Имрӯз дар диёри мо мақоми занону духтарон аз ҳарвақта баландтар аст.
Зеро солҳои охир ғамхорию эътибор бобати зиёдтар намудани фаъолнокии иҷтимоию сиёсӣ, соҳибкорӣ, кӯмакрасонӣ баҳри донишгирию касбомӯзӣ ва пайдо кардани машғулияти дилхоҳ, ҳифзи саломатию соҳиби хонаю ҷой гаштани онҳо беш аз пеш афзудааст. Ин аст, ки саҳми онҳо ба рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва бунёди Ӯзбекистони Нав бештар эҳсос мегардад.
Дар Бухоро низ дар арафаи Рӯзи байналмилалии бонувон тадбири тантанавӣ ба амал омада, дар он ҳокими вилоят Ботир Зарифов занону духтарони саодатмандамонро бо ин айёми дилкаш муборакбод намуд.
– Таъмин кардани ҳуқуқу манфиатҳои қонунии занону духтарон, афзун гардондани мақоми иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии онҳо дар ҷамъият самти устувори равияи муҳими стратегияи тараққиёти Ӯзбекистони Нав ва мақсади олии мо бобати розӣ кардани халқамон мебошад, ки онро Президенти муҳтарам муайян кардааст, – гуфт ӯ.
– Соли гузашта дар вилоят қариб ба 27 ҳазор нафар занону духтарон ёрии иҷтимоию иқтисодӣ, тиббӣ, ҳуқуқию психологӣ расонда шуд. Хусусан ба 711 нафари онҳо бо мақсади харидани манзил вомҳои имтиёзнок ҷудо гардид. Хароҷоти боғчаи фарзандони бонувони бесарвари оила монда аз ҳисоби буҷа пардохта шуд. 4 ҳазор нафар бонувон барои сохтани гармхонаҳо дар қитъаҳои наздиҳавлию саҳроӣ ба миқдори 50 миллиард сӯм субсидия гирифтанд. Ҳамчунин 77 ҳазору 754 нафари онҳо соҳиби кор гардиданд. Дар шаҳри Бухоро барои бонувони шароити иҷтимоиашон вазнин, бехонаву ҷой хобгоҳи замонавии дорои 400 ҷой ба истифода дода шуд.
Ҳоло дар Сенати Олий Маҷлис 1 нафар, дар Палатаи қонунгузорӣ 3 нафар, дар шӯроҳои маҳаллӣ 104 нафар бонувони вилоят ҳамчун депутат фаъолият доранд. Беш аз 200 нафар занону духтарон дар вазифаҳои роҳбарикунанда кор мекунанд, – илова кард ҳоким.
Дар тадбир ба 17 нафар занону духтарони пешқадам нишони сарисинагии «Мӯътабар аёл» ба тарзи тантанавӣ супорида шуд. Чанде аз мукофотгирифтагон ба сухан баромада, барои ин ғамхорӣ ва эътибор ба сарвари давлат сипосгузорӣ намуданд.
Ба иштирокдорони тадбир барномаҳои консертии устодони санъати вилояту ҷумҳурӣ завқи идона бахшид.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.