даромади пешбинишуда ба 142 миллиарду 800 миллион сӯм рост меояд. Агар маҳсулоти ба ихтиёри худи хоҷагиҳои фермерӣ гузошташуда ба ҳисоб гирифта шавад, он 78 миллиард сӯмро ташкил мекунад. Дар атрофи дасторхони пурфайз сари «як пиёла чой» ва рақсу сурудҳои пурҷозиба суҳбати ғаллакорон дер давом кард.
Дар тадбир баъзе масъалаҳое, ки ба ободии ноҳия дахл доштанд, низ муҳокима гардиданд.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.