ЭЪТИРОФИ ХИДМАТҲОИ ХОВАРШИНОС

Дар Донишгоҳи давлатии Бухоро анҷумани илмию маърифатӣ ба муносибати тақдимоти китобҳо ва асарҳои тарҷумавии корманди калони илмии Институти шарқшиносии ба номи А. Берунии Академияи илмҳои Ӯзбекистон, доктори илмҳои таърих Комилҷон Раҳимов «Таърихи тасаввуф дар Мовароуннаҳр», «Тариқати Хоҷагон-Нақшбандия ва «Ҳафт пир», «Бухоро – шаҳри «қуббат-ул-ислом», инчунин «Рӯзгори валиён», «Хатм-ул-авлиё», «Макорим-ул-ахлоқ», «Васиятнома», «Орифнома» баргузор гардид.

Ба тадбир ректори ДДБ, доктори илмҳои иқтисод, профессор Обидҷон Ҳамидов ибтидо гузошта, шогирди муносиби ҳамин даргоҳ ва мояи ифтихори аҳли ин ҷамоа будани Комилҷон Раҳимовро таъкид кард. Ӯ инчунин, хидматҳои арзандаи олими ҷавонро бобати омӯхтан, тарҷума карда дастраси умум гардондани мероси гаронбаҳои бузургони тасаввуф, тариқати Хоҷагон-Нақшбандия ва пеш аз ҳама, ақидаҳои фалсафию ахлоқии «Ҳафт пир»-и Бухоро гуфта гузашт.
Сипас, навбат ба гузоришҳои олимони кафедраи забон ва адабиёт оид ба фаъолияти илмию эҷодӣ, мундариҷаю моҳият ва хусусиятҳои ба худ хоси асарҳои Комилҷон Раҳимов расид. Ҳозирон дар ин бора маърӯзаҳои доктори илмҳои филология, профессор Дилшод Раҷабов, дотсент Шавкат Ҳаитов, профессор Назора Бекова, доктори илмҳои филологӣ, Маърифат Раҷабова ва дигаронро шуниданд.
 Қисми навбатии тадбир «Китобҳо ва тарҷумаҳои Комилҷон Раҳимов аз нигоҳи донишҷӯ» ном дошта, дар он донишҷӯёни курси дуюми равияи филология ва таълими забонҳо ақидаҳои худро баён карданд. 
Дар охир К. Раҳимов ба саволҳои зиёди иштироккунандагони тадбир ҷавоб дод.

Амрулло АВЕЗОВ, 
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: