ЭҲТИРОМ БА ҲАКИМ ФИРДАВСӢ

Дар Самарқанд муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ гузошта шуд

Ба наздикӣ дар маркази  гузари Панҷоби шаҳри Самарқанд ба шоири ширинкалому хушбаёни форсу тоҷик, аллома Абулқосим Фирдавсӣ муҷассама гузошта шуд.

Ба ҳамин муносибат адибону шоирон, донишҷӯёни факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд ҷамъ омаданд.
Доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд М. Муҳиддинов таъкид намуд, ки Абулқосим Мансур ибни Ҳасани Тӯсӣ (934-1021) шоири номдори форсу тоҷик буда, бо асари беҳтарину нотакрори хеш «Шоҳнома» аз саҳифаҳои таърих ҷой гирифтааст.
Яке аз дӯстони наздиктаринаш ба ӯ нусхае аз «Шоҳнома»-и Абумансуриро тақдим намуда, ба назм овардани онро дархост мекунад. Ва баъд шоир ба ин кори бузургвораш даст зад. Вай баъди ранҷу азиятҳои бешумори рӯҳиву ҷисмонӣ ба муроди дилаш расида, соли 994 «Шоҳнома»-ро тайёр кард. Дар чунин давраи пуртаҳлука бар сари ҳукумат Маҳмуди Ғазнавӣ меояд ва чи хеле ки аз таърих маълум аст, ӯ ба қадри «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ намерасад. 
Фирдавсӣ дар таҳрир ва коркарди дуюм ин шоҳкории азимро ба фарҷом расонда, ӯро ба Маҳмуди Ғазнавӣ пешкаш кард. Вале вақте ки асар муносиб қадр наёфт, дар ҳаққи подшоҳи носипос ҳаҷвия навишта, ба ғазаби ӯ гирифтор шуд...
Шоири ноком дар синни 87 чашм аз олами ҳастӣ пӯшид.
Аммо хизмати шоистаи шоир ҷовидон монд.
Адиби шинохтаи тоҷик Сотим Улуғзода бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шоир романи «Фирдавсӣ»-ро навишт, ки мутолиаи асари мазкур ба кас ҳаловат мебахшад.
Аз рӯи достонҳои ӯ бисёр филмҳо таҳия шудаанд, ки баъзе аз онҳо дар Самарқанд ва Бухоро ба навор гирифта шудааст.
«Шоҳнома»ба бисёр забонҳои дунё, аз ҷумла ба русӣ тарҷума гардид, ки дар ин кори хайру нек хизмати ҳамсари устод Абулқосим Лоҳутӣ – Силсилабону хеле калон мебошад.
Ёд дорам, солҳои 70-уми асри гузашта Силсилабону ба Самарқанд омада, аз шафати майдони Регистон манзил гирифт ва бо тарҷумаи «Шоҳнома» машғул шуд, ки мо сӯҳбати дилнишину самимӣ доштем. Фишурдаи он дар рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Адабиёт ва санъат» (Тоҷикистон) рӯи чопро дидаанд.
Бояд таъкид намуд, ки дар Самарқанд яке аз шоҳроҳи калон номи Фирдавсиро дорад, ки эҳтироми мардуми шаҳри бостониро нисбати ӯ ифода менамояд.
– Таърихи пайдоиши муҷассама, ки солҳои тӯлонӣ дар як гӯшаи масҷиди ҷомеи Панҷоб буд, хеле аҷиб аст, – гуфт нависанда Адаш Истад, – мо тасодуфан фаҳмидем, ки сафоратхонаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тошканд ба ҳайкалтарош Тӯлаган Ёрқулови самарқандӣ  супориш медиҳад, ки муҷассамаи Фирдавсиро созад. Вай аз семент ва санги мармар ду нусха муҷассамаи ӯро тайёр мекунад. Мармарин ба сафоратхонаи Эрон меравад ва дигараш дар Самарқанд мемонад.
Устод Адаш Истад ба ҷонишини ҳокими вилоят оид ба масъалаҳои фарҳанг ва сайёҳӣ Рустам Қобилов арз мекунад, ки агар муҷассама дар шоҳроҳе, ки ба номи ӯ аст, гузошта шавад, нуран аъло нур мебуд.
Бо дастгирии ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов масъала ранги дигар гирифт ва муҷассамаи ӯро дар Панҷоб – назди Маркази фарҳангии эрониёни Самарқанд гузоштанд.
Умедворем, ки минбаъд ҳаводорони назм дар  майдони Фирдавсӣ анҷуманҳои бонуфузи хешро хоҳанд гузаронд.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори
 «Овози тоҷик»дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: