Дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Гулистон», дар шафати заводи пахтатозакунии Шофиркон бинои дуошёнаи фабрикаи дӯзандагӣ дар муддати кӯтоҳ қад боло кард.
Ин корхонаи азимро беш аз сад нафар бинокорони корхонаи пудратӣ дар асоси технологияи Туркия ба андозаи 120х108 метр бунёд карданд. Сехи азим бо дастгоҳу ҷиҳозҳои замонавии дӯзандагӣ муҷаҳҳаз гардид. Арзиши умумии лоиҳа 50 миллиарду 700 миллион сӯм буда, аз ҷумла 25 миллиард сӯми ин сармоя баҳри сохтмони ин корхона харҷ гардид.14 миллиарду 170 миллион сӯмаш барои овардани 660 мошини дарздӯзии «Juki»-и Ҷопон ва ускунаҳои дигар хидмат кард. Дар корхона 22 хати дӯзандагӣ (ҳар кадом дорои 30 дастгоҳи дарздӯзӣ) ба роҳ монда мешавад. 10 миллиарду 900 миллион сӯм маблағ дар ҷараёни истеҳсолии матоъ – ашёи хоми нимтайёр сарф мешавад. Фабрика баробари сехҳои дӯзандагии замонавӣ дорои анборҳои ашёи хому маҳсулоти тайёр, биноҳои иловагӣ мебошад. Дар ин ҷо соле 1 миллиону 100 ҳазор дона либоси гуногун истеҳсол гардида, 70 фоизи маҳсулот ба бозори маҳаллӣ ва 30 фоизи онҳо ба ҳамкорони хориҷӣ бароварда мешавад. Музди кор ба самаранокии рӯзи кор вобаста буда, он ба ҳисоби миёна ба 2 миллион сӯм рост меояд. Пешбинӣ шудааст, ки арзиши солонаи истеҳсолот ба 264 миллиард сӯм расонда шавад.
Ба қарибӣ маросими кушодашавии ин фабрика, ки «AZTEKS» ном гирифта, маҳсулоти худро таҳти унвони «Amirteks» истеҳсол мекунад, ба амал омад. Дар он намояндагони ҷамоатҳои вилояту ноҳия, корчаллонҳои Туркия, кормандони ҳокимият, мутасаддиёни ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Бухоро Агрокластер», вакилони ВАО иштирок карданд. Ҳокими вилоят Б. Зарифов ба сухан баромада, таъкид кард, ки ин корхона дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ноҳия воқеаи муҳим буда, имкон медиҳад, ки бештар аз 1200 нафар зан ва духтарони соҳибҳунари гулдаст бо кор таъмин шаванд. Аз ин садҳо оилаҳо манфиати моддӣ мебинанд. Ҳоким аҳли ноҳия ва бонувони сарбаландро бо комёбии хеле муҳим муборакбод намуд.
Сипас иштироккунандагони тадбир бо ҷараёни истеҳсолот, шароити кори кормандон, ошхона ва манзилҳои истироҳатии фабрика шинос шуданд.
Амрулло АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.