ЭҲТИРОМИ БАЛАНД БА ХОТИРАИ ИСЛОМ КАРИМОВ

Дар мамлакати мо ба муносибати зодрӯзи Нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов чорабиниҳои хотиравӣ баргузор гардиданд.

Президент Шавкат Мирзиёев 30 январ ба Маҷмӯаи ёдгории илмиву маърифатии  ба номи Ислом Каримов ташриф овард ва ба пояи муҷассамаи Нахустин Президент гул гузошт.
Нахустин Президенти мамлакати мо Ислом Каримов ватандӯсти ҳақиқӣ, арбоби бузурги давлатӣ ва сиёсатмадори хирадманд буд. Ба туфайли ташаббус ва ҷасорати ӯ Ӯзбекистон истиқлолияти худро ба даст овард ва ҳамчун давлати мустақили демократӣ дар миқёси байналхалқӣ  эътироф гардид. 
Нахустин Президент намунаи олии ба халқ ва Ватан хидмат карданро нишон дод. Хидматҳои Ислом Каримов дар таъмини сулҳу субот дар мамлакати мо, рушди иқтисодиёти ватанӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ бебаҳо мебошанд. Аз ин рӯ, Нахустин Президент дар қалби ӯзбекистониҳо мавқеи мустаҳкам ишғол карда, на танҳо дар Ӯзбекистон, балки дар тамоми ҷаҳон ҳурмату эҳтироми бузург пайдо кард.
Бо эътибор ва қарори дахлдори Президент Шавкат Мирзиёев хотири Нахустин Президент абадӣ гардонда, ба ӯ  эҳтиром гузошта мешавад. Дар санаи 30 январ ҷашн гирифтани зодрӯзи ӯ ба анъанаи нек табдил ёфт. 
Тавре ки сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев қайд намуд, дар сатҳи баланд ҷашн гирифта шудани ин сана нишонаи эҳтиром ба таърих ва истиқлолияти мо, шаҳодати фарҳанги халқу миллат мебошад. 
Сураҳо аз Қуръони Карим қироат карда шуданд. Фаъолияти гуногунҷанба, сифатҳои наҷиби Ислом Каримов ба ёд оварда шуд.
Дар маросими гузоштани гулҳо намояндагони Маъмурияти Президент, аъзои парлумон ва ҳукумат, арбобони илм ва фарҳанг, зиёиёни эҷодкор ва аҳли ҷомеа ширкат варзиданд. 
Худи ҳамон рӯз дар Самарқанд, ки дар он Ислом Каримов ба дунё омада, ба воя расида ва ба хоби абадӣ рафтааст, зодрӯзи писари бузурги халқи мо васеъ ҷашн гирифта шуд. Намояндагони ҷомеа ба маҷмӯи ёдгорӣ – мақбараи Ислом Каримов ташриф оварданд.
Ба пояи муҷассамаи Ислом Каримов дар назди майдони Регистон гулҳо гузошта шуданд.
Ба  муҷассамаи Нахустин Президент дар шаҳри Қаршӣ гулҳо гузошта шуданд.
Чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, шабҳои хотирмон дар тамоми минтақаҳои кишвар баргузор шуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: