ФАКТҲОИ ҶОЛИБ ОИДИ ҲАЁТИ «ШОҲИ БОКС»

Вақте Муҳаммад Алӣ ғолиби турнири «Дастпӯши тиллоӣ» байни ҷавонон (соли 1956) гардид, ҳамагӣ 14 сол дошт.

Вақте Муҳаммад Алӣ ғолиби турнири «Дастпӯши тиллоӣ» байни ҷавонон (соли 1956) гардид, ҳамагӣ 14 сол дошт.
***
Аввалин пирӯзии ӯ дар варзиши касбӣ 29 октябри соли 1960 ба вуқӯъ пайваст – Танни Хансейкерро мағлуб намуд.
***
Сентябри соли 1962 чемпиони ҷаҳон байни гаронвазнҳо Листон дар ҳарб бо вай талхии мағлубият чашид. Баъди он Муҳаммад Алӣ камари қаҳрамонии мутлақро тӯли 22 сол дар худ нигоҳ дошт.
***
М.Алӣ апрели соли 1967 хидмат дар сафҳои артишро рад намуд, июни соли 1967 суд ӯро гунаҳкор шуморид ва ба тариқи ҷазо чанд сол аз ҳуқуқи ба ринг баромадан маҳрум намуд. Танҳо соли 1971 суди олии ИМА ӯро сафед ва ҳуқуқҳояш барқарор кард.
***
Ҳанӯз аз хурдсолӣ ҳисси тарс ба қалбаш бегона бошад ҳам аз парвоз дар самолёт ҳарос дошт. Вақти парвоз ҳамеша бо худ парашут мегирифт.
***
То ба дарсҳо дер намонад, овони бачагӣ рӯ ба сӯи мактаб метохт. Наменӯшид, намекашид, ба тарзи солими зист риоя мекард. Дар бораи он ки дар дабистон хондааст, маълумотнома дошту халос. Хондан, соҳиби диплом шудан як умр дар қалбаш армон шуд.
***
Дар тӯли «карера»-аш вай 37 ҳарбро пеш аз муҳлат бо ғалаба анҷом дод. Аз онҳо 12-то нокаути соф, 25-то нокаути техникӣ буданд.
***
Муҳаммад Алӣ чаҳор бор хонадор шуд. Аз чаҳор никоҳ падари ҳафт духтар ва чаҳор писар гардид.
Аввалин завҷааш Сонҷӣ Рой пешхидмат буд. Онҳо январи соли 1966 ҷудо шуданд.
Августи соли 1967 Белинде Бойлро ба ҳамсарӣ пазируфт. Бойл бо хоҳиши ӯ исломро қабул ва тағйири ном намуд: Халила Алӣ. Чаҳор фарзанд (се духтар ва як писар) аз ӯ ба дунё омад. Вале онҳо ҷудо шуданд.
«Шоҳи бокс» соли 1977 бо Вероника Порш хонадор гашт. Ду духтар ёфтанд. Аммо заношӯӣ то соли 1986 давом карду халос.
Мегӯянд қаҳрамони ҷаҳон дар муносибат ба бонувон хеле «консерватив» буд, мегуфт зан бояд кор накунад, ҳамеша дар хона ба тарбияи фарзанд ва хидмат ба шавҳар банд бошад.
Соли 1986 Муҳаммад Алӣ Иоланте Уилямсро ба никоҳи худ даровард, ки якдигарро аз наврасӣ мешинохтанд. Фарзанддор нашуданд. Писараки панҷсола Асад Аминро фарзанд хонданд, ба воя расонданд.
Уилямс то охири умри Муҳаммад Алӣ (3 июни соли 2016) ба вай содиқ монд.

Ш.ГУЛРУХСОР.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: