Баҳори соли 2016 моро насиб гардид, ки бино ба даъвати Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи як гурӯҳ адиб ва олимони тоҷики Ӯзбекистон дар тантанаҳои ҷашни Наврӯз ва Анҷумани адибони ҳавзаи Наврӯз иштирок намоем.
Тибқи барнома, баъди тантанаҳои идона дар Душанбешаҳр, мо бо ҳамроҳии як гурӯҳ меҳмонони хориҷӣ ва адибону олимони Тоҷикистон дар тантанаҳои Наврӯзи диёри шоири шаҳир Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ дар Зосун ва зодгоҳи Камоли Хуҷандӣ – Хуҷанди бостон низ иштирок кардем.
Дар ибтидо мо боздидро аз осорхонаи таърихӣ шурӯъ намудем. Зани оқилаву хушгуфтор Иноят Мирзоева – хатмкардаи бахши суханшиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, ки таърихи диёрро хеле хуб медонад, моро ба ин осорхона роҳбаладӣ намуда, аз таърихи бунёди он, нақшу пайкара ва осори боқимандаи аҷдод, ки аз ҳар ҷойи Тоҷикистон ба туфайли кофтукови ҳафриётӣ ба даст омадаанд, ҳикоят кард. Ҷолиби диққат аст, ки ҳар як пайкараву тасвири осорхона аз ҷониби мусаввирон ва пайкарасозони маҳаллӣ бо сангҳои рангаи кӯҳистони Тоҷикистон сохта ва ороиш дода шудаанд.
– Кӯҳҳои Тоҷикистон бой. Дар ин ҷо тамоми маъданҳое, ки дар ҷадвали Менделеев ҳастанд, мавҷуд мебошад, – бо камоли мамнуният гуфт ин зани донишманд. – Хуҷанд шаҳри зебост. Беҳуда нест, ки онро «Тирози ҷаҳон» гуфтаанд. Дар ин ҷо бузургони зиёде гузаштаанд. Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик барои шарафи ин шаҳр муборизаи шадид бурдааст. Камоли Хуҷандӣ бо ашъори дилпазири худ онро ба олам машҳур кард. Хуҷанд шаҳри дӯстӣ, ваҳдат, шаҳри шоирону олимон, ифтихори Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.
Нақшу нигори шифту деворҳои осорхона аз рӯзгори одамони давраҳои гуногун – асри сангу биринҷӣ, замони Зардушту Искандар, истилои арабу муғул то рӯзҳои мо ҳикоят мекунанд...
Баъд ба боғи Камоли Хуҷандӣ рафтем. Моро раиси шуъбаи вилоятии Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон Аҳмадҷон Раҳматзод ва донишманди ҷавон, раиси «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» Фахриддини Насриддин ҳамроҳӣ карданд. Дар ибтидо мақбараи Хоҷа Камолро зиёрат карда, ба рӯҳи покаш дуои фотиҳа хондем.
Вақте аз хона-музейи шоири шаҳир дидан кардем, ин байтҳои шоир, ки мискину бенаво дар ғарибӣ аз олам гузаштааст, ба ёд омад:
Дар даври замон лаҳзае оромиш нест,
Дунёи данӣ макони осоиш нест.
Ин иззату ҷоҳу шавкату мансабу мол
Аз баҳри башар ба ғайри олоиш нест.
Ин осорхона бо қарори ҳукумати вилояти Суғд ва сарварии раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода (ҳоло ҳокими вилояти Суғд) бунёд гардида, дар он тарзу усули ҳавлию хонасозии замони Хоҷа Камол риоя шудааст.
Ҳавлӣ аз қисмҳои дарун, берун ва боғ иборат буда, ба он аз дарвозаи чӯбини кандакоришуда медароед. Пеш аз даромадан, зулфини дарро тақ-тақ мезанед. Дар як табақи дарвоза зулфин барои мардон, дар табақи дигар барои занон овехтаанд. Роҳбалади мо Иноятхон маънои ҳар яки онро фаҳмонд: агар дар ҳавлӣ танҳо занон бошанд, ба он ҷо даромадани мард мумкин нест. Занҳо бояд ҳалқаи барои занон муқарраршударо кӯбанд, ки овозаш маҳину пасттар аст...
Сонӣ мо вориди ҳавлии берун шудем, ки дар даромадгоҳ меҳмонхона дорад. Дар ин ҷо китобхона ва дарсхонаи шогирдон ҳам ҳаст. Мо дар ҳамин дарсхона бо мухлисони каломи бадеъ, адибон ва эҷодкорони ҷавон, ворисони сухангӯю сухансанҷи Камоли Хуҷандӣ дар мулоқот шудем. Фахриддин бо навбат ба мо сухан дод. Дар ибтидо меҳмони покистонӣ, донишманди адабиёти форсу тоҷик Орифи Навшоҳӣ, ки доир ба Хоҷа Аҳрори Валӣ ва адибони мумтози форс-тоҷик Алишери Навоӣ-Фонӣ, Камоли Хуҷандӣ ва чанде дигар тадқиқоти зиёде анҷом додааст, суханронӣ кард. Сипас муаллифи ин сатрҳо оиди омӯхтани эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ дар Ӯзбекистон, аз ҷониби ҳофизону овозхонони Ӯзбекистон суруда шудани шеърҳои Камол, тарҷумаи ашъори ӯ ба забони ӯзбекӣ сухан ронд. Ба бунёдгарони осорхона тасанно гуфта, ба кору фаъолияти «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» ва маҳфили адабии назди ин осорхона пирӯзиҳо орзу кардем. Адабиётшинос Шониёз Мусоев (рӯҳаш шод бод) оиди дар хазинаи дастхатҳо ва китобҳои нодири Ӯзбекистон маҳфузбудаи осори Камоли Хуҷандӣ сухан ронд ва олимони камолшиносу шарқшиноси Хуҷандро ба ҳамкорӣ даъват намуд.
Мо қарор додем, ки бо кормандони илмӣ ва ноширони «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ», ки чандин китоби гузаштагони моро мукаммалу хушсифат нашр кардаанд, оиди тадқиқу нашри осори адибону донишмандони Самарқанду Бухоро ҳамкорӣ намоем.
Таваҷҷӯҳ ба эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ дар Ӯзбекистон назаррас аст. Ғазалиёти пурмазмуни ӯ аз ҷониби шоир ва тарҷимони маъруф Олимҷон Бӯриев ба забони ӯзбекӣ баргардонда шудааст, ки ба ҷашни фархундаи шоир туҳфаи хубест.
Аслиддин ҚАМАРЗОДА,
устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Алишер Навоӣ.