ЭҲТИРОМ БА МУҲАДДИСИ БУЗУРГ

Қарни 9-уми милодӣ дар рушди илми ҳадисшиносӣ давраи тиллоӣ ба шумор меравад. Боиси хушнудист, ки ҳамватани мо, алломаи Шарқ Имом Бухорӣ бо «Ал-ҷомеъ-ас-саҳеҳ», ё «Саҳеҳи Бухорӣ»-и худ дар олами дини мубини ислом машҳур шудааст.

Чанде пеш мо ба деҳаи Хартанг сафар кардем, ки онҷо қабри аллома мавҷуд аст.

Зиёратгоҳи мазкур дар ноҳияи Пайариқ ҷойгир буда, роҳи мумфарш, васеъ, равон, ки дар ду бари он дар тирамоҳи заррину хазонрез низ гулҳои тару тоза нашъунамо доранд, диққату эътибори касро ба худ мекашад.

Чунин ба назар мерасад, ки барои бунёди шаҳраки замонавӣ ба ин ҷо сохтмончиён ва тамоми техникаи пуриқтидор ҷалб карда шудаанд.

– Ин корҳои ободонсозӣ бо ташаббуси сарвари давлат оғоз ёфтанд, – мегӯяд котиби матбуоти маҷмааи Имом Бухорӣ Шерзод Маматов. – Ҳар боре, ки Президент ба шаҳри Самарқанд ташриф фармоянд, албатта, қабри алломаи бузурги ҳадисшинос Имом Бухориро зиёрат мекунанд. Бо таклифу пешниҳодҳои судманди муҳтарам Шавкат Мирзиёев мутахассисони соҳаи меъмории ҷумҳурӣ ва хориҷӣ ба ин кори хайр ҷалб шудаанд.

 Имрӯзҳо бинокорони гулдаст дар се баст кор мекунанд, то дар арафаи иди Наврӯзи оламафрӯз маҷмаа ба истифода супурда шавад. Барои бунёди шаҳраки замонавӣ 6 гектар замин ҷудо карда шуд, ҳоло масҷид барои 10 ҳазор намозгузор, чаҳор манора, ки баландии ҳар кадом 75 метр аст, 7 меҳмонхона, 20 меҳмонхонаи оилавӣ, 3 чойхона, истгоҳ барои нақлиёти ҷамоатӣ ва шахсӣ, иншооти гуногуни хидматрасонӣ сохта мешаванд.

Мақбараи Имом Бухорӣ низ симои худро тағйир медиҳад. Ба ҷойи мақбараи аввал, ки масоҳаташ 9 бар 9 ва баландиаш 10 метр буд, мақбараи нав дар сатҳи 14 бар 14 ва баландии 25 метр бунёд шуд, дар атрофаш боғи сайругашт ва дар он ниҳолҳои гуногуни мевадеҳу манзаравӣ нишондем.

Шерзод Маматов таъкид намуд, ки дар шафати маҷмӯаи навбунёд Маркази байналхалқии тадқиқотии илмию амалии Имом Бухорӣ низ ҷойгир аст, ки бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ ва ташаббуси Президент ташкил ёфт. Ҳоло дар ин маскани маърифат толибилмони на танҳо кишвари мо, балки давлатҳои хориҷӣ низ сабақ мегирад.

– Замоне ҳамватанамон Имом Бухорӣ барои дониш омӯхтан ба мулки араб азми сафар карда буд, – гуфт мудири шуъбаи нашрияи марказ Санҷарбек Ҷуманов, – ҳоло, баъди ба истиқлол расидан донишомӯзон ба Самарқанд меоянд. Дар маскани мо барои хондан, зистан ва истироҳат кардану бо варзиш машғул шудан тамоми шароит мавҷуд. Мо бо дастхатҳои нодир ва китобҳои муқаддаси китобхона ҳар қадар ифтихор кунем, меарзад. Дар ҷевони китобхонаи мо 43 номгӯй асарҳои султони ҳадисшиноси олам, фарзанди фарзонаи Бухорои шариф, алломаи Шарқ Имом Бухорӣ, 655 дастнависи қадима, 134 ҳазор адад нусхаҳои электронии дастнависҳои олимону пажӯҳишгарон нигоҳдорӣ мешаванд, ки як қисми онҳо аз хориҷа оварда шудаанд. Риштаҳои дӯстиву ҳамкорӣ бо Ҳиндустон, Миср, Арабистони Саудӣ, Англия, Русия, Амрико, Ҷопон ва дигар кишварҳои ҷаҳон сол то сол мустаҳкамтар мешаванд.

Дар тӯли солҳои охир бо ташаббуси маркази мо 670 тадбиру анҷумани илмию амалӣ гузаронида шуданд. Дар марказ 8 нафар рисолаи номзадиро дифоъ кардаанд. Қариб 20 нафар бо корҳои илмӣ машғул ҳастанд.

– Хуб мешуд муштариёни «Овози тоҷик»-ро бо иртибот ба ин мавзеъ бо Имом Бухорӣ шинос мекардед.

– Имом Бухорӣ ҷумъаи 13-уми шавволи соли 194-уми ҳиҷрӣ, мутобиқ ба 21-уми июли соли 810-уми милодӣ чашм ба олами ҳастӣ кушода, аз бачагӣ ба илми ҳадисшиносӣ шавқу ҳавас зоҳир намуд. Вай ҳофизаи қавӣ дошт, дар ҳафтсолагӣ Қуръонро ҳифз кард, дар 10-солагӣ аллакай ҳазорҳо ҳадисро азёд медонист.

Чун 16-сола шуд, бо ҳамроҳии модар ва бародараш Аҳмад азми сафари ҳаҷ намуд. Ӯ дар назди Имом Аҳмад ибни Ҳанбал, ки 30 ҳазор ҳадисро медонист, таҳсил гирифт. Воқеан, ба қавли худи Имом Бухорӣ, ӯ тӯли қариб 20 сол аз 1800 устоди соҳибтаҷриба ва донишманду машҳури замонаш сабақ гирифтааст.

Дар бораи нируи ҳофизаи Имом Бухорӣ нақл мекунанд, ки дар Бағдод, ҳангоми ҷамъ омадани беш аз 400 нафар донандагони ҳадис, ӯ ба нақли онҳо иловаҳо дароварда, ровиёнро тавре номбар кардааст, ки дар ҳеч санад ё худ матн заррае нуқсон роҳ надодааст.

Ривоят ҳаст, ки амири Бухоро Абутоҳир Аз-Зуҳлӣ аз ӯ хоҳиш мекунад, ки ба дарбор рафта, ба фарзандони вай таълиму тарбият диҳад, вале аллома аз ин кор рӯ тофта озими Самарқанд мешавад. Дар маҳаллаи Хартанг чанд муддат дар оилаи хешу пайвандон умр ба сар бурда, дар ҳамин ҷо соли 870 вафот кардааст.

Дар замони ҳукмронии давлати шӯравӣ мақбараи Имом Бухорӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ афтода, ба харобазор табдил ёфта буд.

Хушбахтона, Президенти мамлакати Индонезия ҷаноби Сукарно соли 1967 ба Маскав омад ва гуфт, ки нияти зиёрати қабри Имом Бухорӣ дорад. Баъд аз ин собиқ роҳбарони Ӯзбекистон ба корҳои ободонию кабудизоркунӣ ва ба тартиб овардани зиёратгоҳи мазкур машғул шуданд.

Соли 1974 дар Самарқанд бахшида ба 1200-солагии Имом Бухорӣ анҷумани байналхалқӣ ба вуқӯъ пайваст.

Вале бояд эътироф кард, ки корҳои муҳими ободонию дигаргуниҳои азим маҳз солҳои охир муташаккилона ба роҳ монда шуданд.

Аз соли оянда маҷмааи Имом Бухорӣ сайёҳони хориҷиро низ қабул мекунад.

Зоҳир Ҳасанзода,

хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: