ЭҲТИРОМ БА АДИБИ БУХОРОӢ

Ҷӯра Фозил яке аз адибони сермаҳсули вилояти Бухорост. Ӯ дар ноҳияи Рометан ба дунё омада ба воя расид.

Солҳои тӯлонӣ сармуҳаррири рӯзномаи «Ромитаннома» буд. Бо маҷмӯаҳои зиёди ҳикоя, қисса ва романҳо худро ҳамчун нависандаи боистеъдод, насрнависи моҳир, журналисти ҳақиқатнигор ва тарҷумони болаёқат муаррифӣ намуд. Асарҳои ӯ ба забонҳои гуногун тарҷума ва чоп шудааст. Чанд ҳикояи вай бо тарҷумаи Маҳмудҷон Қосимов дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» дарҷ ёфтааст. Адиби заҳматкаш, ғолиби озмунҳо, соҳиби ордени «Дӯстлик» Ҷӯра Фозил ҳоло 75-сола шудааст. Чанд рӯз муқаддам ба ин муносибат дар ДДБ шабнишинии адабию маърифатӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ донишҷӯёни ДДБ ҳозиронро бо асарҳои Ҷӯра Фозил ва намунаҳо аз он шинос карданд. Дар бораи фазилатҳои адиб, қимати асарҳои ӯ изҳори ақида намуданд. Дар ҷараёни шабнишинӣ тақдимоти китоби адиб «Йӯл» («Роҳ»), ки аз ҷониби шуъбаи вилоятии иттиҳоди нависандагон чоп шудааст, сурат гирифт. А.Авезов, хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: