Фабрикаи дӯзандагӣ дар ноҳияи Олот

Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Parvoz quruvchi»-и ноҳияи Олот солҳои охир бо шабакаҳои истеҳсолии худ ба натиҷаҳои назаррас ноил мегардад.

Ин корхона соли 2020 мувофиқи Барномаи «Деҳаи обод» дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Арабхона» ба заводи истеҳсоли равғани пахта асос гузошт. Дар натиҷаи ба роҳ монда шудани технологияи истеҳсол ва қадоқкунии равған дар ин ҷо 128 нафар аҳолии маҳаллӣ соҳиби кор гаштааст. 
Имрӯз дар ин ҷо дар як шабонарӯз 150 тонна, дар як моҳ 3,5 ҳазор тонна пунбадона аз нав коркард шуда, баробари равғани хушсифат барои чорво кунҷола, широту шелуха истеҳсол карда мешавад. Ҷамъият нимаи дуюми соли гузашта аз ҳудуди маҳаллаи «Наврӯз»-и маркази ноҳия замин гирифта, дар 10 сотихи он сохтмони бинои сеошёнаро оғоз карда буд. Бо ин мақсад корхона аз шуъбаи вилоятии «Ипотекабонк» ба миқдори 3 миллион доллари ИМА кредит гирифта, 2 миллиард сӯми онро барои фабрикаи пешбинишудаи дӯзандагӣ сарф кард. Баъд ба фабрика аз Хитой  мошинҳои замонавии дарздӯзӣ ва таҷҳизоти дигар оварда шуд. Дар натиҷа ошёнаҳои якуму дуюм бо 121 мошини дарздӯзӣ ҷиҳозонида шуда, фабрика ба кор сар кардааст. Ҳоло дар ин ҷо 130 нафар занону духтарони ҳунарманде, ки шомили «Дафтари оҳанин», «Дафтари бонувон» ва «Дафтари ҷавонон» гардида буданд, баъди озмоиш қабул карда шуданд. Иқтидори солонаи корхона ба истеҳсоли 50 ҳазор дона либоси гуногун, ё ки қимати  умумии онҳо ба 10 миллиард сӯм баробар аст. Музди кори ҳармоҳаи дӯзандагон 1,5 миллион сӯмро ташкил мекунад. Рӯзҳои охир ҷамоаи фабрика бо иҷрои дархости ҳамкорони русиягии худ – тайёр кардани сару либоси бонувон ба андозаи 2 миллион доллари ИМА банд аст. Содироти маҳсулот рӯзҳои наздик сурат мегирад. 

Амрулло АВЕЗОВ, 
хабарнигори
 «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: