Чунин ном дорад тадбире, ки дар доираи «Ҳафтаи пиронсолон» дар садорати корҳои дохилии вилояти Бухоро бо собиқадорони меҳнате, ки солҳои тӯлонӣ баҳри осоиштагии мардум хидмати арзанда карда, ба шогирдони зиёд ҳаққи устодӣ доранд, баргузор гашт.
Сардори садорати корҳои дохилии вилоят Мирҷамол Миралимов ба ҷамъомади тантанавӣ ибтидо гузошта таъкид намуд, ки таҳти роҳбарии сарвари давлат дар мамлакати мо зоҳир намудани эътибору ғамхорӣ нисбати пиронсолон чун равияи устувори сиёсати давлатӣ аҳамият дошта, баҳри гиромидошти онҳо чораю тадбирҳои зарурӣ дида мешавад.
Дар чорабинӣ Артисти халқии Ӯзбекистон ва Қароқалпоқистон, директори Театри драмаи академии миллии ӯзбек, раиси Шӯрои ҷамоатии назди Вазорати корҳои дохилӣ Ёдгор Саъдиев низ иштирок намуда, собиқадорони меҳнати бухорогии соҳаро ба муносибати рӯзи шодиёнаашон муборакбод намуд.
Дар давоми чорабинӣ гурӯҳи фидоиёне, ки дар органҳои садорати корҳои дохилии вилоят солҳои зиёд содиқона хидмат кардаанд, бо нишони сарисинагии Вазорати корҳои дохилӣ, ташаккурномаи сардори садорати корҳои дохилии вилоят ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонда шуданд.
Инчунин, дар тадбир гурӯҳи кормандонеро, ки дар органҳои садорати корҳои дохилӣ хидмати самаранок карда, ба синни нафақа расидаанд, ба тарзи тантанавӣ ба нафақа гусел карданд.
А. АВЕЗОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик»
дар вилояти Бухоро.