ЭҲТИЁҶИ АҲОЛӢ БА МАҲСУЛОТИ ЭЛЕКТРОТЕХНИКӢ ЗИЁД МЕГАРДАД

Дар ҳар як оила мавҷуд будани яхдон, мошини ҷомашӯйӣ, кондитсионер, печҳои гармидиҳӣ, чангкашак, дарзмолҳои замонавӣ ва дигар навъҳои техникаи маишӣ аз он дарак медиҳад, ки сатҳи зиндагии мардум баланд шуда, баробари ин дар мамлакатамон саноати электротехникӣ торафт рушд меёбад.

Ба қарибӣ роҳбарияти Ширкати саҳҳомии «Ӯзэлтехсаноат» дар Маркази матбуоти миллӣ доир ба ин мавзӯъ чорабинӣ баргузор намуд.
Дар он таъкид гардид, ки алҳол дар назди ширкат наздик ба 70 корхона фаъолият мебарад. Аз ҷумла, дар минтақаи иқтисодии озоди «Навоӣ» корхонаи ба талаботи замон ҷавобгӯи иқтидораш ба 400 кВт баробар кабели изолятсионии полиэтилени бофта барпо гардид, ки дар Осиёи Миёна ягона ба ҳисоб меравад. Назар ба маълумотҳо истеҳсоли маҳсулот дар соли 2017 нисбати соли 2013 3,3 баробар афзудааст. 
Қарори роҳбари давлат «Дар бораи диверсификатсия ва рушди саноати электротехникӣ дар солҳои 2017-2021» аз 13 феврали соли 2017 барои пешрафти соҳа дастури муҳим гардид. Барои истеҳсоли маҳсулоти кабелу сим, электротехникӣ ва техникаи маишӣ корхонаҳои нави  ихтисоснок ташкил ёфтанд ва сармоядорони хориҷӣ низ ба ин соҳа ҷалб карда шуданд.
Ба туфайли баланд шудани сифати маҳсулот, талаб дар бозори беруна низ меафзояд. Алҳол маҳсулоти якчанд корхона ба Бритониёи Кабир, мамлакатҳои араб, Гурҷистон, Озарбойҷон, Афғонистон, Қирғизистон, Украина, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркия ва Русия барин даҳҳо давлат содир карда мешаванд.
Назар ба таъкиди раиси Саридораи ширкати саҳҳомии «Ӯзэлтехсаноат» А. Абдуллоев, ширкат солҳои охир ба муваффақиятҳо ноил гардид, ба соҳа технологияи замонавӣ ва бренди ширкатҳои бонуфузи ҷаҳон ҷалб карда шуд. Дар натиҷа дар корхонаҳои истеҳсолӣ ҷойи нави кор пайдо шуда, шуғли аҳолӣ таъмин гардид.
Дар чорабинӣ дар хусуси лоиҳаҳои сармоявии нав, ки дар шаҳри Тошканд, вилоятҳо ва Ҷумҳурии Қароқалпоқистон  роҳандозӣ мегарданд, сухан рафт. Аз ҷумла, аз ҷониби Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Кардар»-и Ҷумҳурии Қароқалпоқистон дегҳои гармкунӣ, радиаторҳои металлӣ, мошини ҷомашӯии нимавтоматӣ истеҳсол карда мешаванд. Дар корхонаи хусусии «SAMFERRE»-и вилояти Самарқанд истеҳсоли яхдон, плитаҳои газ, кондитсионер ба роҳ монда мешавад.
Дар чаҳорчӯбаи ҳамкорӣ бо брендҳои машҳури ҷаҳон дар самтҳои гуногун меморандум ва шартномаҳо ба имзо расиданд. Хусусан, бо ширкатҳои «Kiturami»-и Куриёи Ҷанубӣ, «Haier Group»-и Хитой, «Odul Madeni»-и Туркия доири истеҳсоли техникаи маишӣ як қатор лоиҳаҳо ба кор сар карданд.
Дар нишаст таъкид гардид, ки ширкати мазкур ба кадрҳои ҷавони иқтидорнок эҳтиёҷ дорад. Ҷавононе, ки коллеҷи касбу ҳунари радиотехника ва автоматизатсия, электротехника, Донишгоҳи давлатии ахбору технологияи Тошканд, Донишгоҳи Туринро хатм кардаанд, метавонанд дар корхонаҳои шаҳрӣ ва ҳудудии ширкат кор кунанд.

С. БЕКНАЗАРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: