Ҳанӯз аз кӯдакӣ мушоҳида кардаам, ки чӣ дар хонадони мо, чӣ ҳамсоя ва ҳамдеҳагон баробари пиронсолон, ки ба намози бомдод мехезанд, субҳи барвақт духтарон ва бонувон аз хоб хеста, нахуст, барои дасту рӯ шустани аъзои оила об гарм мекунанд.
Дарвозаро мекушоянд. Ба ҳавлӣ ва дари кӯча об зада, мерӯбанд. Ҳамин тавр, ҳанӯз рӯз нашуда, дар ҳар ҳавлӣ ҷунбуҷӯл оғоз меёбад, ки қабл аз ҳама ба таъмини тозагӣ ва озодагии манзил нигаронида шудааст.
Ба пеш доман баста, аз паи тозагӣ шудани қисме аз ҳамсоямардҳои деҳаам борҳо ҳавас кардаам. Манзилу макони сариштаву саранҷом ва тозаву озодаро пур аз файзу фаришта мегӯянд.
Аз дарвозаи манзилҳои саранҷому саришта ва тозаву озода даромада, баҳри дилатон кушода мешавад. Ба тозагӣ ва озодагӣ чӣ расад!
Мегӯянд онҳое, ки орзуи фуровардани арӯсҳои муносибро дар дил мепарваранд, қабл аз ҳама, ба дари кӯчаи духтардор зеҳн мемонанд.
Шахсоне, ки ба тозагию озодагӣ риоя месозанд, дигаронро низ ба ин даъват менамоянд. Дар «дом»-и ҳамсояи мо Нурияхола ном зани аз ҳаштод гузашта истиқомат мекунад. Кадом вақт нигарӣ, дар даст ҷорӯб ва сатили об, аз паи саранҷом сохтани саҳн ва атрофи бинои бисёрошёна. Албатта, дигарон низ, хусусан, духтарҳо ва ҷавонзанон, ки ин ҷо зиндагӣ мекунанд, вақт ёфта, ба рӯбучин машғул мешаванд. Ҳамсояҳо бо ғамхорӣ мегӯянд:
«Хола, монда мешавед. Дар ин синну сол чаро худро азоб медиҳед?» Вай лабханд мезанад: «Ин кор барои ман заҳмат нест, балки роҳат аст».
Ва ҳаққо, онҳое, ки меҳнатзодаи воқеӣ, инсони ҳақиқианд, бе кор нишаста наметавонанд. Ба ҷои гапфурӯшию ғайбат аз паи амали фоиданок шуда, бо он ки ба ҷамъият нафърасонанд, қаноатмандӣ ҳосил мекунанд.
Инсонҳои хуб ба дигарон таъсир мегузоранд. Ба амали нек ва ибратбахш ҳаваси дигаронро бедор ва онҳоро аз паси худ мебаранд.
Ба наздикӣ ба яке аз маҳаллаҳои ободи мавзеи 19-уми ноҳияи Юнусободи пойтахт рафтам. Манзараи хуш ба чашм нур мебахшид.
Тавре менамуд, аҳолии бисёр ва мансуб ба миллатҳои гуногуне, ки он ҷо истиқомат доранд, гӯё аъзои як хонадони саранҷому сариштаанд. Воридгоҳ баъди таъмири хушсифат ба дил равшанӣ мебахшад. Бозича, тӯб ё велосипедчаҳои кӯдакона берун аз дарҳо гузошта шудаанд. Ҳайрон мешавед: касе намедуздад?
Маълум шуд сокинони он истиқоматгоҳ баробари хушрӯзгор ва саранҷому саришта будан ба якдигар бовар мекунанд, хиёнат ба чизи касро ба гӯшаи хаёл намеоранд.
Мутаассифона, боз истиқоматгоҳҳое ҳастанд, саҳн ва атрофашон пур аз хазон, хокрӯба ё партовҳои ҳархела. Даруни ҷӯйбори бетонӣ хасрӯба ва партовҳои маишӣ пӯсида хобидаанд. Аз ҷорӯб надидани баъзе воридгоҳҳо табъ мекоҳад. Дар паси баъзе дарҳо халтаҳои пур аз партови селофаниро гузоштаанд. Даруни манзили худро озода нигоҳ доранд бас, дар чӣ аҳвол қарор доштани паси дар барои онҳо беаҳамият аст.
Дар ҳар гузар ақаллан ду-се ҷойҳои ахлотпартоӣ мавҷуд. Аммо дар қади роҳҳо ғарами ахлотҳо. Ходимони «Махсустранс» ахлот ё чизҳои ҳавододашударо бардошта, эълонҳо мечаспонданд, ки «ҷарима фалон сӯм». Вале ношоистагӣ боз давом мекунад.
Рӯбучин вақти муайян надорад. Хазон, ки аз шох афтид, бояд онро бардошт...
Ривоят мекунанд, ки нафаре, ки аз зодгоҳ дар ҷавонӣ баромада рафта, дар шаҳри дуре тиҷораташ омад мекунад ва сарватманд мешавад. Бачаҳояш ба воя мерасанд. Писари калонӣ хеле боақл ва хуштадбир буд. Духтардорҳо дар ҳаваси домод кардани вай. Вале бой хост аз зодгоҳаш муносибатарин арӯс пайдо кунад.
Ба деҳаи падарӣ омад ва эълон намуд: «Чаққонтарин ва саранҷомтарин духтарҳои қадраси деҳаро муайян карданиам. Ҳар кас ба рӯбучини манзили худ машғул шавад. Духтароне, ки аз ҳама зиёд меҳнат карда ва бештар хасрӯбаю партов оварда холӣ мекунанд, бо мукофотҳо сарфароз гардонда мешаванд».
Духтарон баробар ба рӯбучин машғул шуданд. Аз ҳар хонадон партовҳои зиёде мебаромад. Хасрӯбаҳоро худи бой қабул карда, духтаронро ба андозае, ки партов овардаанд, рағбатнок месохт. Ниҳоят, духтаре, ки аз ҳама зиёд партов овард, ба калонтарин мукофот лоиқ шумурда шуд.
Бой пурсид: «Ҳамаи духтарони деҳ иштирок карданд?» Гуфтанд, як нафар, ки аз падару модар дар тифлӣ ҷудо шуда, дар даргоҳи тағо калон шудааст, ҷуръати кӯчабароӣ накард...
Бой ба манзили он духтар роҳ пеш гирифт. Файзу фариштаи ҳавлие, ки рӯбучинаш ба заммаи ятимак буд, баробари аз остона ворид шуданаш ҳувайдо гардид. Дар кунҷе андӯҳгин менишаст ятимак. «Духтарам, ту чаро дар мусобиқа иштирок накардӣ?», ба нармӣ суол кард бой. Духтар гиря намуд: «Ҳамин қадар рӯфтам, як кафак хасрӯба баромад халос, аз онро ба кӯча, ба ҷои таъиншуда бурда партофтан шарм кардам».
Бой мисле муродаш ҳосил шуда, мамнун табассум намуд: аз ҷое, ки ҳамеша озода аст, хасрӯба намебарояд. Барояд ҳам, кам мебарояд. Баръакс, бисёр баромадани хасрӯба нишонаи муддатҳо рӯи ҷорӯб надидани манзил аст. Ғолиб омадӣ, духтарам.
Туро келин мекунам!»
Зимнан ба ҳамеша тозаю озода нигоҳ доштани нафақат манзилу маконе, ки дар он истиқомат дорем, балки дар покизагии роҳ ва кӯчаҳо, саҳн ва атрофи мавзеъҳо, саранҷомии ҳар ҷое, ки ба он назари касон меафтад, ҳар яки мо масъулем. Дар ин кор якҷоя амал кардан, яъне ба таври ҳашар амалҳои нек ва савоби марбути ободгарию оростагиҳоро ба иҷро расондан аз одатҳои азалии халқҳои мост.
Ба қарибӣ аз ҷониби ҳокимияти шаҳри Тошканд аксияи «Тошканди файзнок» эълон гардид, ки ду моҳ давом хоҳад намуд.
Баробари кӯчаҳои марказию хиёбону гулгаштҳое, ки доимо мадди назаранд, кӯчаҳои дохилӣ, торкӯча ва роҳҳои сарбастаи даруни маҳаллаҳо низ обод ва канори онҳо бо шинонда шудани гулу растаниҳои ҳамешабаҳор файзу тароват пайдо мекунанд. Аснои шурӯъ ба аксия ҳокими шаҳр Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев ба мардуми пойтахт муроҷиат сохт, дар ин кор муташаккилона амал кунанд. Аҳли Тошканд аз он эҳсоси ифтихор созанд, ки дар шаҳри азими файзнок, ки ҳар гӯшааш порае аз табиати сабз, шукуфон ва назаррабост, истиқомат доранд. Фикр мекунам ба ин ташаббус ҳар кадом бо ҷӯши меҳр ҷавоб мегардонед, изҳор намуд мири пойтахт.
Баробари ходимони идораҳои ободгардонӣ ихтиёриёне, ки саҳм гузоштан ба тозагию озодагиро кори савоб мепиндоранд, иштирок мекунанд. Масалан, нафақахӯр Ойсифат Қуронова, ки дар майдони меҳнат ҷавлон мезанад, мегӯяд, ороста нигоҳ доштани пойтахт фақат вазифаи ходимони садорати ободгардонӣ нест, ки ҳамагӣ бештар аз 1000 нафаранд. Танҳо дар вазъи даст ба даст дода, таҳтидилона ба ин амали хайр шурӯъ сохтан пойтахти мамлакати худро ба шаҳри пурфайз табдил доданамон мумкин.
Тозагию озодагӣ, сабз, хуррам ва ободгардонӣ дар доираи аксияи думоҳа 30 ҳазор гектар майдонро фаро хоҳад гирифт. Обод гардондани қабристонҳо низ ба нақша гирифта шудааст.
М. ШОДИЕВ.