ЭЪТИРОФИ ҲАМҚАЛАМОН

Дар Хонаи матбуоти вилояти Самарқанд маросими супурдани гувоҳномаҳои аъзогии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон барпо гардид.

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода оиди ҳамкориҳои минбаъдаи журналистони ду кишвари бародар – Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳарф зад. 
Зиннатулло Исмоилзода ёдрас кард, ки ҳоло 6 нафар журналистони Ӯзбекистон ба узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пазируфта шуданд. Дар байни онҳо ду нафар аз Самарқанд – мухбири телевизиони СТВ “Садо ва симои Самарқанд” Шаҳло Аҳророва ва котиби масъули рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” Фаридуни Фарҳодзод соҳиби шаҳодатномаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон гардиданд. 
– Ба Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қабул гардидан на танҳо шараф, балки масъулият аст, – гуфт узви нави иттифоқ Фаридуни Фарҳодзод. – Пас аз узви иттифоқ гардидан пеши худ мақсад гузоштам, ки маҳорати касбии худро боз ҳам такмил диҳам, мақолаҳои таҳлиливу танқидиро, ки дархӯрди дарди ҷомеаанд, бештар нависам ва кор бо ҷавонони навқаламу навқадамро зиёдтар карда, кӯшиш кунам то ба ин унвони бошараф муносиб бошам ва бо мақолаҳои худ дар рӯзномаву маҷаллаҳои Ҷумҳурии бародарии Тоҷикистон баромад карда, баҳри рушди матбуоти миллӣ саҳм гузорам.
Бояд гуфт, ки чор нафар аз ҳамкасбони дигарамон низ ба узви ИЖ Тоҷикистон пазируфта шуда, шаҳодатномаҳои онҳо пештар дар пойтахт супурда шуда буданд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори 
«Овози тоҷик»
дар вилояти 
Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: