ЭҲСОСИ САДОҚАТ БА ВАТАН

Ҳар сол дар мамлакатамон 14 январ – Рӯзи муҳофизони Ватан ба тарзи васеъ ҷашн гирифта мешавад.

 Соли ҷорӣ ба муносибати 28-умин солгарди Нирӯҳои Мусаллаҳ, аз 15 декабри соли 2019 то 15 январи соли 2020 моҳонаи ватанпарварӣ эълон гардида, таҳти шиори «Ватанпарварӣ – кафолати пешрафти миллӣ» дар саросари кишварамон бо аскарон ва афсарони қисмҳои гуногуни ҳарбӣ вохӯриҳо ва чорабиниҳои маданиву маърифатӣ баргузор мегарданд.
Лейтенанти калон Нодирбек Эргашев соли 2010 Омӯзишгоҳи олии ҳарбии авиатсионии Ҷиззахро хатм карда, имрӯзҳо дар яке аз қисмҳои ҳарбию ҳавоии вилояти Қашқадарё адои вазифа мекунад.
Дар чаҳорчӯбаи моҳона дар мактаб-интернати мо бо лейтенанти калон Нодирбек Эргашев вохӯрии хонандагон баргузор гардид. Вай оиди таҳсил дар омӯзишгоҳ ва сол аз сол такмил ёфтани қӯшунҳои Нирӯҳои Мусаллаҳ ибрози назар кард.

Баҳодур АБДУРАҲМОНОВ,
омӯзгори мактаб-интернати рақами 42-юми ноҳияи Чусти вилояти Намангон.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: