ЭЪЗОЗИ СОБИҚАДОРОНИ ҶАНГ

Бо қарибӣ мувофиқи фармони Президенти мамлакатамон «Дар бораи чораҳо оид ба тайёрӣ ва баргузор кардани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи хотира ва қадр» дар шаҳри Самарқанд низ 74-солагии ғалаба бар фашизм тантанавор ҷашн гирифта шуд.

Хиёбони хотираи шаҳри Самарқанд аз субҳи содиқ серодам гардид. Ба майдон аз тамоми ноҳия ва шаҳрҳои вилоят иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳон, ҷанговарони байналмилал, намояндагони ҳокимияти вилоят, Хазинаи «Нуроний», бунёди ҷамоативу хайриявии «Маҳалла», Шӯрои вилоятии иттифоқи ҷавонони Ӯзбекистон ва ташкилотҳои дигар ҷамъ омаданд.  Таҳти мусиқии оркестри ҳарбӣ ба пояи Модари мотамсаро гулҳои тару тоза гузоштанд. 
Сипас, дар боғи хушҳавои шифохонаи барқароркунии сиҳатии вилоят, ки дар гузари «Ёшлик»-и ноҳияи Самарқанд воқеъ аст, аслиҳаҳои ҷангӣ, таҷҳизот ва техникаҳои ҳарбӣ намоиш дода шуданд.
Баробари дар атрофи дастархони пурфайз нишастани меҳмонон, чорбинии махсуси мусиқӣ-бадеӣ ба вуқӯъ пайваст. Баъд аз он овози сухандони машҳури давраи ҷанг Юрий Левитан, ки оғоз гардидани ҷанги хонумонсӯзро эълон карда буд, дар атроф танинандоз гашт ва қалби ҳозиронро ба ларза овард. Дар саҳнаи баланди васеъ ҳунарпешагони театри драма ва мусиқии ба номи Ҳ.Олимҷон ва Чехови Самарқанд манзараи ба дифои Ватан гусел кардани ҳамдиёронамонро намоиш доданд. 
Ҳокими вилоят Эркинҷон Турдимов ба минбар баромада, ҳозиронро бо Рӯзи хотира ва қадр табрику таҳният гуфт.
– Самарқандиён дар солҳои ҷанг мардонагӣ ва қаҳрамонӣ зоҳир намудаанд, – иброз дошт Э.Турдимов. – Аз вилоят 152 ҳазор нафар ҷавонон ба ҳимояи Ватан рафтаанд. Он солҳо аз дигар шаҳру вилоятҳои Русия ва Украина 175 ҳазор муҳоҷирон омадаанд. Садҳо нафар ҳамватанони мо онҳоро ба оилаи худ қабул кардаанд. Имрӯз дар вилоятамон ҳамагӣ 70 нафар иштирокчиёни ҷанг боқӣ монда, барои тинҷиву осоиштагӣ даст ба дуо мебардоранд.  Бо фармони сарвари давлатамон мо ба ҳамаи онҳо 7,5 миллион сӯм мукофотпулӣ, табрикнома ва тӯҳфаҳоро расондем. 
Дар анҷом санъаткорони номдор Икромҷон Бӯронов, Бобомурод Ҳамдамов, Шералӣ Ҷӯраев ва дигарон бо сурудҳои дилошӯби худ ба ҳозирон олам-олам хурсандӣ бахшиданд. 
– Мо авлоди хушбахтем, ки дар чунин кишвари соҳибистиқлол, озоду обод тинҷу осуда умр ба сар мебарем, – мегӯяд директори таълимгоҳи мактаби таълими умумии рақами 10-уми ноҳияи Самарқанд Холида Шамсиддинова. – Албатта дар ин бобат хидмати падару бобоёни мо, тамоми намояндагони авлоди калонсол бузург аст. Пос доштани хотираи гузаштагон, қадр намудани иштирокдорони ҷанг, ки дар қайди ҳаётанд, вазифаи олитарини мо мебошад. 
Чорабинӣ бо супоридани туҳфаҳои хотиравӣ ба поён расид.

Зоҳир ҲАСАНЗОДА,
ноҳияи Самарқанд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: