ЭҲТИРОМ БА ПИРИ ХИРАД

Чанд сол пеш яке аз шиносҳои мунаққиди мо зодрӯзи худ ва хатнатӯйи набераашро гузаронд.

Баъде меҳмонон хестанд, гурӯҳе иборат аз аҳли илм ва адаб дар ҳуҷраи хоси тарабхона суҳбати худро давом доданд. Гули сари сабад шоир, нависанда ва драматурги номӣ Шукрулло (Шукрулло Юсуфов), ки дар боло, дар «курсии иззат» нишастааст. Тавре ба назар мерасад гӯё ӯ – соҳибҷашн. Ё вохӯрист бо вай. Ба ҳар савол бо мулоҳизоти том  ҷавоб медиҳад. Ва ё андешаманд дар ин бобат фикри ҳозирин мепурсад. 
Дар синну соле, ки ӯ дорад, парешонхотирӣ табиист. Вале ин дар мӯйсафеди навадучандсола ҳис намешавад. Чӣ ҷисм ва чӣ ақл ҳанӯз солим, ҳамон бардам ва бақувват аст.
Дар кунҷе хомӯш нишаста, аз суҳбати соҳибдилон бисёр чизҳоро барои худ кашф мекунам. Хусусан аз суханрониҳои бамаънии Шукруллобобо, ки ба маънои ҳақиқӣ адабиёти муосири ӯзбекро таърихи зинда аст. Оре, тӯли умри тӯлонӣ ба чиҳое шоҳид нашуд, чӣ рӯзҳое аз сар нагузаронд ин заҳматкаши майдони эҷод. Чӣ шиканҷаҳои рӯҳию ҷисмонӣ накашид айёме, ки бо туҳмат ба бадарғаву ҳабс – бандагию ғарибӣ ҳукм намуданд. Вале худро бой надод.
Бо сабр ва матонат кулли душвориҳо паси сар намуд. Дил ва рӯҳи бақувват, азм ва иродати оҳанин нишон дод.
Алҳол ҳар суҳбаташ барои соҳибзамонон – дарс. Дар бораи классиконамон ҳарф зада, «пири хирад»-ии онҳоро таъкид месозем. Шояд ба чунин ифода Шукруллобобо низ муносиб.
Вай соли 1921 дар шаҳри Тошканд таваллуд ёфт. Баъди таълими дабистон нахуст дар омӯзишгоҳи омӯзгорӣ, сонӣ дар Донишкадаи давлатии омӯзгории Тошканд таҳсил намуд. Чанд сол муаллимӣ кард.
Айни замон завқи эҷоди бадеӣ эҳсосаш ба ҷунбиш меовард. Шеъру ҳикояҳо менавишт ва дар нашрияҳои даврӣ ба чоп мерасонд.
Ҳанӯз қабл аз оғози Ҷанги дуввуми ҷаҳон вай чун шоир эътироф гашт. Вале ба роҳи васеи эҷодӣ баъди Пирӯзии бузург ворид гардид. 
«Дафтари аввалин»-и ӯ шеърҳои навмашқонаашро фаро гирифта бошад, соли 1949 «Садои қалб»-и вай ба даст ва дили доираи васеи китобхонон ҳарорат бахшид.
Шукрулло дар эҷоди достон низ маҳорати хуб доштанашро ба исбот расонд.
Дар нахустин поэмаи ӯ «Мӯйсафедон», ки дар мавзӯи азхудкунии заминҳои нав аст, қатори ҷавонон диловарона каланд задан, арақи ҷабин рехтани солхӯрдагон тасвир ёфтааст. Баъдтар бо эҷоди осори калонҳаҷми назмӣ, хусусан «Ду қулла» (1964), «Субҳи 26-ум» (1970) Шукрулло дар ривоҷи достонсароии ӯзбек саҳм гузошт.
Ш. Юсуфов дар бисёр рӯзнома ва маҷаллаҳо, нашриётҳои адабию бадеӣ самаранок фаъолият бурд. Дар таҳрир ва омодасозии маҷмӯаҳои аҳли эҷод хидмати шоён кард. Бисёр чеҳраҳои намоёни адаб, ки ба дараҷаи устодӣ расидаанд, ӯро бо меҳри тамом устод хонданд.
Тавре мутахассисони соҳа қайд мекунанд, дар эҷоди пурбаракати адиб тасвири масъалаҳои маънавию ахлоқӣ ҷойи муҳимро ишғол менамоянд. Беҳтарин фазилатҳои инсонӣ, воқеан, дар шеър ва сурудҳое, ки дар «Ҳаёти илҳомбахш», «То зиндагист», «Инсон ва накӯӣ», «Инсон – барои инсон» барин маҷмӯаҳои шеъриаш фароҳаманд, тараннум карда шудаанд.
Шукруллоро чун драманавис низ мешиносем. Дар саҳнаи як қатор театрҳои драмавии ҷумҳурӣ песаҳояш намоиш ёфта, миёни онҳо, хусусан, «Роҳи хатарнок», «Дуздони табассум», «Дуздро роҳзан зад» ном офаридаҳояш ба тамошобинон писанд омадаанд.
Қисме аз публитсистикаи ӯ солҳои пеш навишта шуда бошанд ҳам, дар мавзӯъҳои одоб ва ахлоқ, ки ҳастанд, ҳанӯз аҳамияти худ гум накарда, дар роҳи мустаҳкамсозии маънавияти ҳамзамонони мо хидмат менамоянд.
Барои бачаҳо, ҳамчунин, асарҳои ҷолиб офарид. Дунёи рангини бачаҳо дар шеърҳои бачагонааш зебою шево инъикос ёфтаанд. Хусусан, маҷмӯаҳои шеърии ӯ «Туҳфаи баҳор» ва «Ситораҳо» армуғони хуб барои наврасон аст.
Роҳи ноҳамвори зиндагиашро дар «Сандуқи ҷавоҳирот», «Рӯҳҳои зинда» барин романҳои хотиравиаш устодона тасвир намуд. Хусусан, «Бе кафан гӯрондашудагон» ном романи ӯ хеле  машҳур. Се асаре, ки зикр шуд, молик ба характери автобиографӣ буда, гуфтан мумкин, якдигарро пурра мекунанд, ки дар маҷмӯъ онҳоро трилогия гуфтан мумкин.
Вақте ӯро бо ҷинояти сиёсӣ айбдор сохтанд, ҳамагӣ сӣ сол дошт. Вай  дучори азобу уқубатшавии Усмон Носирро, ки гирифтори тазйиқ шуда буд, дар қалб ҳис кард, вале дар гӯшаи хаёл надошт, ки ӯро низ ба чунин аҳвол гирифтор мекунанд. 
– Мақсуд Шайхзода ва Ойбек низ ба туҳматҳои хушк дучор ва рӯзҳои вазнинро аз сар гузаронда, ба дард печиданд. Саломатӣ бой дода бошанд ҳам, аз қалам ва дафтар дур нашуданд, дар равнақи адабиётамон хидмати сазовор намуданд, – мегӯяд ӯ.
Шукрулло аз фазилатҳои олии инсонии Одил Ёқубов бо ҳассосият ёд оварда:
– Инсони оддӣ буд, оддӣ зист. Одил дарвеш буд, вале шоҳкорӣ кард, – мегӯяд табассуми кушод дар чеҳра. – Оиладӯст, ки буд, дар мавзӯи оила ва муҳаббат асарҳои зиёди дилпазир эҷод кард.
Шукрулло ва Одил Ёқубов, зимнан, дӯстони наздики оилавӣ буданд.
Тӯйи арӯсии Шукрулло ва Мунаввараая соли 1942 ба вуқӯъ пайваст. Ду фарзанд диданд. Мунаввараая ба фарзанди сеюм обистан буд, ки шавҳарашро бадарға карданд.
Соли 1951. Дар идора машғули кор буд телефон занг зад. Гӯширо бардошт ва нафаре таъҷилӣ вохӯрданашро таъкид сохт. Вохӯрданд. Ва...
То соли 1954 ӯро дар ҳабс нигоҳ доштанд. Озод карданд, аз Сибир ба Ӯзбекистон баргашт. Вале дере нагузашта боз ба ҳабс гирифтанд.
Ҳамин тавр, вай шиканҷаи табъид кашид. Дар ҷангалистонҳои барфпӯши Сибир, паси панҷараҳо, чӣ тавр ба хорию зиллат дучоршавии чӣ қадар бегуноҳонро шоҳид гашт. Зиндагии бадтар аз маргро хонанда бо мутолиаи романҳо, хусусан «Бе кафан гӯрондашудагон» тасаввур карданаш мумкин.
Боз як зарбаи ҷонкоҳ ҳис кард – соли 2018 ҳамсараш аз олам гузашт. Ба Мунаввараая умри  дароз насиб кард. Мурдан – ҳақ. Бо вуҷуди ҳамин торе аз қалби дардкашидаи Шукрулло канда шуд. Андак не, охир, 77 сол ба як болин сар монданд онҳо!
Ба наздикӣ боз як эҳтиром ба Шоири мардумии Ӯзбекистон, лауреати Мукофоти давлатӣ Шукрулло зоҳир гашт – вай бо ордени «Меҳнат шуҳрати» мукофотонида шуд.

М. ШОДИЕВ. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: