Эъзози собиқадорон

Маркази маданиву миллии тоҷикони вилояти Намангон бо ҳамкории таҳририяти «Чуст ҳақиқати», шуъбаҳои ноҳияи чустии Маҳалла ва дастгирии кӯҳансолон ва Бунёди ҷамоатии хайрияи маҳалла аз ҳоли собиқадороне, ки солҳои дароз дар соҳаи таълим меҳнат карда, имрӯзҳо гашти пирӣ меронанд, хабар гирифтанд.

Онҳо ба хонадони истиқоматкунандаи маҳаллаи Сабзазори ноҳияи Чуст, журналисти фахрӣ Турсунбой Мирсултонов, омӯзгорони фахрии тӯрақурғонӣ Мирзоалӣ Муҳсинов, Тоҷигул Ҷӯраева, Турсуной Ҳасанова аз маҳаллаи Майдон, Абдураим Раҷабов, Алишер Қосимов аз маҳаллаи Пилол  рафта, туҳфаҳо супурданд.
– Ислоҳоти солҳои охир, пеш аз ҳама имкониятҳои фароҳамоварда барои омӯзгорон лоиқи таҳсин мебошад, – мегӯяд дорандаи ордени «Дӯстлик», омӯзгори  собиқадори соҳаи таълим Бисора Ҳомидова.
– Тағйироти соҳа ба кас ғайрату шуҷоат мебахшад.  Дар давоми қариб 40 соли фаъолияти педагогиамон аз чунин имконият бебаҳра будем. Ба омӯзгорони ҷавон таъкид менамоям, ки аз имкониятҳо бамаврид истифода баранд, бештар китоб мутоила намоянд, аз ҳамдигар таҷриба бардоранд.

Сафия БАҲРИДДИНОВА,
мутахассиси шуъбаи Чустии Бунёди 
ҷамоатии хайрияи «Маҳалла». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: