ЭҲТИРОМИ ХОСА БА МАЪРИФАТПАРВАР

Дар айни замон дар Самарқанд ба муносибати ҷашни 135-солагии Саидризо Ализода анҷумани илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Иштирокчиёни анҷуман аввал қабри ӯро дар оромгоҳи Панҷоби шаҳри Самарқанд зиёрат карданд. 
Сипас, дар кӯча ва гузар, ки номи ӯро дорад, хона-музейи ӯ кушода шуд. 
Наберааш Фарҳод Ализода ҳозиронро бо экспозитсияи осорхона шинос кард. 
Дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии Самарқанд бахшида ба ҳаёт ва фаъолияти маърифатпарвар анҷуман ба вуқӯъ пайваст.
Баромадкунандагон оиди хизматҳои шоистаи Саидризо Ализода ҳарф заданд. 
– Баъди баста шудани маҷаллаи «Шӯълаи инқилоб» соли 1924 Саидризо Ализода котиби масъули рӯзномаи «Овози тоҷик» таъин гардид, – иброз дошт профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ Аъзамҷон Азимов. 
Дар поёни тадбир Фарҳод Ализода ба минбар баромада, ба иштирокчиёни анҷуман арзи сипос намуд. 
Қайд шуд, ки минбаъд дар бораи соҳибҷашн филми мустанад ба навор гирифта шавад.   

Зоҳир ҲАСАНЗОДА, 
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: