ЭҲСОСИ МАСЪУЛИЯТ ДАР ПЕШРАФТИ КОР ХЕЛЕ ОМИЛИ МУҲИМ АСТ

мегӯяд ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров

мегӯяд ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров
Ғояи навиштани мақола дар бораи корҳои хубе, ки бо сарварии ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров анҷом мепазиранд, чанд моҳ муқаддам дар сарам пайдо шуд. Вақте ки дар маркази шаҳри Риштон хонаи дӯстии “Ӯзбек-тоҷик” ифтитоҳ гардид, дар он ҳоким иштирок намуд ва перомуни дӯстиву рафоқати ду халқ – ӯзбекон ва тоҷикон ҳарфҳои самимӣ баён кард.
Вай афзуда буд, ки мардуми тоҷиктабори вилояти Фарғона низ барои рушду тараққии он ҳиссаи арзандаи худро мегузоранд.
Баъд роҷеъ ба он ҳарф зад, ки вақти ҳокими вилояти Намангон буданаш бо намояндагони мардуми тоҷиктабор дидору мулоқотҳои зиёд анҷом додааст, онҳоро гӯш кардаву дар ҳалли мушкилоташон иқдом намудааст.
Оре, Хайрулло Бозоров чанд сол дар ноҳияи Чуст ҳоким буд. Зимни суханронӣ аз он ифтихор намуд, ки ӯзбекону тоҷикон аз давраҳои қадим то имрӯз ба дӯстиву рафоқати байни якдигар содиқ мондаанд ва маросимҳои шодиву хурсандӣ ва ғаму андӯҳашон бидуни иштироки ҳамдигар намегузаранд.
Дарвоқеъ, вақте ки маросими ифтитоҳи хонаи дӯстӣ ба охир расид, бо Хайрулло Бозоров чанд лаҳза вориди мулоқот шудам. Муҳтавои суҳбатамонро асосан маводи рӯзномаи “Овози тоҷик” ташкил намуд. Аз фурсат истифода намуда гуфтам, ки дар вилоят тайи ду-се соли охир теъдоди муштариён хеле пойин рафт. Ин дар ҳолест, ки дар ҳар як шумораи рӯзнома роҷеъ ба вилояти Фарғона мавод чоп мекунем.
Сонӣ ба ҳокими вилоят як нусха “Овози тоҷик” тақдим кардам.
– Як саҳифаи ин шумораамон пурра ба дирӯз, имрӯз ва фардои шаҳри Қувасой бахшида шудааст, – гуфтам ба ӯ.
Хайрулло Бозоров саҳифаҳои ин шумора, аз ҷумла, маводи ба шаҳри Қувасой бахшидаро бевосита аз назар гузаронд. Ба ӯ тавзеҳ додам, ки солҳои зиёд рӯзномаи “Овози тоҷик” дар вилояти Фарғона хонандагони зиёд дошт, вале бинобар сару садоҳо дар бораи маҷбурӣ набудани обуна ба ин раванд латмаи сахт зад.
– Ҳокимияти вилоят низ дар ин бора ягон таваҷҷӯҳ накард. Аммо бо вуҷуди ин ҳама сару садоҳо вилояти Намангон ҷиҳати обуна ба рӯзномаи “Овози тоҷик” дар ҷумҳурӣ хеле мавқеи устуворро ишғол кард, – гуфтам ман.
Хайрулло Бозоров ҳамоно ёвари худро ба наздаш хонд ва ӯро вазифадор сохт, ки масъалаи обуна ба “Овози тоҷик”-ро ба ӯ ҳамеша ёдоварӣ карда истад.
Ростӣ, чандон боварам наомад, ки ҳарфҳои ҳокими вилоят ҷиддианд. Аммо дар ҷамъомади дастгоҳи ҳокимияти вилоят, ки як ҳафта қабл баргузор гардид ва тамоми ҳокимони шаҳру ноҳияҳо ва ташкилоту муассисаҳо ширкат доштанд, роҳбари вилоят дар радифи баррасии масъалаҳои таҳти назари ҷамъомад ба масъалаи обуна барои соли 2021 таваҷҷӯҳи ҳамаро ҷалб намуд. Вай гуфт, ки чаро тайи ин солҳо теъдоди рӯзномахонҳо дар вилоят хеле коҳиш дидааст ва бояд анъанаи қаблии рӯзномахонӣ дубора барқарор гардад. Дар пайи ин ӯ ҳокимони ноҳияҳои Сӯх, Фарғона, Қува, Риштон ва Ёзёвон, ҳамчунин шаҳри Қувасойро ҳушдор дод, ки дар масъалаи обуна ба “Овози тоҷик” бефарқ набошанд.
– Як ҳафта мӯҳлат кофист ва бояд дар ин муддат мавсими обуна ба охир расад, – таъкид кард ҳоким.
Ин ҳарфҳои ӯ намунаи беҳтарини хайрхоҳии ҳокими вилояти Фарғона нисбати “Овози тоҷик” мебошад.
Вақти он расидааст, ки тоҷикони шаҳру ноҳияҳои вилоят ба ин масъала аз паси панҷа нанигаранд. Мутаассифона, баъзан дар шабакаҳои иҷтимоӣ шахсонеро дучор мешавем, ки дар ин давраи басо мушкил ва сарнавиштсоз ҳарфҳое менависанду мегӯянд, ки бар зарари “Овози тоҷик” аст. 
Банда ба онҳо фаҳмонданиям, ки рӯзномаи “Овози тоҷик” давраи мушкилеро паси сар мекунад. Барои ҳамин ҳар гуна даъвати мухолифатангез ба раванди обунаи ин рӯзнома латма хоҳад зад. Агар рӯзномаи “Овози тоҷик” забони мо бошад, бояд талош кунем, ки он аз коми нестӣ наҷот ёбад ва дар пешрафти забону фарҳангу анъанаҳо ва расму ойини мо ҳамон асолати пештараашро муваффақона идома диҳад!
– Интернет мавқеи нашрияҳои чопиро хеле танг намуд, – гуфт як нафар хабарнигори сайти интернетӣ ва бо ин ҳарфҳои худ хост даъво кунад, ки афзалияти сайтҳо кайҳо таваҷҷӯҳи одамонро ба худ кашидааст ва эҳтиёҷи мардум ба нашрияҳои чопиро коҳиш додааст.
– Ба ин ақида ҳаргиз шарик шуда наметавонам. Дуруст аст, ки шабакаҳои интернетӣ дар мавриди саривақт расонидани ҳодисаву воқеаҳо саҳми калон мегузоранд, вале матбуоти чопӣ ҳамчун як рукни ҳастии ҷомеаи мо боқӣ хоҳад монд. Ҳар як маводе, ки дар коғаз чоп мешавад, вай асрҳои бардавом ҳифз мешавад ва ба дарди мардум мехӯрад. Ҳанӯз пажӯҳишгарони зиёдеро дар китобхонаҳо ва хазинаҳои чопӣ пайдо мекунем, ки маҳз ба маводи ҳамин матбуот рӯй меоранд ва мушкили худро осон мекунанд, – мегӯяд журналист Мирзоҳид Мирзоев.
Мавсуф афзуд, ки ҳокими вилоят беҳуда обуна ба рӯзномаҳои марказиву маҳаллиро дар миён нагузошт. Барои боло рафтани саводнокии мардуми мо нақши нашрияҳои чопиро наметавон сарфи назар кард.
– Гузашта аз ин, – исрор намуд ӯ, – солҳои охир дар аксари ташкилоту муассисаҳо бастаҳои рӯзномаҳои зиёд ба тухми анқо табдил ёфт, баъзеҳо ҳатто номи рӯзномаҳоро фаромӯш намудаанд.
Нуктаи дигаре, ки зикри онро низ бамаврид меҳисобам, Хайрулло Бозоров зимни мулоқотҳои сайёр ва рӯ ба рӯ бо намояндагони қишрҳои мухталиф дар баробари баррасии масъалаҳои зарур ва муҳим ба боло бурдани сатҳи маънавият ва маърифат низ таваҷҷӯҳи хос зоҳир мекунад.
Ду сол муқаддам таҳти унвони «Овози тоҷик» рӯзномаи дувумдараҷа нест!” дар рӯзнома мақолае чоп шуда буд. Аз он иқтибос меорам:
“Дар ин рӯзҳо бо роҳбарони якчанд садорат, муассиса, ташкилоту корхонаҳо мулоқот намудам. Онҳо бо эътимоди қавӣ иброз медоранд, ки ҷиҳати обуна ба “Овози тоҷик” худсарона иқдом карда наметавонанд, чунки дар рӯйхати реҷа-тавсияи ҳокимияти вилоят чунин рӯзнома қайд нашудааст”.
Шояд хонандаи рӯзнома ҷӯёи посухи он савол шавад, ки онҳо роҳбарони кадом идораву садоратҳо буданд. Сарварони ҳамаи садорату муассисаҳои таълимӣ ва ташкилотҳои вилоят, роҳбарони корхонаҳои давлативу хусусӣ, ректорони донишгоҳҳо ва директорони коллеҷҳои касбу ҳунар ва литсейҳои академӣ ҳамон замон аз як гиребон сар бароварда бо як овоз чунин посух медоданд.
Аммо имрӯз бо имзои Хайрулло Бозоров реҷаи обунаи нашрияҳои чопӣ барои соли 2021 ба ҳокимияти ҳамаи шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳо ирсол гардидааст. Ҳоло бубинем, ки айб дар ош аст ва ё дар мош. Зеро сарвари вилоят ғайр аз тақсими реҷаи обуна боз ба таври даҳонӣ ҳокимони як қатор шаҳру ноҳияҳои тоҷикнишинро ба по хезонд ва тақозо намуд, ки обунаи рӯзномаи ягонаи тоҷикии ҷумҳуриро низ ба таъхир наандозанд ва дар муддати муқарраршуда маъракаи обунаро анҷом диҳанд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори 
“Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: