ЭҲЁИ БОЗ ЯК БОҒИ МИЛЛӢ

Ниҳоят, пас аз талошу талаби гурӯҳи ташаббускорони «Самарқандро нигаҳ медорем» бо қарори Девони Вазирон аз 4 марти соли ҷорӣ дараи хушҳавои Амонқӯтани қаторкӯҳҳои Зарафшон ба Боғи миллии табиӣ табдил ёфт.

Саҳеҳтараш, аз ҳисоби ноҳияи Ургут беш аз 1500 гектар майдон ба тасарруфи Кумитаи давлатии идораи  ҷангали вилояти Самарқанд гузашт, ки аз он ҳазор гектар замин ба мамнӯъгоҳ табдил дода хоҳад шуд. 
Нигоҳе ба таърих

Қариб 40 километр ҷанубтар аз шаҳри Самарқанд, дар шохаи мағриби силсилакӯҳҳои Зарафшон, ки Қаротеппа ва Чақалчилим ном дораду мардуми таҳҷоӣ ҷангалзори Амонқӯтан низ мегӯянд, аз бепарвоӣ ва муносибати ҷоҳилонаи истироҳаткунандагону баъзе ашхоси душмани табиат набототу ҳайвоноту ҳудуди мазкур несту нобуд шудаанд.
Хушбахтона, дӯстдорони табиат ба ҳифзи табиат пардохтанд. Ва бояд таъкид намуд, ки фаъолияти ташаббускорони эҳёи табиат беш аз 120 сол қабл аз ин сарчашма гирифтааст, ки онҳо кори хешро бо бунёди ҷангалзор ва обёрӣ оғоз намуданд. Гап дар сари он аст, ки роҳи наздики Самарқанду Шаҳрисабз тавассути ағбаи Тахтақарағоч буда, маҳз ҳамин минтақаро доимо сел шуста мерафту лою тармаҳо садди роҳ мешуд. 
Чанд аср қабл аз ин, дар замони ҳукмронии Амир Темур дар ин минтақа бешазори касногузар  вуҷуд дошт. Аммо бо гузашти айём мардуми таҳҷоӣ ҷангалзорро барои ҳезум буриданд ва олами набототи мавзеъро чорво нобуд кард. Об ва шамол барои таназзули табиат «кӯмак» дод. Дар натиҷаи он аз селу офат ва тармаҳои такроршаванда на танҳо ағба, инчунин маҳаллаву роҳҳо, замини кишт, чорво ҳатто одамон рӯ ба харобӣ оварданд ва алоқа бо Шаҳрисабз қатъ гардид. Соли 1878 аз ҷониби департаменти комиҷроияи кишвари Туркистон барои мубориза бар зидди сели кӯҳӣ ва вайроншавии замин ба миқдори ҳазор рубл маблағ ҷудо шуд. Ҳамон солҳо аскарҳои гарнизони ҳарбии Самарқанд ва аҳолии гирду атроф бо меҳнати даст талу ёнаҳои хушкидаро зина ба зина ҳамвор карда, ниҳолҳои сарвиноз (туя), санавбар, арча ва ғайра шинонданд. Барои ҳимояи дарахтони сӯзанбарг аз нури офтоб дар шафати онҳо ниҳолҳои баргашон калон сабзонданд.
Нишебиҳои кӯҳро ҳам уфуқӣ ҳам муовизӣ зина ба зина ҳамвор сохтанд, ки чуқуриаш 1,4 метр ва масофааш 1,1 метрро ташкил мекард. Бо мақсади ғизо гирифтани дарахтон ба хок поруи сӯхта илова намуда, обёриро ба роҳ монданд. Муаллифи «Усули Амонқӯтан» саркардаи ҳарбии рус Николай Королков буд. Вай шахси табиатдӯст буда, бо корҳои тадқиқоти ботаникӣ машғул гардида, чанд рустании Осиёи Миёна номи ӯро гирифтааст. Услуби Николай Королков, ки ба он ҷангалпарварони Фаронса мароқ пайдо карда буданд, дар намоишгоҳи Париж салиби легиони фахрии фармондеҳро гирифт. Маҳз бо ташаббуси ҳамин шахс то соли 1905 дар бисёр нишебиҳои кӯҳсори водии Туркистон ниҳолҳои сояафкану манзаравӣ сабзиданд. 
Пас аз ба Русия кӯч бастани Н.Королков бо корҳои дарахтшинонӣ М.Невский, С.Навродский машғул гардида, намудҳои буттаҳои ба хушкӣ тобовар ва ниҳолҳои ҳезумбоб парвариш карданд. Дар Амонқӯтан қитъа-қитъа чакалакзори писта, бодом, санавбар, сафедор ва дигар рустаниҳо ба вуҷуд омаданд.
Соли 1906 ҷангалзори Амонқӯтан 950 гектар майдонро ташкил карда, бешазори ҳақиқиро ба вуҷуд овард. Нашъунамои дарахтон заминро аз вайроншавӣ, тарма, селоб ва дигар гуна офатҳои табиат нигоҳ дошт. Аз ҳама муҳимаш, ба бисёр шудани ҳайвоноту наботот, паррандаву дарранда хизмати шоиста кард.

Амонқӯтан имрӯз

Ҳоло ҷангалзор ба 2300 гектар майдон доман густурда, аз он танҳо хиёбони санавбар 0,25 гектар майдонро ташкил мекунад ва беш аз сад бех дарахтони қадашон қариб 20 метр месабзанду халос. Дарахтзор дар мобайни ду минтақаи ба ҳам наздик – баландкӯҳҳои Зарафшон ва Қаротеппа мавқеъ дошта, даҳсолаҳо ҳамчун ташхисгоҳи табиӣ-илмӣ хидмат мекунад, ки олимон муносибати ҷисми зинда ва муҳити берунаро меомӯзанд.
– Дар мамнӯъгоҳи Амонқӯтан 110 намуди парранда, аз ҷумла 72 ҷонвари лонагузор мавҷуд, – гуфт номзади фанҳои биологӣ, дотсенти факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд Семён Фундукчиев. – Дар ин минтақа 9 намуди паррандаи ноёб ба рӯйхат гирифта шудаанд, ки ба Китоби Сурхи Ӯзбекистон ворид шудаанд. Дар байни онҳо лаклаки сафед, уқоб, ҷуғз, лошахӯри сарсафед ва ғайра мавҷуданд.
Аммо муносибати бераҳмона ба табиат, ки тавассути радифҳои маснӯъи Замин аксбардорӣ шудааст, гувоҳӣ медиҳанд, ки сабзазору бешазор хеле коҳиш ёфтаанд. Саёҳати худсаронаи мардум, парвариши чорво, дарахтбурӣ, ифлосшавии ҳавзаҳои об ба олами ҳайвоноту наботот таъсири манфӣ мерасонанд. Масалан, ба гуфти мӯйсафедон шохаи асосии оби дарёчаи кӯҳии Амонқӯтан, барои нӯшидан ношоям аст, гарчанд аз чашмаҳои софу зулол пайдо мешаванд. Бинобар ҳамин, мардуми таҳҷоӣ аз чашмаҳо бо нил обро то истиқоматгоҳи хеш овардаанд. 
– Чашмаҳо кам мешаванд ва Амонқӯтонсой торафт хурду пастоб мегардад, – шикоят мекунанд аҳолии таҳҷоӣ ва зуд баъзе ашхоси «донову ҳамадон» пайдо гардида, луқма мепартоянд, ки дарахти бед дар як шабонарӯз 2000 литр обро бухор мекунаду онҳоро нест кардан лозим. Албатта, ба чунин шахсони кӯтоҳандеш фаҳмондан душвор аст, ки маҳз дарахтон обро аз қаъри замин гирифта муҳити атрофро мӯътадил нигоҳ медоранд. 
Олимони Донишгоҳи давлатии Самарқанд бо фаъолони ташкилоти ғайридавлатию ғайритиҷоратии муҳофизони табиати «Зарафшон» дар вохӯрӣ бо мардуми таҳҷоӣ мефаҳмонанд, ки ҳимоя ва эҳёи табиат барои ҳар як шахс ҳам қарзу ҳам фарз аст.

Акси садои бонги изтироб

Аз оғози асри XXI экологу биологҳои Самарқанд муаммои ҳифзи табиати Амонқӯтанро ба миён гузошта, гуфтанд, ки мавзеъи мазкур ба мамнӯъгоҳи давлатӣ табдил ёбад. Ниҳоят бонги изтироби онҳо шунида шуд ва дараи Амонқӯтан Мамнӯъгоҳи миллии давлатӣ эълон шуд.
Бояд таъкид намуд, ки таҳти ташаббуси сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев лоиҳаи умумимиллии «Макони сабз» роҳандозӣ гардид, ки бешубҳа ба бешазору ҷангалзор мубаддал гаштани кӯҳсор низ хизмат мекунад ва далели фикрамон мамнӯъгоҳи Амонқӯтани ноҳияи Ургут аст.
Лекин тааҷҷуби мо аз он аст, ки баъзе шахсони ба ҳирси дунё афтода бо ҳар роҳ лолаҳои худрӯи зеборо даста-даста дар сари кӯчаҳои серҳаракати Самарқанд мефурӯшанд. Инчунин пиёзи анзур, савсани бунафшранг ва дигар рустаниҳоро бераҳмона решакан мекунанд.
– Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ, – мегӯяд дотсенти Донишгоҳи давлатии Самарқанд Лайло Билолова. – Барои эҳёи табиати Амонқӯтан аввал таъминот бо гази табиӣ ва нерӯи барқро беҳтар кардан лозим аст, то мардуми таҳҷоӣ барои ҳезум дарахтбурӣ накунанд. Боз як муаммо – истироҳаткунандагон худсарона ба мамнӯъгоҳ омада, чунин як гӯшаи хушҳаво, зебо ва дилнишинро ба партовгоҳ табдил надиҳанд.
Мо мехоҳем, ки барои ривоҷу равнақи мамнӯъгоҳи Амонқӯтон бештар аз иқтидори олимону мутахассисон истифода бурдан лозим, ки эшон маслиҳатҳои муфид медиҳанд. На танҳо ҷалб кардан, инчунин супоришу тавсияи онҳоро истифода барем, ки ҷомаи бомаслиҳат кӯтоҳ намеояд.
Боз як муаммо – бояд фурӯши замин ва қуму шағали ин гирду атрофро низ пешгирӣ намуд.

Анастасия ПАВЛЕНКО,
роҳбари ташаббускорони 
«Самарқандро нигаҳ медорем».
Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
хабарнигори «Овози тоҷик» 
дар вилояти Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: