ЭҲЁИ ҲУНАРИ САРОИШИ ҲАЛҚӢ

Ҳунари сароиши ҳалқӣ ё бахшиёна асосан дар вилоятҳои Хоразм, Қашқадарё, хоссатан, Сурхондарё густариш ёфтааст.

Таҷриба нишон медиҳад, ки ҳунари мардумӣ мурдан надорад, он аз як аср ба асри дигар тавассути иҷрокунандагонаш интиқол мегардад. Ҳунари сароиши ҳалқӣ (бахшиёна) аз зумраи ин ҳунарҳост.
Қарори Президенти мамлакат «Дар бораи баргузор намудани Ҷашнвораи байналхалқии ҳунари бахшигӣ» дар вилояти Сурхондарё аҳли ҳунару фарҳанг ва дилбастагони сурудҳои халқиро мамнун кард. Ҷашнвораи мазкур, ки шурӯъ гардидааст, ба таҳким бахшидани робитаҳои фарҳангӣ, дӯстӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳи ватанпарварӣ, афзун гардидани рағбати онҳо ба сароиши ҳалқӣ ва эҳёи суннатҳои мардумӣ хидмат менамояд.
Инҷониб  зодаву парвардаи ноҳияи Бойсун ҳастам. Дар Тирмиз, ки имрӯзҳо намои идона дорад, якчанд мактаби сароиши ҳалқӣ арзи вуҷуд мекунад, ки ба тарвиҷи ин ҳунар дар байни ҷавонон мусоидат менамояд.
Дар байни тоҷикон низ ин ҳунар каму беш ривоҷ ёфтааст. Матнҳои тоҷикии «Гӯрӯғлӣ» ва дигар достонҳои мардумии тоҷикӣ вуҷуд доранд. Иҷрокунандагони достонҳои мардумиро тоҷикон «Гӯрӯғлисаро» номидаанд. Яке аз чунин гӯрӯғлисароёни  машҳур Ҳикмат Ризо мебошад, ки Шоири мардумии Тоҷикистон Бозор Собир дар  шеъри «Элок»-аш (номи дарё) аз  ӯ бад-ин тарз ёд кардааст:
Дарёи Элок,
Мехонад ғуррӣ.
Шеъри ҳиҷоӣ,
Гӯрӯғлиҳои
Ҳикмат Ризоӣ...

Дарёи Элок,
Дар навори об —
Фонди тилоӣ, 
Навишта «ҳи» - и
Ҳикмат Ризоӣ.

«Ҳи»-и Ҳикмат Ризоӣ» ишора ба сароиши ҳалқист, ки аз иҷрокунандааш маҳорати зиёд талаб менамояд. Дар доираи ҷашнвора баргузории конфронси илмию маърифатӣ бо иштироки мутахассисон ва санъатшиносони ҷаҳон, бешубҳа, ба паҳлӯҳои торики ин ҳунар рӯшанӣ меандозад.

Хайруллоҳи НАСРИДДИН,
актёри театри мусиқӣ ва драмаи ба номи Маннон Уйғури Тирмиз, Ҳунарпешаи шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: