Мактаб дар ҳама давру замон ҷойи муқаддас ба ҳисоб меравад, ки дар он ҳар яки мо дониш андӯхта, роҳи ҳаёти худро меёбем.
Маҳз дар ин ҷо дониш, ҷаҳонбинӣ, маънавият, тафаккур ва худшиносии мо меафзояд. Дарси садоқат ба ғояи истиқлол, ватанпарварӣ меомӯзем. Аз ин рӯ, мактаб дар ҳаёти мо нақши муҳим дорад.
Мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 329-уми ноҳияи Янгиҳаёти шаҳри Тошканд низ барои ҷавонони ҳудуд даргоҳи муқаддас маҳсуб меёбад. Бинобар гуфти директори мактаб Умеда Орифова мактаби мазкур соли 2018 ташкил ёфтааст, ки соли ҷорӣ ба фаъолияти он 5 сол пур мешавад. Мактаб бо се забон фаъолият мебарад. Имрӯз дар ин даргоҳ зиёда аз 100 нафар омӯзгор ба беш аз 1700 нафар хонандагон таълиму тарбия медиҳанд. Дар мактаб бо ташаббуси омӯзгорон чорабиниҳои маърифатӣ ва фарҳангӣ баргузор мешаванд, ки дар он хонандагони мактаб фаъолона иштирок мекунанд.
Чорабиние, ки бо ташаббуси роҳбарияти мактаб бахшида ба 582-юмин солгарди зодрӯзи Алишер Навоӣ таҳти мавзӯи «Эҳтиром ба Навоӣ» баргузор шуд, хеле хотирмон гузашт. Дар он мудири шуъбаи таълими халқи ноҳия Шерзод Тоҷиев, фаъолони ҳокимият, хонандагони мактаб ва падару модарон иштирок карданд.
Дар чорабинӣ омӯзгорон ва хонандагон оиди зиндагӣ, фаъолияти эҷодӣ ва асарҳои Алишер Навоӣ маълумот доданд. Аз ҷониби хонандагон қироати шеъру ғазалҳои шоир бо се забон: ӯзбекӣ, англисӣ ва русӣ сурат гирифт, ҳамчунин саҳнаҳои «Таваллуди Навоӣ», «Навоӣ ва Гулӣ» бо маҳорати ба худ хос намоиш дода шуданд. Аз ҷумла, баромади рақсии гулдухтарони мактаб ба иштирокдорони чорабинӣ шукӯҳи тоза бахшид.
Дар поёни чорабинӣ ба хонандагони фаъол туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Далер АЗИЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».