ЭҲТИРОМ БА УСТОД

Якбора ба хотири муаллими куҳансол Умарқул Болтаев расид, ки имрӯз яке аз шогирдонаш ба тӯйи фарзандаш хабар кардааст.

Якбора ба хотири муаллими куҳансол Умарқул Болтаев расид, ки имрӯз яке аз шогирдонаш ба тӯйи фарзандаш хабар кардааст. Вақти маърака ҳам наздик мешавад. Ҳозир бародарзодааш, раиси маҳаллаи Даштиобод Бурҳон Раҳмонов омада, амаки худро ба ҷойи дилхоҳаш мебарад. Ҳоло пирамард ба хулосае наомада, овози маҳину ширадори завҷааш Зӯҳробибӣ баромад:
– Бобоҷонаш, ду-се маротиба хабардор шудам, ки агар бедор бошед, соати тӯйро хотиррасон кунам... Ҳарчӣ худатон, ба фикрам, тайёрӣ мебинед.
– Диламро меёбеду мехонед-дия, бийиҷонаш. Канӣ бинед, мабодо риш расида бошад, гирем, гиребони куртаам гард нагирифта бошад... Шумо акнун чашми бинои ман, асои роҳравони ман... 
Зӯҳробибӣ ин дам хуб фаҳмид, ки соҳиби сараш аз камнурии дидагонаш ишорат мекунад.
– Бобоҷонаш, оби гарм тайёр, либосҳои оҳариатон «моро ҳам ба тӯй баред» гӯён саф кашида истодаанд. Ҳоло укамуллоям ҳам омада мемонанд.
– Илоҳо, ба пуштам монед, бийиҷонаш, – ба сӯйи ҳамсари меҳрубон бо лабони пуртабассум назар дӯхт муаллим ва афзуд. – Ҳа, зуд тайёр шудан даркор. Набошад, полковник Раҳмонов интизорӣ мекашад.
Муаллим полковники мустафъӣ, раиси маҳалла Бурҳон Раҳмоновро дар назар дошт.
Дар як лаҳза устод шустушӯ ва тағйири либос кард, ки садои сигнали «Дамас» баланд шуд.
– Эҳе, амакҷон, домоди таппа-тайёр шудед. Бийиҷон, (ҳамаи фарзандони хонадони Болтаевҳо шодравон Зӯҳробибиро бийиҷон мегуфтанд) агар амакама ягон кас гирифта гурезад, айби ман не, худатон Оғоча карда мондед, – хандон гуфт Бурҳонраис.
– Укамулло, шаст сол зиёд боз амакатон ҳамин хел базеб, тару тоза мегарданду ягон кас намедуздад. Акнун куҷо ҳам мераванд? Чӣ ҳам бошад, шумо бохабар шавед-дия... – Ҳама аз лутфи бийиҷон хандиданд.
Барҳақ, Умарқул Болтаев аз хурдсолӣ зираку гапдаро, зебосурату зукко буд. Коми ҳамаи фарзандонро падару модараш Болтақул Мансуров ва Хосият Мансурова бо нони ҳалол бардоштаанд. Аз ин рӯ, ҳамаи онҳо – Баҳронқул (шаҳиди Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ), Раҳмонқул – собиқадори ҷанг, муаллим, Мавлонқул – Муаллими шоистаи Ӯзбекистон, директори мактаб, Умедқул – чорводор, деҳқони асил, Ҳайдарқул – дорушинос, Зулфияву Маҳбуба – дӯзандаву пазандаи моҳир ба камол расиданд.
Худи Зӯҳробибӣ низ духтари Ғиёсбобои Кӯисахогӣ, хоҳари Исомиддинмуаллим буданд.
Вақте ки Умарқул Болтаев дар Дорулмуаллимин (ҳоло Донишгоҳи давлатии Самарқанд) донишҷӯ, муаллими мактабҳои кӯҳистони Миронқулу Оҳалик буд, заҳмати зиндагӣ барои оилаи ҷавон бори гароне буд. Сонӣ, дар мактаби 17-уми зодгоҳашон деҳаи Гулбоғ таи 50 сол муаллимӣ кард. Чун омӯзгори фанҳои дақиқ: математика, алгебра, геометрия ва физика шогирдони болаёқат тайёр намуд, ки ҳоло маҳбуби халқанд...
Ҳар он кас, ки гашт  шоҳ, 
вазир, олим,
Гирифт таълим аввал  аз 
муаллим.
Муаллим ҳеҷ гоҳ бо овози баланд ҳарф намезанад. Даст пеши бар, эҳтиромона бо «онаҷон», «бобоҷон» сухан мегӯяд. Аз ин рӯ, ҳама баробари дидан: «Хезед, устод Болтаев меоянд», гӯён ҳурматашро ба ҷо меоранд. 
Муаллим ҳар як шогирди худро бо аҷдоду насабаш гуфта метавонад. Аз рӯи овозу қиёфааш низ мешиносад. Суҳбати гуворое ба миён меояд.
Барои суҳбат ягон мисоли зиндагӣ лозим шавад, «Муаллими калон мегуфтанд, ки...», «Ба гуфти директорбобо...» гӯён сухани худро давом медиҳад. Атрофиён медонанд, ки Умарқулмуаллим бародарони худро дар назар дорад.
Вақте аз ҷамъомадҳои ҷашнӣ ё расмӣ ба хонааш меоянд, кадбону Зӯҳробибиро дами дарвоза медиданд.
– Дилам гувоҳӣ дод, ки Шумо омадед, – лутф мекард Зӯҳробибӣ.
Сад дареғ, ки ба қарибӣ завҷаи меҳрубони устод – Зӯҳробибӣ аз олам бармаҳал гузашт. Ҷудоӣ аз ҳамсар барои устоди мо гарон аст. Муаллим ҳамсари худро зуд-зуд ба ёд меорад. Охир, ҳамроҳ роҳҳои пасту баланди ҳаётро тай карданд. Сабр намуданд. Шабҳо аз марги фарзандони навзоди худ болин тар карданд. 
Шукри будани шаҳписарашон Ихтиёрҷон, ки меҳрубониву парасториаш ҷойи даҳҳо писарро мегирад. Келинашон Толибабону меҳри баланди духтарро дорад. Вақте наберагон Шоҳидаву Вазира ва Шоира ба меҳмонӣ бо домоду аберагон меоянд, манзил ба тӯйхона табдил меёбад. Дидани тӯйи домодии Азизҷони донишҷӯ орзуи деринаи бобо аст. Ҳоло устод Умарқул Болтаеви 85-сола дар қуллаи меҳри атрофиён қарор дорад.
Баланд аст аз фалак 
номи муаллим,
Бувад ҷонбахши мо, 
ҷони муаллим.
Набошад неъмате дар 
ҳар ду олам,
Ҳалол аст пораи нони 
муаллим...

Озод ҲАМИДЗОДА.
Ноҳияи САМАРҚАНД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: