Ба набардҳои шадиди зидди фашизм танҳо аз вилояти Самарқанд беш аз 152 ҳазор нафар сафарбар шуда,73 ҳазор нафарашон ба зодгоҳ баргаштанд.
Ҳоло дар Самарқанд фақат 5 иштирокдори Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ зиндаву саломатанд ва даври пирӣ меронанд.
Рӯзи хотира ва қадр ҳокимияти вилоят бо вакилони ташкилоти ба мудофиа кумакрасони Ӯзбекистон – «Ватанпарвар» ва намояндагони дигар муассисаҳои ҳуқуқу тартибот, мактабу кӯдакистон ба манзили ҳар кадоми онҳо рафта, табрик кард ва туҳфаҳои хотиравӣ супурд.
Ба Раҳматбобо Қобилов, Раҳим Юсупов аз ноҳияи Каттақӯрғон, Аҳадбобо Очилов аз ноҳияи Самарқанд, Бурон Гадоев аз ноҳияи Ургут, Михаил Колмагоров аз шаҳри Самарқанд аз номи сарвари давлат 20 миллион сӯмӣ пул ва туҳфаҳои қиматбаҳо бо гулдастаҳои тару тоза тақдим карда шуд.
Мактаббачагон дар либоси низомӣ бо сурудҳои солҳои ҷавонии ватанпарварони диловар табъи онҳоро болида сохтанд.
Мо сокини маҳаллаи Арабхонаи ноҳияи Самарқанд, омӯзгори собиқадор Аҳадбобо Очилови садсоларо бо санаи хотирмон аз номи мухлисони рӯзномаи «Овози тоҷик» муборакбод намудем.
– Ман соли 1942 дар саҳро каланд мезадам, – гуфт ӯ, – аз комиссариати ҳарбӣ хабар доданд, ки даъватӣ ҳастам. Он айём 17-сола будам. Дар Туркманистон касби рондани танкро омӯхтам. Донистани забони русӣ кор дод. Маро сардори гурӯҳ таъин карданд, вазифаи тарҷумонӣ низ ба зиммаам гузошта шуд.
Барои аз душман озод кардани Қафқози Шимолӣ, Украина, Молдова, Руминия, Полша иштирок карда, нашъаи ғалабаро дар Берлин чашидам.
Мо бо Аҳадбобо дар суҳбат будем, ки як гурӯҳ хонандагони мактабҳои гирду атроф омада, ӯро табрик ва туҳфаҳои хотиравӣ супурданд ва суруду таронаҳои дилошӯб иҷро кардаанд.
– Ман аз ғамхории Президент муҳтарам Шавкат Мирзиёев миннатдор ҳастам, – бо ҳисси шодмонӣ гуфт Аҳадбобо Очилов, – табибон дар атрофам парвона. Духтарон, келинҳо таомҳои парҳезӣ тайёр мекунанд, гоҳ-гоҳ ҳамгузарҳо омада мераванд.
Тавассути «оинаи нилгун» сафари Сарвари давлатамонро ба шаҳри Маскав дида хурсанд шудам.
Ҳамеша даст ба дуо бардошта аз Парвардигор оромӣ, осоиштагӣ, барору баракоти кори деҳқону боғбонро мепурсам.
Мо ҳам ба пири барнодил Аҳадбобо Очилов тамоми хушиҳоро таманно дорем, ҳамеша сиҳҳату саломат бошед.
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Самарқанд.
Дар акс: Аҳадбобо Очилов.
Аксбардор: Баҳодури ЗОҲИР.