Дар Маркази ахбор-китобхонаи ба номи Пушкини шаҳри Самарқанд ба муносибати 80-умин солгарди таваллуди адиби бузург ва арбоби ҷамоатӣ, Нависандаи халқии Ӯзбекистон Ӯткир Ҳошимов чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Дар Маркази ахбор-китобхонаи ба номи Пушкини шаҳри Самарқанд ба муносибати 80-умин солгарди таваллуди адиби бузург ва арбоби ҷамоатӣ, Нависандаи халқии Ӯзбекистон Ӯткир Ҳошимов чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо мақсади таъмини иҷрои қарори Президенти мамлакат Шавкат Мирзиёев «Дар бораи васеъ ҷашн гирифтани 80-солагии зодрӯзи Нависандаи халқии Ӯзбекистон Ӯткир Ҳошимов» гузаронида шуд.
– Ӯткир Ҳошимовро аксари олимони адабиётшинос ва мунаққидон чун «заргари сухан» мегӯянд, – гуфт дотсент А.Тошпӯлодов. – Воқеан, мо дар тамоми асарҳои нависанда заргарона чида ва ҷо ба ҷо гузошта шудани калимаву ибораҳоро мушоҳида мекунем. Ин аст, ки ҳар як намунаи эҷоди адиб аз дидаи мардум ба дилҳои онҳо роҳ ёфтааст. Имрӯз ягон хонадоне нест, ки дар он китоби Ӯткир Ҳошимов набошад, ё ки хонандае ёфт намешавад, ки аз осори адиб баҳраманд нагардида бошад. Ба забонҳои гуногуни ҷаҳон тарҷума шудани асарҳои адиб низ аз маҳбубият ва маъруфияти Ӯткир Ҳошимов гувоҳӣ медиҳад.
Баромадҳои шогирдони мактабҳои бачагонаи «Авлоди баркамол»-и шаҳр табъи иштирокдоронро болида сохт. Бахусус, монологи кормандони Театри драмаи мусиқии вилоят Б.Қурбонбоев ва Ш.Облоқуловаро, ки аз китоби «Корҳои дунё»-и адиб таҳия шуда буд, ҳозирин бо кафкӯбиҳо истиқбол гирифтанд.
Ф. ЮЛДОШЕВ.
САМАРҚАНД.