ЭҲЁИ ҲУНАРҲОИ МИЛЛӢ

Аз даврони хеле қадим мардуми мо дар самтҳои гуногуни ҳунармандӣ ба як қатор дастовардҳои бузург ноил гардидаанд, ки метавон аз нишонаҳои беҳтарини ҳунарҳои миллии мардуми Шарқ донист.

Аз даврони хеле  қадим мардуми мо дар самтҳои гуногуни ҳунармандӣ ба як қатор дастовардҳои бузург ноил гардидаанд, ки метавон аз нишонаҳои беҳтарини ҳунарҳои миллии мардуми Шарқ донист. Аз ҷониби дигар намунаҳои хуби ҳунарҳои миллие, ки алҳол ҷаҳониёнро ба ҳайрат овардаанд, аксар дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Хева, водии Фарғона ва баъзе минтақаҳои Сурхондарёву Қашқадарё ҳифз шудаанд, ки метавон  дурдонаҳои бемисли ҳунар донист.
Бояд гуфт, ки солҳои охир анъанаҳои миллӣ рангу нумӯи тозае гирифтанд. Алалхусус, дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, водии Фарғона ва дигар мавзеъҳои кишварамон аз нав эҳё ва ҷоннок намудани анъанаҳои ниёгон аз тарафи ҳукумати кишвар сазовори таҳсин аст. 
Аз ҷумла дар маркази шаҳри Тирмиз осорхонаи археологӣ  кушода шуд, ки намунаҳои осори гаронбаҳои ҳунарҳои миллиамон дар ин ҷо гирд оварда шудаанд. Ин осорхона аз экспонатҳо ғанӣ буда, сайёҳонро аз маданияту маънавияти рангини мо огоҳ месозанд.
Аз саҳифаҳои таърихамон аён аст, ки намунаҳои миллии ҳунармандӣ, аз ҷумла кафши по ва ё чоруқ (бояд гуфт, ки ихтирои ин пойафзор хоси мардуми мост  ва баъдан  мардумони дигар аз он намуна гирифтаанд) аз пӯсти чорво, истеҳсоли зебу зинат ва ё худ сару либоси занона аз мӯина, сохтан ва истифода намудани  ҳар гуна асбобҳои рӯзгор аз чӯб аз ҷумлаи намунаҳои гаронбаҳои осори қадимаву миллии мостанд. 
Дар навбати дигар бояд ёдовар гардем, ки бинобар манбаъҳои таърих  дар ҳамон замонҳо кашфи кафши булғорӣ низ машҳур будааст. Вале таърихшиносон хуб медонанд, ки ватани кафши чӯбӣ, чоруқ ва ё дигар маҳсулоти сару либос ва пироҳанҳои гуногун куҳанзамини мо буда, баъдан дар дигар кишварҳои  ҳамсоя ва ё  дур бо табдили намуди худ машҳуру маълум гардидааст. 
Вақте дар бораи ҳунарҳои қадима сухан меронем, дар навбати аввал санъати кулолгарӣ ба ёд мерасад. Оре, ин санъати машҳур аз намунаҳои беҳтарини санъати қадимаи мардуми Хуросону Мовароуннаҳр аст.  Вай таърихи қадима дорад ва боиси ифтихор он аст, ки ин ҳунари миллӣ дар шаҳрҳои Самарқанду Бухоро, Тошканд, водии Фарғона, Хева, Хоразм ва воҳаҳои Сурхону Қашқадарё ҳифз шуда, то ҳол идома дорад. 
Мардуми мо дар санъати кашидадӯзӣ ва  сӯзанидӯзӣ ҳам таҷрибаи ғаниву таърифӣ дорад. 
Маълум аст, ки ҳоло тибқи қарорҳои дахлдори ҳукумати кишвар доир ба ривоҷи сайёҳӣ дар кишвари мо як қатор корҳои хайру нек амалӣ мешаванд, ки ба баланд бардоштани маънавияту маърифат  хидмат хоҳанд кард. 

Пайғом МУҲАММАДҶОНОВ, 
донишҷӯйи гурӯҳи тоҷикии факултаи филологияи  Донишгоҳи давлатии Бухоро. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: