Дар мактаби давлатии таълими ҳамагонии рақами 61-уми ба филология ва фанҳои дақиқ ихтисосонидашудаи ноҳияи Ғиҷдувони вилояти Бухоро 856 нафар писарону духтарон таълим мегиранд.
Дар мактаби давлатии таълими ҳамагонии рақами 61-уми ба филология ва фанҳои дақиқ ихтисосонидашудаи ноҳияи Ғиҷдувони вилояти Бухоро 856 нафар писарону духтарон таълим мегиранд.
Дар ин даргоҳи таълимӣ дар арафаи 21 октябр – Рӯзи ба забони ӯзбекӣ дода шудани мақоми давлатӣ ташкил додани чорабиниҳои гуногуни маънавию маърифатӣ, дарсҳои кушод, шабҳои адабӣ ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар ин корҳо, хусусан, омӯзгори фанни забони модарӣ ва адабиёт Сарвиноз Мавлонова, ки бо истифода аз технологияҳои нави педагогӣ ва усулҳои ғайрианъанавӣ ба хонандагон сабақ медиҳад, фаъол аст. Муаллима ҳамасола пеш аз ҷашни забон ба моҳонаи забони модарӣ ва адабиёт ҳамаҷониба омодагӣ мегирад, дар мавзӯъҳои гуногун байни хонандагон сабқати иншо ва мақоланависиро ташкил медиҳад. Саъю кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар дарсҳояш шоиру нависандагон ва олимони забоншинос ширкат ҷӯянд. Мақсади омӯзгор аз баргузории ин гуна чорабиниҳо ҷо кардани эҳтироми забони давлатӣ дар дили ҷавонон ва таҳким бахшидани дониши хонандагон аст.
Дар акс: омӯзгори фанни забони модарӣ ва адабиёти мактаби мазкур Сарвиноз Мавлонова дар ҳалқаи шогирдони худ.
Аксбардор: Тоҳир ИСТАДОВ (ӮзА).