ЭҲТИРОМ БА ХОТИРАИ АРБОБИ БУЗУРГИ СИЁСӢ ВА ҶАМЪИЯТӢ

Президент Шавкат Мирзиёев 2 сентябр ба Маҷмӯи ёдгории илмиву маърифатии ба номи Ислом Каримов ташриф оварда, ба пояи ҳайкали Нахустин Президенти Ӯзбекистон гулчанбар гузошта, хотираи дурахшони ӯро пос дошт.

Арбоби барҷастаи сиёсӣ ва ҷамъиятӣ Ислом Каримов 2 сентябри соли 2016 вафот карда буд. Мувофиқи қарори Президент Шавкат Мирзиёев ин сана дар мамлакатамон Рӯзи хотираи Ислом Каримов эълон шуд.
Алоҳида таъкид кардан ҷоиз аст, ки ба туфайли иродаи мустаҳкам ва боҷуръатии Нахустин Президент Ӯзбекистон мустақилиро ба даст оварда, дар роҳи пешрафт ба комёбиҳои беназир муваффақ гардид.
Хидматҳои бузурги Нахустин Президент баҳри ба зинаи имрӯзаи пешрафт баровардани мамлакат  дар хотираи халқ абадӣ боқӣ мемонад ва номи ӯро ҳамеша бо эҳтироми алоҳида ва ҳаяҷон ба забон мегиранд.
Тавре ки Шавкат Мирзиёев борҳо таъкид намудааст, маънавияти баланди халқамон, ҷавонон аз то чӣ андоза пос доштани хотираи Ислом Каримов, хидматҳои ӯ дар назди давлат вобаста мебошад.
Маросими мазкур ифодаи навбатии эҳтироми давлат ва ҷамъиятамон ба хотираи роҳбари Ӯзбекистони соҳибистиқлол гардид.
Бинобар таомул Қуръон тиловат карда шуд. Ҳаёт ва фаъолияти Ислом Каримов, орзуву саъю кӯшиш, хидматҳояш бобати таъмин кардани сулҳу осоиш дар мамлакат зикр гардид.
Дар маросими гулгузорӣ аъзои парлумон ва ҳукумат, арбобони илм ва маданият, намояндагони зиёиён, ҷавонон иштирок карданд.

Дар шаҳри Самарқанд бахшида ба хотираи Нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов чорабинӣ ба амал омад.
Мувофиқи қарори Президент Шавкат Мирзиёев «Дар бораи абадӣ гардондани хотираи Нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Абдуғаниевич Каримов» аз 25 январи соли 2017-ум 2 сентябр дар мамлакатамон Рӯзи хотираи Нахустин Президент Ислом Каримов эълон шуда буд. Дар ин рӯз баргузор намудани чорабиниҳо ба муносибати поси хотири ин инсони бузург, омӯхтани фаъолияти ҳаётии ӯ ба анъана табдил ёфтааст.
Соли ҷорӣ низ ба муносибати ин санаи муҳим бахшида ба хотираи Нахустин Президент дар тамоми мамлакат, аз он ҷумла дар Самарқанд, ки Ислом Каримов ба дунё омада, ба воя расидааст ва дар ин ҷо ба хоби абадӣ рафтааст, чорабиниҳо гузаронда мешаванд.
Роҳбарияти ҳокимияти вилояти Самарқанд, созмонҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, намояндагони ҷомеаи васеъ мақбараи Ислом Каримовро зиёрат карданд. Ояте аз Қуръон қироат карда шуд.
Ҷамъомадагон хидматҳои Ислом Каримовро дар роҳи муваффақ гардидан ба истиқлолият ва гулгулшукуфии мамлакатамон ба хотир оварданд. Корҳои васеъмиқёсе, ки бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев оид ба абадӣ гардондани хотираи Нахустин Президент татбиқ мегарданд, алоҳида қайд гардиданд. 
Аз ҷумла, дар шаҳрҳои Тошканд, Самарқанд ва Қаршӣ ҳайкалҳои Ислом Каримов гузошта шуданд. Як қатор объектҳои бузург, кӯчаҳои марказии мамлакатамон ба шарафи арбоби бузурги давлатӣ ва сиёсӣ номгузорӣ шуданд. 
Баъд аз зиёрати мақбараи Ислом Каримов намояндагони ҷомеаи васеъ ба пояи ҳайкали асосгузори давлати соҳибистиқлоламон гул гузоштанд. 
– Ислом Каримов дар таърихи мамлактамон ба сифати асосгузори Ҷумҳурии Ӯзбекистони мустақил, ки дар давраҳои мураккаб бехатарии мамлакатро таъмин намуда, барои ояндаи он пойгоҳи мустаҳкам гузоштааст, нақши алоҳида дорад, – мегӯяд профессори Донишкадаи иқтисодиёт ва сервиси Самарқанд М. Пардаев. – Ин инсони бузург аз қалби халқ амиқ ҷой гирифт. Аз ин рӯ  ҳамватанонамон ӯро ҳамеша бо эҳтиром ба ёд меоранд. Имрӯз аз ҳарвақта серодам будани мақбараи Ислом Каримов ва майдоне, ки дар Самарқанд ҳайкали ӯ гузошта шудааст, далели фикрамон мебошад. 
Дар чорабинӣ ҳокими вилояти Самарқанд Э. Турдимов нутқ эрод кард.

Ғолиб ҲАСАНОВ,
мухбири ӮзА.


Дар назди ҳайкали Нахустин Президент Ислом Каримов дар шаҳри Қаршӣ кормандони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, арбобони илм, маданият, адабиёт ва санъат, ҷавонон ҷамъ омаданд.
Намояндагони ҷомеа таҳти сарварии ҳокими вилоят Зафар Рӯзиев ба пояи ҳайкали Ислом Каримов гулҳо гузошта, хотираи ӯро пос доштанд.
– Дар фаъолияти Нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, фарзанди барҷастаи халқамон Ислом Каримов давраи раҳбарии вай ба вилояти Қашқадарё нақши алоҳида дорад, – мегӯяд раиси Иттиҳодияи иттифоқҳои касабаи вилоят Эсон Раҷабов. – Ислом Абдуғаниевич вилоятро аз таназзул бароварда, онро ба роҳи пешрафт равона намуд, ба ин замин меҳри алоҳидаи фарзандӣ дошт. Сокинони Қашқадарё амиқ эҳсос менамоянд, ки дар солҳои истиқлолият чӣ гуна вилоят ба минтақаи иқтисодиёташ устувор ва саноаташ пешрафта табдил ёфт. Тамоми корҳои неки барои баланд бардоштани дараҷаи зиндагии аҳолӣ, бунёдкорӣ, некӯҳолии халқ  ба номи Ислом Каримов вобаста мебошанд. 
– Хотираи дурахшони Нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов, ки бо сифатҳои олиҷаноби худ барои мо рамзи муҳаббат ва садоқат ба Ватан гардид, дар қалбҳоямон абадӣ боқӣ мемонад.

Ӯлмас БАРОТОВ, 
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: