«EU Reporter»: ПАРЛУМОНИ АВРУПО ИСЛОҲОТИ ПАЙГИРОНАИ ӮЗБЕКИСТОНРО ЭЪТИРОФ МЕКУНАД

Нашри интернетии аврупоии «EU Reporter» мақолаи Мартин Бэнксро бахшида ба раванди навсозӣ дар Ӯзбекистон ба нашр расонд, хабар медиҳад хабарнигори АИ «Дунё». Мақола дар асоси шарҳҳои намояндагони парлумони Аврупо ва ИА бахшида ба «Пешрафти бузурги Ӯзбекистон дар соҳаҳои гуногун» таҳия шудааст.

Нашри интернетии аврупоии «EU Reporter» мақолаи Мартин Бэнксро бахшида ба раванди навсозӣ дар Ӯзбекистон ба нашр расонд, хабар медиҳад хабарнигори АИ «Дунё».
Мақола дар асоси шарҳҳои намояндагони парлумони Аврупо ва ИА бахшида ба «Пешрафти бузурги Ӯзбекистон дар соҳаҳои гуногун» таҳия шудааст.
Муаллиф ба он эътибор додааст, ки айни замон музокирот дар бораи ба имзо расондани Созишномаи тавсеаи шарикӣ ва ҳамкорӣ (СТШҲ) идома дорад, ки он созишномаи шарикӣ ва ҳамкориро, ки аз соли 1999 амал мекунад, иваз мекунад.
«Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо дар ҳоли ҳозир музокиротро оиди СТШҲ пеш мебаранд ва умедворанд, ки то охири сол онро ба имзо расонанд. Музокирот моҳи ноябри соли 2018 оғоз ёфт ва дар сурати муваффақият дар равобити ду тараф давраи навро боз менамояд”.
Депутати парлумони Аврупо Андрис Америкс, узви ҳайати парлумонӣ оид ба Ӯзбекистон, ба савол оиди муносибатҳои кунунии ИА ва Ӯзбекистон посух дода гуфт: «Дар Осиё анъанаи чандинасраи ба ҳам наздик кардани Аврупо ва Осиё вуҷуд дорад. Дар солҳои охир муносибатҳои ИА ва Осиёи Марказӣ ба таври назаррас беҳтар шуданд ва ҳамкории ИА бо Осиёи Марказӣ аз аввали солҳои 1990 хеле густариш ёфт. Соли 2007 ИА аввалин Стратегияи худро оид ба Осиёи Марказӣ қабул кард. Ин имкон дод, ки муколамаи мунтазами сиёсӣ муқаррар шуда, ҳамкориҳо густариш ёбанд».
Дар мусоҳибаи эксклюзиви худ бо нашрияи интернетӣ депутати парлумони Аврупо  таъкид кард, ки Ӯзбекистон бо шумораи зиёди аҳолӣ ва қаламрави худ бо тамоми кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, бешубҳа, яке аз шарикони асосии ИА дар минтақа мебошад.
Ҳамкории байни Иттиҳоди Аврупо ва Ӯзбекистон барои ҳарду ҷониб муҳим аст. Барои Ӯзбекистон, ин имкони гирифтани дастгирии сиёсӣ ва молиявӣ дар ислоҳот ва рушди кишвар аст, барои ИА ин имконият барои мубодилаи арзишҳо ва паҳн кардани онҳо дар берун аз ИА мебошад.
Андрис Америкс изҳор дошт, ки тайи солҳои охир, таҳти роҳбарияти нав Ӯзбекистон дар соҳаҳои гуногун, ба монанди ислоҳот, беҳбуди вазъ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, рушди ҳамкориҳои минтақавӣ бо ҳамсоягонаш дар Осиёи Марказӣ ва шарикони байналмилалӣ, инчунин мусоидат ба амният ва субот дар минтақа ба пешравиҳои назаррас ноил гардид.
Боз як узви дигари олимартабаи парлумони Аврупо — депутати фаронсавӣ Тиерри Мариани, ки низ узви ҳайати парлумонии Ӯзбекистон аст, дар мусоҳиба бо нашрия изҳори хушбинӣ кард, ки сарфи назар аз буҳрони соҳаи тандурустӣ  СТШҲ то охири соли равон имзо хоҳад шуд.
Депутат гуфт, ки: “Натиҷаи мусбати дар таҳияи созишнома бадастомада  нишонаи эътимоди ИА ба кишвар ва роҳбарияти он аст. Аз замони ба кор шурӯъ кардани Президенти нав якчанд сол гузашт ва дар ин муддат пешрафти муттасил равшан ба назар мерасад”.
Т. Мариани таъкид намуд, ки туфайли пешрафтҳои тайи чанд соли охир Ӯзбекистон айни замон муҳимтарин кишвари Осиёи Марказӣ мебошад.
Никколо Риналди, роҳбари шуъбаи парлумони Аврупо оид ба Осиё, Австралия ва Зеландияи Нав ба Президенти Ӯзбекистон барои кӯмакаш бобати  «ба эътидол овардан» ва рушди муносибатҳои байни кишварҳои Осиёи Марказӣ баҳои баланд дода, илова намуд, ки ИА инчунин умедвор аст, ки бо ҳамсояҳои наздиктарини Ӯзбекистон СТШҲ-ро имзо кунад.
Дар посух ба суоли «Ӯзбекистон дар заминаи ислоҳот боз чӣ корҳоро ба анҷом расонад?» депутати парлумони ҳизби «сабз»-ҳои Аврупо Никлас Ниенасс гуфт: «Ӯзбекистон иқтисоди худро бо нерӯи азим ислоҳ мекунад ва он бояд демократия ва ҳуқуқи инсонро бо чунин нерӯ тақвият диҳад. Қонунҳои маҳдудкунандаи ВАО бояд барои фароҳам овардани асос ба  ҷомеа, ки дар он озодии сухан на танҳо шиор аст, тағйир дода шаванд. Ислоҳоти иқтисодӣ бояд барои мардуми оддӣ воқеан судманд бошанд. Ин, бешубҳа, вазифаи душвор аст барои кишвар, аммо он бояд барои беҳбуди зиндагии мардуми Ӯзбекистон ба ҳаёт татбиқ карда шавад».
Дар мусоҳибаи ихтисосӣ бо нашрия Питер Стано, намояндаи расмии ИА оид ба умури хориҷӣ ва сиёсати амният, дар бораи дурнамо сухан ронда, дар бораи раванди ислоҳот дар Ӯзбекистон алоҳида истода гузашт. Ба ақидаи ӯ, барномаи ислоҳот дар Ӯзбекистон мақсадҳои бузургро фаро гирифта, кор дар ин самт идома дорад. «Мо инро мунтазам бо Ӯзбекистон муҳокима мекунем, масалан, дар моҳи ҷорӣ дар муколамаи солонаи ҳуқуқи инсон ва дар Зеркумита оид ба адолат, озодӣ ва амният он мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
Вай гуфт, ки ИА ба татбиқи ислоҳот диққати махсус медиҳад ва дар ин росто Ӯзбекистонро дастгирӣ мекунад. — Мо пешрафти назаррасро дар баррасии ҳолатҳои меҳнати маҷбурӣ ва ҳуқуқҳои инфиродии инсон, инчунин дар озодгардонии бахшҳои иқтисодӣ эътироф менамоем, аммо, масалан, дар самти таъмини озодии баён, мубориза бо коррупсия, инчунин соҳаи ислоҳоти адлияи ҷиноӣ бояд корҳои зиёдеро анҷом диҳанд, ки онҳо фазои соҳибкориро беҳтар намуда, ба ин васила ба рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мусоидат хоҳад кард».
«EU Reporter» суханони намояндаи сафорати Ӯзбекистон иқтибос овардааст, ки он ҳам вазифаи Ҳайат дар Иттиҳоди Аврупоро иҷро мекунад. «Ӯзбекистон аз рушди пайвастаи ҳамкории мутақобилан судманд ва созанда бо ИА манфиатдор аст», — иқтибос меорад дипломати Ӯзбекистон.  — Мо ба нақши он дар пешбурди арзишҳои умумиҷаҳонии демократия, волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқи инсон, ҳифзи сулҳ, субот ва рушди устувор баҳои баланд медиҳем. ИА яке аз шарикони муҳимтарини тиҷоратии Ӯзбекистон мебошад. Бояд қайд кард, ки ҷониби Ӯзбекистон барои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо режими қулайиҳои бештар фароҳам оварданро ҷорӣ намуд. Ислоҳоте, ки дар мамлакати мо барои озодсозии иқтисодиёт гузаронида мешаванд, барои  васеъ иштирок кардани тиҷорат ва сармоягузории Аврупо дар Ӯзбекистон имконият фароҳам меоранд».
Таъкид менамоем, ки «EU Reporter»  платформаи мултимедиявии аврупоӣ мебошад, ки дар Брюссел ҷойгир аст, матн ва видеои онлайнро дар бораи рӯйдодҳои Аврупо ва ҷаҳон бо 58 забон тақдим мекунад. Онро дар 160 кишвар дидан мумкин аст. Маҷаллаи электронӣ ҳар моҳ ба беш аз 25 ҳазор муштариёни сабтиномшуда паҳн карда мешавад. Дар байни обуначиёни нашрия шахсони расмие ҳастанд, ки дар Аврупо қарорҳои муҳимро қабул мекунанд. Ин платформа мунтазам мусоҳибаҳои эксклюзивиро бо сиёсатмадорони пешрафтаи аврупоӣ, инчунин андешаҳои таҳлилгарон, коршиносони бонуфуз ва корчаллонҳорро нашр мекунад. Дар пурсиши соли 2016, «EU Reporter» яке аз манбаҳои писандидатар ва медиаканалҳои иҷтимоие, ки аъзои парлумони Аврупо, шахсони расмии ИА ва сиёсатмадорон дар Брюссел васеъ истифода мебурданд,   эътироф шуда буд.

АИ «Дунё»,
БРЮССЕЛ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: