ФАЙЗИ САҲРО

Пахтакорони ноҳияи Пешкӯ ӯҳдадор шудаанд, ки имсол ба давлат мувофиқи шартнома 33 ҳазору 145 тонна пахта супоранд.

 Бо ин мақсад дар 323-то хоҷагиҳои фермерии ба пахтакорӣ ихтисосонидашуда, ки фарогири 8 ҳазору 412 гектар майдон аст, ҳосили фаровон рӯёнданд. 

Ҳоло беш аз 14 ҳазор нафар чинакчиён дар 226-то отряд муттаҳид гашта, баҳри сари вақт ғундоштани ҳосил азму кӯшиш доранд. Ҳарчанд, ки ғунучини ҳосил дар ҳамаи ҳудудҳо ҳанӯз оғоз наёфтааст, дар ноҳия қариб 4000 тонна ҳосил ҷамъ оварда шудааст. Хоҷагиҳои фермерии «Облоқул Камолиддин ӯғли» (роҳбараш Улуғбек Мансуров), «Кетли Ранчо» (сардораш Учқун Тошев), «Варахша олтин баҳори» (сардораш Ӯктам Фатҳуллоев) ва ғайра кайҳост, ки супоришоти солонаи пахтасупориро иҷро кардаанд. Дар ҳудудҳо ғунучини ҳосил рӯз то рӯз авҷ мегирад.
Вақте ки мо ба ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Бобоҳоҷӣ»-и ноҳия омадем, аз раиси маҳалла Баҳром Кенҷаев шунидем, ки ду хоҷагии фермерӣ – «Облоқул Камолиддин ӯғли» (роҳбараш Улуғбек Мансуров) ва «Йӯлдош Эргаш замини» (сардораш Рамазон Йӯлдошев) нақшаи шартномавии ба давлат супоридани пахтаро бомуваффақият иҷро карданд. Ин ду фермер сокини деҳаи Шовареи маҳаллаи «Бобоҳоҷӣ» бошанд ҳам, киштзорҳояшон дар мавзеи «Варахша»-и ноҳия воқеъ гардидааст.

«Пир»-и деҳқонони ҳудуд

Номи Йӯлдош Эргашев солҳои 80-уми асри гузашта нафақат дар ноҳияи Пешкӯ, балки дар вилоят машҳур буд. Ин марди асил, ки зодаи деҳаи Шоваре аст, вақти мактабхонӣ аллакай дар колхоз табелчигӣ кардааст. Баъди чанде ӯро ба колхоз сардори бригада интихоб карданд. Дар давоми 28 соли сардории бригада вай нафақат дар вилоят, балки дар республика ҳамчун пахтакори моҳир шинохта шуда, соли 1982 сазовори унвони олии «Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ» гаштааст. Беҳуда нест, ки солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ба хоҷагии ҷамоавӣ номи вайро гузоштаанд. Деҳқони пуртаҷриба 9 августи соли 1989 вафот кард. Й.Эргашев соҳиби 6 писару 2 духтар буда, фарзандону наберагонаш ҳоло кори ӯро давом медиҳанд. Писараш Рашид Эргашев баъди вафоти падар сарварии бригадаро ба ӯҳда гирифт. Ӯ ҳоло роҳбари хоҷагии фермерии «Каромат Йӯлдош ӯғли», соҳиби медали «Шӯҳрат» аст. Сардори хоҷагии фермерии «Йӯлдош Эргаш замини» Рамазон Йӯлдошев бошад, набераи ӯст.

«Қадамҳои дилпуронаи «Йӯлдош Эргаш замини»

14 сентябри соли ҷорӣ хурсандии аъзои хоҷагии фермерии «Йӯлдош Эргаш замини» андоза надошт. Онҳо баъди хоҷагии фермерии «Облоқул Камолиддин ӯғли» дар ноҳия дуюмин шуда ба марраи мурод расиданд. Ба давлат ба ҷои 34 тоннаи шартнома 58 тонна «тиллои сафед» супорида, плани солонаро 170,6 фоиз иҷро карданд. Ба ин муносибат дар хоҷагии фермерӣ маросими тантанавӣ ба амал омад. Дар он ҳокими ноҳия В. Қаҳҳоров ва алоқамандони дигар иштирок карда, фотеҳони даштро бо комёбии арзанда муборакбод намуданд ва ба онҳо туҳфаҳо супориданд. Дар саҳро ҳосил ҳанӯз бисёр аст. Меҳнатдӯстон мехоҳанд, ки ҳосилро то граммҳои охирин чинда ба давлат супоранд. Чӣ хеле ки гуфтем, Рамазон набераи деҳқони шӯҳратманд Йӯлдош Эргаш аст. Вай бо орзую умедҳои зиёд ба хоҷагии фермерӣ номи бобояшро гузошт ва ният дорад, ки муносиби ҳамин ном ва алоқамандони ҳамин хонадон баҳри халқу Ватан хидмати муносиб кунад. Гӯё дирӯзакак буд, вай баъди хатми мактаби нӯҳсола ва коллеҷи касбу ҳунар мехост, ки донишҷӯи мактаби олӣ шавад. Пас аз хидмати дусолаи ҳарбӣ ниҳоят азму кӯшишҳои пай дар пай ӯро ба мақсад расонд. Рамазон  соли 2019 шуъбаи нафту гази Институти технологияҳои муҳандисии Бухороро хатм кард. Вай худи ҳамон сол дар хоҷагии фермерии амакаш – «Каромат – Йӯлдош ӯғли» ҳамчун бухгалтер ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз кард. Баъди ду сол – моҳи феврали соли 2021 аз мавзеи «Варахша» аз ҳисоби захираи ҳокимият 36 гектар замини партовшударо гирифта, ба хоҷагии фермерии пахтаю ғаллакории «Йӯлдош Эргаш замини» асос гузошт. Як соли расо қитъаҳоро ба тартиб даровард, 2-то чоҳи артезианӣ кофта барои обёрикунии майдонҳо шароит омода карда, байни хешовандон ва шахсони меҳнатдӯст муносибтарашонро ба кор гирифт. Обронҳо Юсуф Каримов, Шаҳбоз Йӯлдошев, тракторчиён Мухлис Муродов, Комил Эргашев, пудратчиён Сарабегим Шукурова (модараш), Ойнисо Ҳошимова, Гуласал Толибова, Ҳамида Расулова, Тӯйбегим Шукурова барин аъзоён ҳоло ба пушту паноҳи хоҷагӣ табдил ёфтаанд. Деҳқонон соли гузашта дар 25 гектар майдон пахта, дар 10 гектар ғалла корида комёб шуданд. Ба давлат 74 тонна пахта супориданд. Таҷриба нишон дод, ки дар шароити камоби дашт рӯёндани пахта чандон кори осон нест. Гармии ғайриоддии фасли тобистон, талафёбии гулу муғҷаҳои зиёд имконият намедиҳад, ки ҳосили дилхоҳ дастрас гардад. Ба ҳар ҳол дар чунин шароит рӯёндани гандум ташвиш ва маблағи зиёдро талаб намуд. Дар хоҷагӣ деҳқонон гандуми навъи «Краснодар» корида, имсол истеҳсоли ғалларо ба 65 сентнерӣ расонданд. Киштзори ғалларо ба 22 гектар ва пахтазорро ба 13 гектар табдил доданд. Дар ҳудуди хоҷагии фермерӣ як гектар чорбоғ мавҷуд аст.
Ҳоло хоҷагии фермерӣ соҳиби бошишгоҳи саҳроӣ ва ду трактор – «МТЗ-80», «ТТЗ-100», инчунин култиватор гаштааст.
– Гирду атрофи хоҷагии фермериамон ба нигоҳубини чорвои калони шохдор хеле мувофиқ аст. Аз ин рӯ ният дорем, ки солҳои оянда соҳаи чорвопарвариро низ ба роҳ монем. Меҳнати оқилона, албатта бесамар намемонад, – таъкид намуд мусоҳибам, сарвари хоҷагии фермерӣ Рамазон Йӯлдошев.

Амрулло АВЕЗОВ,
мухбири «Овози тоҷик» 
дар вилояти Бухоро.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: