ЭҲТИЁҶМАНДОН ДАР МАРКАЗИ ЭЪТИБОР

Имрӯзҳо дар ноҳияи Попи вилояти Намангон низ баҳри беҳбудии ҳаёти мардум корҳои сохтмон ва ободонию кабудизоркунӣ дар авҷ аст.

Имрӯзҳо дар ноҳияи Попи вилояти Намангон низ баҳри беҳбудии ҳаёти мардум корҳои сохтмон ва ободонию кабудизоркунӣ дар авҷ аст.
Аз рӯйи барномаи «Маҳаллабайъ» мутасаддиён хона ба хона гашта, 2258 нафар занону духтароне, ки ба ҳимояи иҷтимоӣ, тиббӣ, ҳуқуқиву психологӣ муҳтоҷ, танҳо ва ногироро ба рӯйхати «Дафтари занҳо» дохил намуданд. Доир ба 96 нафар занону духтарони бекор, онҳоро ба корҳои соҳибкорӣ ҷалб намудан як қатор корҳо дар амал иҷро шуданд. Онҳо ба ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Соф ипак инвест»-и ноҳия, шифохонаи хусусии «Симурғ» ва дигар корхонаву ташкилотҳо ба кор қабул карда шуданд.
– Ман ва шавҳарам дар ягон ҷо кор намекардем. Ду нафар фарзанд дорем. Шавҳарам ба хоҷагии фермерии «Ғурумсарой саховати» ба кор қабул карда шуд. Барои оилаам як гектар замин ҷудо карда шуд, дар он мош коштем. Ду сол пеш дар асоси қарз як сар гов гирифта будем. Алҳол он ба се сар зиёд шуд, – мегӯяд Дилдора Эсоналиеваи тошқӯрғонӣ.
Манзили истиқоматкунандаи маҳаллаи Пахтакор, ногирои гурӯҳи I Нигора Давлатова аз таъмир бароварда шуд. Дар айни ҳол дар кӯчаҳои дохилии маҳаллаҳои Яккатут ва Қӯштепа корҳои шағалхобонӣ идома доранд. Албатта, ҳар як кор камбудӣ дорад. Дар натиҷаи тафтишоти гурӯҳи корӣ 35 корҳои сохтмонии ноқонунӣ маълум гардид ва ин корҳо зуд бартараф гардид.

Ш. ДАМИНОВА.   
Вилояти НАМАНГОН.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: