ЭҲЁИ ХОТИРАИ ШАҲИДОН ИДОМА ДОРАД

Осорхонаи давлатии «Хотираи қурбониёни табъид»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи таъсис додани Рӯзи хотираи қурбониёни репрессия» ва қарори Девони Вазирон ҳамчун муассисаи илмиву тадқиқотӣ ташкил гардида буд.

Осорхонаи давлатии «Хотираи қурбониёни табъид»-и Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи таъсис додани Рӯзи хотираи қурбониёни репрессия»  ва қарори Девони Вазирон ҳамчун муассисаи илмиву тадқиқотӣ ташкил гардида буд.
Вазифаи асосии осорхона абадӣ гардондани хотираи ҳамватанон, ки дар замони режими тоталитарӣ қурбони таъқибҳои сиёсии оммавӣ гардида буданд ва тарбияи ҷавонони имрӯз дар рӯҳияи муҳаббату садоқат ба Ватан мебошад.
Тӯли чандин солҳост, ки ходимони осорхона вазифаҳои ба наздашон гузошташударо сидқидилона иҷро мекунанд.
Нишасти матбуотие, ки бо ҳамкории ходимони осорхонаи мазкур ва роҳбарияти Бунёди ҷамъиятии «Хотираи шаҳидон» баргузор шуд, ба масъалаҳои дар асоси фармойиши Президент сафед кардани қурбониёни давраҳои табъиди шуравӣ бахшида шуд.
Тавре ки директори осорхона, доктори фанҳои таърих, профессор Бахтиёр Ҳасанов таъкид кард, дар асоси фармойиши мазкур доир ба сафед кардани қурбониёни давраи табъиди сохтори шуравӣ ва абадӣ гардондани номи онҳо корҳои васеъмиқёс бурда мешавад. Аз ҷумла, дар натиҷаи корҳои тадқиқотӣ ходимони осорхона ва Бунёди ҷамоатии «Хотираи шаҳидон» номи чандин нафар қурбониёнро муайян намуданд, ки бо сабабҳои гуногун ҳуҷҷатҳои онҳо пурра омӯхта нашудааст.
– Аксари онҳо шахсоне буданд, ки барои истиқлолияти Ватан саъю кӯшиш мекарданд. Дар байни онҳо намояндагони дини ислом, хешу наздикони амири Бухорою хонигарии Хева низ бисёр буданд, – гуфт Б. Ҳасанов. – Бино бар банди 10-уми «Харитаи роҳ», ки доир ба иҷрои фармойиши мазкур тартиб дода шудааст, дар бораи сафед кардани ҳамватанонамон, ки қурбони солҳои табъиди шуравӣ гардида буданд, осорхонаамон ба Суди Олӣ муроҷиат кард. Дар натиҷа, 5 августи соли 2021 дар доираи корҳои ҷиноии Суди Олӣ 115 нафар қурбониёни он давр сафед карда шуданд.
Дар асоси муроҷиати дуюми осорхона Сарпрокуратураи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Суди Олӣ дар бораи сафед кардани номи зиёда аз сад нафар қурбониёни солҳои табъид эътироз дохил кард. Дар асоси ҳукми суд бино бар моддаи 83-юми кодекси протсессуалӣ-ҷиноии дарамал номи 120 нафар сафед карда шуд.  
Роҳбари давлатамон дар арафаи ташрифаш ба осорхонаи шаҳидон соли 2017 дар вилоятҳои кишварамон низ зиёд будани шумораи қурбониёни давраи табъидро таъкид намуда, вазифа гузошта буд, ки номи онҳо азнав барқарор карда шавад. Бино бар он 14-то китоби хотира – бахшида ба ҳар як вилояти кишвар, шаҳри Тошканд ва Қароқалпоқистон дар арафаи нашр мебошад.
 Ҳоло дар натиҷаи корҳои тадқиқотӣ маълум шуд, ки дар архивҳои гуногуни кишварамон парвандаҳое дастнарасида бисёранд, масалан, аз як худи ноҳияи Хатирчии вилояти Навоӣ зиёда аз 2 ҳазор нафар табъид карда шудаанд. Ё ки натиҷа гирифта шудааст, ки беш аз 1,5 ҳазор нафар қурбониёни он давр уламои дин буданд, ки барои рушду равнақи дини мубинамон кӯшиш ба харҷ медоданд.  
Дар ниҳояи чорабинӣ байни намояндагони РАО ва ташкилотчиён ҷараёни суолу ҷавоб сурат гирифт. Аз ҷумла, ба саволи занони он давр низ қурбони давраи табъид шудаанд ё на, ҷавобан гуфта шуд, ки дар ин бора ҳуҷҷатҳо мавҷуданд. Хоҳар ё модари шахсоне, ки «душмани халқ» дониста мешуд, ба ҷавобгарии ҷиноӣ низ кашида шудаанд. Баъзеи онҳо дар ҳабсхонаҳо вафот кардаанд. Аз ин рӯ, ҳоло дар назди намояндагони осорхона ва Бунёди ҷамоатии «Хотираи шаҳидон» вазифаҳои бисёре мавҷуданд, ки ҳаллу фаслашонро интизоранд. 

Набия НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: