ФАКУЛТАИ «БИЗНЕСИ ЭЛЕКТРОНӢ» КУШОДА ШУД

Чи хеле ки маълум аст, барои такмил додани низоми таълими умумӣ ва миёнаи махсус дар мамлакатамон корҳои зиёд амалӣ мегарданд.

Ба мақсади тайёр кардани кадрҳои босалоҳият дар соҳа мутахассисони хориҷӣ ҷалб гардида, ҳамкориҳои байни муассисаҳо ба роҳ монда мешаванд.
Бино бар ин, дар коллеҷи касбу ҳунари технологияҳои ахбори Тошканд маросими тантанавии кушодашавии факултаи «Бизнеси электронӣ»-и ӯзбеку корейс баргузор шуд. Факулта дар асоси лоиҳаи муштараки коллеҷи мазкур бо Коллеҷи донишгоҳи шаҳри Улсани Кореяи Ҷанубӣ ташкил ёфт.
Меморандуми ҳамкорӣ 1 августи соли 2018 имзо гардида, дар муддати кӯтоҳ синфхона ва лабораторияи он дар асоси стандартҳои Коллеҷи донишгоҳи Улсан ороиш ва ҷиҳозонида шуд. Факулта барои 120 нафар донишҷӯ буда, ба он хатмкунандагони коллеҷи касбу ҳунар, литсейи академӣ, мактаби таълими умумӣ ва шахсоне, ки соҳиби ихтисоси дуюм шуданро мехоҳанд, метавонанд дохил шаванд.
Таълим дар асоси шартнома пулакӣ буда, донишҷӯён баъд аз як соли таҳсил дипломи маҳаллиро ба даст мегиранд. Дар давоми соли хониш ба онҳо забони англисӣ, корейсӣ ва фанҳои махсус омӯзонда мешавад. Донишҷӯёне, ки курси аввалро бомуваффақият хатм мекунанд, таҳсилро дар Коллеҷи донишгоҳи Улсан давом дода, баъди як соли таҳсил дар он ҷо, метавонанд аз курси 3-юми бакалавриати донишгоҳи мазкур ё дар яке аз донишгоҳҳои Кореяи Ҷанубӣ таҳсили худро идома диҳанд.

Н. НОДИРОВА,
хабарнигори  «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: