Тавре ки пештар хабар дода будем, Президенти Ҷумҳурии Куриё Мун Чжэ Ин бо ташрифи давлатӣ дар мамлакатамон меҳмон мебошад.
Дар доираи сафари дараҷаи олӣ рӯзи 20 апрел дар шаҳри Тошканд маросими мутантани кушоиши Хонаи маданият ва санъати корейс баргузор шуд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Куриё Мун Чжэ Ин бо ҳамсарони худ ин хонаи дӯстӣ ва маданиро боз карданд.
– Дар симои ин иншооти муҳташам, ки ба ҳусни пойтахт ҳусн зам менамояд, дастовардҳои замонавии меъморӣ ва маданияти анъанавии корейсҳо муҷассам шудааст. Ин мавзеъ исботи равшани мустаҳкамии дӯстии халқҳо ва дараҷаи баланди муносибатҳои байни халқҳоямон мебошад, — гуфт роҳбари давлати мо.
– Маркази мазкур майдони дӯстӣ, аҳлӣ ва ҳамҷиҳатӣ аст. Фикр мекунам, он барои намояндагони миллати куриё, онҳое, ки дар ин ҷо кор мекунанд ва умуман, тамоми ӯзбекистониён хонаи умумӣ мегардад. Ҳаммонандиҳои зиёд халқҳоямон ва риштаҳои дӯстии моро пайванд мекунанд, – гуфт Мун Чжэ Ин.
Дар саҳна асари бадеие, ки ба кишвари мо кӯч бастани куриёиҳо ва зисту зиндагии халқҳоямонро ифода мекунад, намоиш дода шуд.
Маълум аст, ки соли 1937 аз Шарқи Дур даҳҳо ҳазор куриёиҳо ба мамлакатамон кӯчонида шудаанд. Бо вуҷуди душвориҳои он замон мардуми Ӯзбекистон онҳоро бо дили кушод қабул кард, барояшон сарпаноҳ дод, меҳрубонӣ зоҳир намуд.
Куриёиҳо бино бар меҳнатдӯстиву иродаи қатъӣ дар кишвари мо Ватани дуюми худро пайдо карданд. Онҳо имрӯз барои тараққиёти Ӯзбекистон, ки барои ҳамаамон Ватани ягона аст, сидқидилона меҳнат мекунанд.
Намояндагони куриёӣ қисми ҷудонопазири халқи сермиллати Ӯзбекистон буда, дар тамоми чорабиниҳои оммавиву мадание, ки дар мамлакат ба тарзи анъанавӣ баргузор мешаванд, фаъол иштирок менамоянд.
Дар «Боғи дӯстӣ»-и пойтахт ба сифати нишони кушодадилӣ, самимият ва ғамхорӣ, ҳаёти орому осудаи сарзамини саховатманди Ӯзбекистон муҷассамаи ёдгорӣ гузошта шудааст.
Ҳоли ҳозир дар кишвари мо беш аз 180 ҳазор ҳамватанони ба миллати куриёӣ мутааллиқ зисту зиндагӣ мекунанд. Тақрибан сесад нафари онҳо бо мукофоти олии давлати мо тақдир гардидаанд.
Дар мамлакат чун тамоми миллат ва халқиятҳои дигар барои ҳамватанони куриёӣ низ баҳри инкишоф додан ва ҳифз намудани маданияти миллӣ, забон, урфу одат ва анъанаҳояшон тамоми шароитҳо фароҳам оварда шудаанд. Дар кишвар даҳҳо маркази мадании куриёиҳо фаъолият доранд. Ғайр аз ин, дар 12 муассисаи таълими олӣ филологияи куриёӣ, 48 мактаб ва литсей забони корейсӣ омӯзонида мешавад.
Ба забони куриёӣ китоб ва рӯзномаҳо чоп мешаванд, намоишнома, консерт ва ҷашнвораҳо, мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мегарданд.
Роҳбарони давлатҳо бо намоишномаи асарҳои рассомони куриёиҳои ӯзбекистонӣ шинос шуданд.
Бунёди Хонаи маданият ва санъати Куриё, ки ҳоли ҳозир ба ҳусни пойтахтамон меафзояд, се сол муқаддам оғоз ёфта буд. Дар маросими гузоштани хишти аввали он Шавкат Мирзиёев низ иштирок дошт.
Хонаи маданият ва санъати Куриё дорои толори кинову консерт барои 478 нафар тамошобин, китобхона, нигористони бадеӣ, тарабхона, хонаҳои хидматрасонӣ мебошад. Вай ба мавзеи ҳамоиши ҷамоа ва ҷавонон, маскане, ки маданиятҳои муштараки моро ғанӣ мегардонанд, табдил хоҳад ёфт. Ин рӯз дар таърихи муносибатҳои давлатҳои шарики махсуси стратегӣ – Ӯзбекистон ва Куриёи Ҷанубӣ боз як саҳифаи таърихӣ хоҳад шуд.
Президенти Ҷумҳурии Куриё Мун Чжэ Ин дар нимаи дуюми рӯз ба шаҳри Самарқанд рафт.
Президент Шавкат Мирзиёев ва Президент Мун Чжэ Ин бо ҳамсарони худ обидаҳои таърихии Самарқандро тамошо карданд. Роҳбарони давлатҳо аввал аз расадхонаи Мирзо Улуғбек боздид ба амал оварданд. Набераи азизи Амир Темур Муҳаммад Тарағай Мирзо Улуғбек ҳамчун мунаҷҷиму олими бузург ва ҳукмрон ба пешрафти илму фан ва фарҳанг саҳми бузург гузоштааст. Вай ҳанӯз дар асрҳои миёна расадхонаи нодире бунёд карда, ҷисмҳои осмониро дақиқ омӯхтааст. Асари ӯ «Зичи ҷадиди Кӯрагонӣ» дар рушди илми нуҷумшиносӣ ба сифати дастури муҳим хидмат мекунад.
Таъкид шуд, ки куриёиҳо дар бораи Мирзо Улуғбек маълумот доранд, ҳар шахсе, ки ба ин ҷо омадааст, бешубҳа, дониши худро нисбат ба зеҳн, илму фан, ки дар он саҳми гузаштагони мо зиёд мебошад, афзун хоҳад кард.
Президентҳои Ӯзбекистон ва Куриёи Ҷанубӣ осорхонаи «Афросиёб»-ро тамошо карданд. Осор ва нигораҳои девории осорхонаи мазкур, ки дар бораи таърихи сеҳазорсолаи шаҳри Самарқанд ҳикоя мекунанд, сайёҳони тамоми олам, аз ҷумла куриёиҳоро ба худ ҷалб менамоянд. Зеро дар яке аз нигораҳои девории асри VII маросими аз ҷониби ҳокими Самарқанд қабул гардидани сафири Куриёи қадимӣ – Когурё мунъакис шудааст.
Президенти Куриёи Ҷанубӣ ин нигораи таърихиро бо ҳайрат ва эътибори зиёд тамошо карда, таъкид намуд, ки робитаҳои байни халқҳоямон таърихи дуру дароз доранд ва бояд ин дӯстиву ҳамкорӣ минбаъд ҳам идома ёбад.
Дар ҳамин ҷо, дар ҳузури роҳбарони давлат дар байни Фарҳангистони улуми Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маъмурияти мероси мадании Ҷумҳурии Куриё дар соҳаи мероси маданӣ меморандуми ҳусни тафоҳум ба имзо расид.
Майдони машҳури Регистон боз як мавзеест, ки салоҳияти бузурги бунёдкории гузаштагони моро нишон медиҳад. Шукӯҳу шаҳомат ва меъмории ба худ хоси мадрасаҳои Мирзо Улуғбек, Шердор ва Тиллокорӣ боиси ҳайрат ва ҳаваси тамошобинон мегарданд.
Президенти Ҷумҳурии Куриё низ мадраса ва масҷиди Тиллокории воқеъ дар Регистон, намоишгоҳи маҳсулоти ҳунармандии миллиро тамошо кард. Ба меҳмони воломақом дар бораи таърихи бунёди мадраса, мазмуни нақш ва рамзҳои пештоқҳо нақл карданд.
Дар ҳамин ҷо сайёҳоне, ки ба зиёрати маҷмӯа омадаанд ва аҳолии шаҳри Самарқанд президентҳои Ӯзбекистон ва Куриёи Ҷанубиро бо кафкӯбиҳо истиқбол намуданд.
Бояд таъкид намуд, ки Ҷашнвораи байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ»-ро, ки ба ҷашни бонуфузи санъати халқҳои дунё табдил ёфтааст, бидуни майдони Регистон наметавон тасаввур кард. Дар ин чорабиние, ки дар ду сол як бор баргузор мегардад, ҷа-моаҳои мусиқии Куриёи Ҷанубӣ низ мунтазам иштирок намуда, натиҷаҳои баландро ба даст овардаанд. Чунончи, соли 2017-ум дастаи Бунёди ҳифзи сурудҳои халқии Геосонги ин мамлакат сазовор ҷойи аввал гардида буд. Соли равон дар Регистон ҷашнвораи байналхалқии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» бори дувоздаҳум баргузор мегардад ва дар он ҷамоаҳои куриёӣ низ иштирок хоҳанд кард.
Ҳангоми зиёрати мақбараи Амир Темур ба меҳмонон дар бораи сиёсати давлатдорӣ, маҳорати ҳарбии ниёи бузурги мо, робитаҳои дипломатии байни кишварҳои мухталиф нақл карда доданд. Ба меҳмонон Амир Темур ва давлати хеле бузург будани давлати Темуриён, дар замони худ, кишвари бузург ва мутараққӣ будани он таассуроти азим гузошт.
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Куриё Мун Чжэ Ин дар Ӯзбекистон идома дорад.
ӮзА.