ЭҲЁГАРОНИ ДАВРОНИ НАВ

Насли ҷавон нерӯи бузурги ҳар як давлату ҷомеа ба шумор меравад, зеро онҳо табақаи нируманду мустаҳкам ва пайвандгари наслҳо мебошанд.

Насли ҷавон нерӯи бузурги ҳар як давлату ҷомеа ба шумор меравад, зеро онҳо табақаи нируманду мустаҳкам ва пайвандгари наслҳо мебошанд.
Воқеан, бо ташаббуси Президент Шавкат Мирзиёев ва ҳукумати кишвар ба татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аҳамияти алоҳида дода мешавад. Дар мамлакат “Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ” номгузорӣ шудани соли ҷорӣ низ гувоҳи гуфтаҳои болост. Президент Ш.Мирзиёев дар Муроҷиатномаи худ ба Олий Маҷлис қайд карда буд: “Дар масъалаҳои тавсеа ва афзоиши минбаъдаи самаранокии ислоҳоти худ мо ҷавонони серғайрат, ташаббускор, ҳамаҷониба рушдёфтаи дорои дониш ва малакаҳои муосирро такягоҳи худ мешуморем. Мо дар назди худ як ҳадафи бузург – ташаккули заминаи Эҳёи нав дар кишварамонро гузоштем ва бо ин мақсад бояд барои тарбияи Хоразмӣ, Берунӣ, Ибни Сино, Улуғбек, Навоӣ ва Бобурҳои нав муҳит ва шароит фароҳам оварем”. Ногуфта намонад, ки бинобар он муҳит ва шароитҳое, ки бо ташаббуси Президент дар мамлакат фароҳам оварда мешаванд, имрӯз ҷавонони Ӯзбекистон дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёт худро нишон медиҳанд, дар қатори ҷавонони кишварҳои мухталифи ҷаҳон ном ва парчами Ӯзбекистонро баланд мебардоранд. Бозсозиву созандагӣ, ислоҳоти васеъмиқёсе, ки дар Соли дастгирии ҷавонон ва мустаҳкамсозии саломатии аҳолӣ нисбат ба эҳёгарони давраи нави кишварамон, яъне мо – ҷавонон ба амал татбиқ карда мешаванд, аллакай самара медиҳад. Гуфтан ҷоиз аст, ки имрӯз дар мамлакат эътибор ба наврасону ҷавонони Ӯзбекистони нав аз давраи мактабхонӣ хеле густариш ёфтааст. Ҷавонони соҳибистеъдод маҳз дар ҳамин давра кашф мегарданд. Бинобар таъкиди Сарвари давлат ғояи “Ӯзбекистони нав аз остонаи мактаб, аз низоми таълиму тарбия шурӯъ мешавад”. Зеро маҳз кӯдакистон, мактаб ва донишгоҳҳои мамлакат, ки дар онҳо ба таълим ва тарбияи босифати насли наврас ва ҷавонон эътибори зиёд дода мешавад, дар оянда, албатта ҷавонони ҷисмонан солим ва маънан комил чун ватанпарварони ҳақиқӣ ба воя мерасанд, соҳиби тафаккуру ҷаҳонбинӣ, сифатҳои беҳтарини инсонӣ мегарданд. Бояд гуфт, ки панҷ ташаббуси муҳими Сарвари давлат, ки алҳол дар тамоми муассисаҳои таълимии кишвар татбиқ мегарданд, барои рушд ва инкишофи қобилияту истеъдоди наврасону ҷавонон, кашфи ҷавонони соҳибистеъдод ва ихтироъкор саҳми арзанда мегузорад. Насли ҷавони имрӯз метавонанд аз даврони мактабӣ қобилият ва истеъдоди худро мувофиқи ин панҷ ташаббус сайқал дода, маҳораташонро нишон диҳанд. 
Алҳол дар тамоми шаҳру ноҳия ва вилоятҳои мамлакат ба мақсади муттаҳид кардани ҷавонон ва бунёд намудани Ӯзбекистони нав чорабиниву ҷашнвораҳои зиёд баргузор мешаванд. Ҷашнвора таҳти унвони “Ҷавонони Ӯзбекистони нав, боҳам бошем” аз зумраи иқдомҳоест, ки рӯзҳои охир дар сартосари кишвар ҷавонони зиёдро дар атрофи худ муттаҳид кард, онҳоро дар рӯҳи садоқат ба Ватан, ғояҳои истиқлолият, ватандӯстӣ, ҳифз намудани муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолият даъват намуд. Ҳоло ҳар кадоми мо – ҷавонон бояд донем, ки дар рушду пешрафти кишвари маҳбубамон саҳмгузорем ва набояд дар кори бунёди Ӯзбекистони нав дар канор бошем.  

Меҳровар МИРМАҲМАДОВ,
роҳбалади ҷавонони мактаби таҳсилоти ҳамагонии 
рақами 43-юми ноҳияи Бӯкаи вилояти Тошканд.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: