Эҳтиром ба Турсунзода

Бахшида ба 110-солагии шоири маҳбуб ва мунодии сулҳу дӯстӣ, устод Мирзо Турсунзода дар Хона-музейи Садриддин Айнӣ тадбири фарҳангӣ доир гардид.

Бахшида ба 110-солагии шоири маҳбуб ва мунодии сулҳу дӯстӣ, устод Мирзо Турсунзода дар Хона-музейи Садриддин Айнӣ тадбири фарҳангӣ доир гардид.

Дар чорабинӣ, ки бо ташаббуси рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” дар ҳамкорӣ бо Маркази миллӣ-мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят гузаронида шуд, шоиру нависандагон, намояндагони ташкилотҳои давлатӣ ва ҷамоатӣ, хонандагони мактабҳо ва вакилони васоити ахбори умум иштирок карданд.
Тадбирро устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд, профессор Ҷумъа Ҳамроев ҳусни ифтитоҳ бахшида, дар бораи ашъори дилпазири шоир, муҳимтарин масъалаҳое, ки дар шеърҳои устод баррасӣ гардидаанд, ҳарф зад.
Инчунин, устоди Донишгоҳи давлатии Самарқанд Абдусалом Самадов роҷеъ ба паҳлӯҳои эҷоди шоир, нависанда А. Истад, олим Н.Маҳмудов, профессор А.Қамарзода, шоири зуллисонайн Н.Каримзода, директори Хона-музейи Садриддин Айнӣ А.Пӯлодов, раиси Маркази миллӣ-мадании тоҷик ва тоҷикзабонони вилоят А.Маҳмудов, сармуҳаррири рӯзномаи “Овози Самарқанд” Б.Раҳмонов ва дигарон оиди нақши Мирзо Турсунзода дар рушди адабиёт ва фарҳанг, нуфузи эҷодкор дар арсаи ҷаҳон, доираи мавзӯоти ашъори шоир фикру ақидаҳои худро гуфтанд. 
Ҳамзамон хонандагони мактабҳои ҳамагонии рақами 30, 18, 40 ва шогирдони маҳфили  “Журналист ва нотиқи  ҷавон”-и мактаби бачагонаи “Баркамол авлод”-и ноҳияи Самарқанд аз шеърҳои машҳури устод Мирзо Турсунзодаро, ки муҳтавояшон саршор аз нангу ғурури ватандорӣ, дӯстиву рафоқат, сулҳу осоиш ва хулқу атвори неки инсонӣ буданд, қироат намуда, хотири шоирро гиромӣ доштанд.
Дар поёни тадбири фарҳангӣ чанд суруди дилкаш аз эҷоди шоир пешкаши иштирокдорон гардонда шуд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
мухбири «Овози тоҷик».

Вилояти САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: