ФАЛСАФАИ ҲАЁТ

Ҳар ду суҳбат доштем.

Мавзӯъ ягона набуд, вай гоҳ ба сиёсат мегаравиду гоҳ ба маънавият мепечид, гоҳ аз адабиёт буду гоҳ аз санъат. 
Дафъатан, ӯ  онро куллан дигар карда, пурсид: — Албатта, хабар доред, ки дар яке аз шумораҳои охирини «Овози тоҷик» мақолаи кучаке бо имзои чанд нафар омӯзгор аз ноҳияи Китоби вилояти Қашқадарё таҳти сарлавҳаи «Китобҳои бадеиро аз куҷо ёбем?» чоп шуд. 
— Бале, – гуфтам дар ҷавоб, – онро шуъбаи фарҳанг ба чоп тайёр карда буд. — Барои мактабҳои мо душвор. Китобҳои дарсиро, ба ҳар ҳол хуб ё бад ҳукумат интишор мекунаду ба мактабҳо мерасонад. Аммо норасоии китобҳои адабиву бадеӣ масъалаи мушкил аст. Алҳол тақрибан дар тамоми нашриётҳои ҷумҳурӣ китобҳо, маҷмуаву баёзҳои шоиру нависандагони тоҷики мамлакат аз ҳисоби маблағҳои худӣ ё ҳомиёну васоятгарон, бо теъдоди кам бошад ҳам, чоп мешаванд, вале  ба ҷойҳои зарурӣ расондани онҳо мушкилот доранд. Яъне боз маблағ лозим аст. Маблағ барои пардохти пули муаллиф, маблағ барои харидани онҳо аз дуконҳои китобфурӯшӣ, ки ангуштшумор бошанд ҳам, ҷо-ҷо ҳастанд, маблағ барои пардохти хидмати расондадеҳӣ ва ғайраву ва ҳоказо. Масъалаи дарёфти асарҳои шоирону нависандагони Тоҷикистон ва ба мактабу донишкадаҳои тоҷикии Ӯзбекистон расондани онҳо бошад, боз як мавзӯи алоҳида аст, ки ҳатто ба тавзеҳу тафсир ҳам ниёз надорад. Яъне, аз доираи имкону иқтидори мо куллан берун аст.
— Оре, дуруст, вале мешавад, ақаллан ба онҳое, ки имкон ва тавони китобҳоро то ба мактабашон ё ба донишкадаву донишгоҳҳояшон расондан доранд, кумак кард. Масалан, шумо китобҳои адабию бадеии дар кишвари худамон ба забони мо нашршударо бо теъдоду миқдори зарурӣ пайдо ё дасти кам, ҷойи онҳоро муайян ва мушаххас мекунед, банда маблағ ва роҳкирояшонро мепардозам, онҳо – ниёзмандон меоянду мегиранду мебаранд. Чӣ гуфтед? — ҳамсуҳбатам ба мани аз ин пешниҳод ҳайрону лол ва саргаранг оромона нигоҳ мекард. Ман, гӯё  ба ҷисмам оташаке расида бошад, парида аз ҷо хестам ва аз ниҳояти хурсандӣ: – Оё шумо ин корро мекунед? Ин қадар маблағро як худатон мепардозед? — гуфтам.
— Дар аввал ин корро метавон барои роқимон – нависандагони он мақолае  кард, ки дар рӯзнома чоп шудааст.
— Онҳо ҳам кам не, он ҷо имзои директорони якчанд мактаби тоҷикӣ ҳаст, — илова кардам боз.
— Медонам, боке не. Биёед, ҳамин корро кунем, савоб мешавад. Натиҷаашро мебинем, агар боз талабгорону хоҳишмандон пайдо шаванд, онро ба қадри ҳолу имкон идома медиҳем, кумак мерасонем, агар не, танаффус мекунем... Мешавад?— бори дигар ба ман дида дӯхт ҳамсуҳбатам.
— Албатта, мешавад. Аз имрӯз дар ҷустуҷӯйи нависандагони ин мактуб мешавам ва ҳадди ақалл рақами телефони ягон нафари онҳоро пайдо мекунам, — ваъда додам мани то ҳол ҳайратзада.
Ва мо, аниқтараш акаи Муродҷон ин корро карданд. Аз дукони китобфурӯшии шаҳри Самарқанд бо имдоду ёрии ношир ва шоири шинохтаи тоҷик, роҳбари Шӯрои самарқандии Иттиҳоди нависандагони Ӯзбекистон  Асаддулоҳ Исмоилзода китобҳои адабию бадеӣ бо теъдоди барои якчанд мактаби тоҷикии ноҳияи Китоб зарурӣ харида ва расонда дода шуданд. Дар пайи он боз барои чандин мактаби тоҷикии ҷумҳурӣ чунин кори хайру савоб ба иҷро расиданд, ки мо бинобар он ки сухан ба дарозо накашаду гуфта такрор нашавад, аз баррасиву ҳикояи тақрибан якранги ҳар кадоми онҳо парҳез кардем.
Вале ин ҷо зарур медонам аз воқеае, ки аз сари худ ва, албатта, боз бо иштироки  фаъоли акаи Муродҷон гузарондаам, шаммаеро нақл кунам. 
Соли 1988 чун дар Тоҷикистон (он вақт яке аз ҷумҳуриҳои иттифоқӣ) дар Ӯзбекистон низ тайёрӣ ба таҷлили саду даҳсолагии устод  Садриддин Айнӣ дар авҷ буд. Ҳар як нашрияи чопӣ, хоҳ он рӯзнома бошад, хоҳ маҷалла саъй менамуд бозёфти нодиреро аз ҳаёт ва фаъолияти ин нобиғаи ҳам адабиёти тоҷик ва ҳам адабиёти ӯзбек эълон кунад. Аз ҷумла «Овози тоҷик». Ман, ки дар наздикии идораи рӯзнома, аниқтараш дар рӯ ба рӯйи бозори бузурги «Олой» зиндагӣ мекардаму аз он то коргоҳ беш аз 800 –1000 қадам набуд, ҳар субҳ пештар аз кормандони дигар ба корхона мешудам ва аҷиб, ки ҳар бор сармуҳаррирамон – инсони пурдидаву хоксор ва кордон Шавкат Ниёзов, ки манзили ӯ низ дар қарибии коргоҳ қарор дошт, аллакай  дар идора буд. Одат доштам бо онҳое, ки пеш аз ман омадаанд, салому алейк кунам, ин хислатро то ҳол, ҳарчанд имрӯз дар идора аз ҳама бузургсолтарам, тарк накардаам. Баъдан  ба қабулгоҳ даромада, ба дафтари қайди омаду рафт бо сабти соату дақиқа имзо мегузоштам ва агар дари дафтари сармуҳаррир ё муовини сармуҳаррир устод Муҳсин Умарзода кушода бошад, албатта, бо ҳар кадоми онҳо салому алейк ва вохӯрӣ мекардам. Тавре ки гуфтам, Шавкат Ниёзов ҳамеша дар ҷойи кор буданд, вале Умарзода дертар меомаданд. Зеро мошини хидматӣ чун анъана аввал сармуҳаррир, сипас, аксаран котиби масъули рӯзнома Раҳматҷон Норов ва баъд ҷонишинро меовард.
Алқисса, дар чунин як субҳи соли мазкур сармуҳаррир ба ман маҷаллаи муқовааш фартутшудаи адабиву бадеии нашрияи Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон — «Шарқ  юлдузи»-ро аз соли 1956  супурда, гуфт, ки дар он очерки калонҳаҷми адиб ва журналисти собиқадори ӯзбек Қурбоной Убайдуллоева  бо сарлавҳаи «Ӯчмас шуъла» дар бораи устод Садриддин Айнӣ чоп шудааст ва ҳоло, ки тайёрӣ ба таҷлили солгарди зодрӯзи устод идома дорад, хуб мешуд онро тарҷума ва дар рӯзномаамон ба ин муносибат порча-порча эълон кунем. Ман ин вазифаро ба шумо месупорам, корро метавонед аз ҳамин рӯз оғоз кунед.
Очерк — хотираҳои Қурбоной Убайдуллоева, ки муддати беш аз як сол ба ҳавлии устоди бузург рафтуо дошта, асарҳои ӯро мошиннавис кардааст,  дар якчанд шумораи рӯзнома таҳти унвони «Шуълаи абадӣ» чоп шуд ва ба саду даҳумин солгарди абарустод туҳфаи муносибу хондании «Овози тоҷик» барои хонандагони сершумор, мухлисону ҳаводорони ҳаёт ва эҷодиёти вай гардид.
Солҳо гузаштанд. Боре чун бастаҳои «Овози тоҷик»-ро саҳифагардонӣ мекардам, чашмам ба ин очерк афтоду дар сарам фикри дар сурати китобчае интишор кардани он пайдо шуд. Барои ин корро ба сомон расондан, ғайр аз дарёфти маблағ баҳри хароҷоти чоп боз як чиз намерасид, ки ба назарам муҳимтар аз маблағ буд. Ин ҳам бошад, пайдо кардани маълумот дар бораи муаллиф, яъне ақаллан мухтасари  тарҷумаи ҳол ва алъон дар куҷову чӣ кора будани ӯ маҳсуб меёфт. Азбаски дар очерк аз хусуси кору рӯзгори устод дар Самарқанд сухан мерафту худи муаллиф низ самарқандӣ қаламдод шуда буд, камина тӯли солиёни зиёд ӯро аз ҳамин шаҳр ҷустам, суроғ кардам. Аз журналистону аҳли адаб ва дӯстони худ, ки дар Самарқанд кору зиндагӣ мекунанд,  аз ҷумла  шоир ва журналисти шинохтаи шаҳри бостонӣ, устод Салим Кенҷа, собиқ директори Хона-музейи устод дар ин шаҳр Абдукарим Ғанизода, шоир ва журналист, муҳаррири рӯзномаи ноҳияи Самарқанд — «Гулобод тонги» Нормурод Каримзода, журналисти хушқалам, собиқ сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Овози Самарқанд»  Озодҷон Ҳамидзода, муаллими калони факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд, дӯсти ҳамсабақам Абдуваҳҳоб Воҳидов, дотсенти ҳамин факулта, номзади илмҳои филологӣ Абдусалом Самадов ва дигарон хоҳиш намудам, ки ба ман дар ин бобат, яъне дарёфти Қурбоной Убайдуллоева, ё ҳадди ақалл маълумот аз хусуси ӯ кумак кунанд. Аҷиб он буд, ки тақрибан аксари онҳо дар бораи вай шунидаанд, медонанд, ки аз шаҳри онҳост, вале намедонистанд, ки ҳоло куҷост, дар қайди ҳаёт аст ё на. Чун ҷустуҷӯҳо самаре надоданд, бо ношир ва шоир, дӯсти меҳрубон Асадулло Исмоилзода қарор додем, ки очеркро дар арафаи 140-солагии Устоди зиндаёд, бидуни шарҳи ҳоли муаллифи он, чоп кунем. Ҳамин тавр ҳам шуд. Вале...
Дар як мулоқот бо акаи Муродҷон аз ин хусус мужда расондам. Яъне гуфтам, ки китобчаеро аз ҳаёт ва рӯзгори устод Садриддин Айнӣ ба дасти чоп супурдем, ки чоп мешавад ва инак, нусхаи аввалини чопии он. Вай китобчаро гирифта, хуб муоина кард ва сипас аз муаллифаш пурсон шуд. Ба ӯ ҳикояти ҷустан, вале ёфт нашудани муаллифи  ӯро кӯтоҳакак баён кардам, ҳамчунин илова намудам, ки мувофиқи маълумоти дӯстам, шодравон Абдусалом Самадов гӯё модар ё хеши наздики ҳофизони машҳур, аммо ҷавонмарг Муҳриддин ва  Ҳусниддин Холиқовҳо будааст.
— Чӣ гуфтед? – дафъатан чашм аз китоб бардошта, ба ман нигарист, ҳамсуҳбатам.
Гуфтам, ки аз қарибони...
Хоҳари Муҳриддин ҳаммаҳаллаи мост. Агар тавре ки шумо мегӯед, вай модар ё ақаллан аз хешовандони Муҳриддин бошад, ман худи пагоҳ маълумоти заруриро бароятон муҳайё мекунам. Вале ҳоло шумо нашрро боздоред. Китоб бидуни сурат ва зиёда аз он шарҳи ҳоли муаллиф, ки дар бораи яке аз шаҳсутунҳои пойдори маданияту маънавият ва адабиёти мо, устоди бузург Садриддин Айнӣ  бад-ин унвону ба ин пуррагӣ навиштааст, ҳаргиз раво нест, — гӯё шӯрида рафт акаи Муродҷон. Ман ҳеҷ хаёл надоштам, ки муждагониам ин қадар таъсири акс мекунад. Аз ин лиҳоз ҳамон лаҳза ба Асадулло занг задам ва пурсидам, ки ҷараёни чопи «Шуълаи ҷовидон» (унвони  китоб, нисбати он ки дар рӯзнома чоп шуд, каме тағйир хурда буд) чӣ ҳол дорад? Вай посух дод, ки чанд ададро ҳамчун нусхаи «сигнал» чоп кардем, алҳол  нусхаи дасти шуморо бо тасҳеҳҳои охирин интизорем. Аз ӯ хоҳиш намудам, ки чопи китобчаро боздорад, зеро муаллифро аз Тошканди азим анқариб пайдо кардем. Ба таъбире «Об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем, Ёр дар хонаву мо гирди ҷаҳон мегардем»...
— Не-е! – ҳайрон шуд дар он тарафи сими алоқа мусоҳибам. – О, шумо ӯро аз Самарқанд гуфта будед-ку?
— Оре, аз Самарқанд, вале шамоли ҳодиса касро ба куҷоҳо намебарад. Масалан, шумо ҳам аз Сариосиё, ман аз Нурато, акои мо – Муродҷон, аз Истаравшани Тоҷикистон аст, – ҷавоб додам ба ӯ.
Ана ҳамин тавр ба шарофати акаи Муродҷон ҳам сурати муаллиф ёфт шуду ҳам тарҷумаи ҳол ва ҳам духтари ягонаи Қурбоной Убайдуллоева – Тулқиной, ки модараш бо навозиш Мавҷимоҳ мегуфтаасту воқеъан хоҳари Муҳриддину Ҳусниддин буда, ҳоло бо аҳли хонавода дар Тошканд мезистаанд. 
Китобчаи зебову хонданӣ, ба қавли акаи Муродҷон «дар бораи яке аз шаҳсутунҳои пойдор...» бо кумаку шарофати беқиёси ӯ ва бо иловаи мухтасари шарҳи ҳолу сурати муаллифаш рӯйи чопро дид, ки ман барои ин аз вай, аз бародари сахтгиру серталаби худ Муродҷон Махсудов зиёда миннатдорам. 
Субҳи 5-уми марти соли 1991, саҳаргоҳе, ки шомгоҳаш бачагону наврасони деҳоти кишвари мо, ба хусус дар кӯҳистон, бинобар анъанаву русуми қадимаи аҷдодӣ дар ба дару хона ба хонаи ҳамдеҳагон гашта, аз расидан, оғози баҳор – ин фасли қашангу дилпазир, ин айёми эҳёи сабзаву дарахтон, ин даврони ҷӯшу хурӯш ва қиёми мурғакон, ин замони гулпӯшиву шукуфтарӯии дӯшизагону духтарон дарак медиҳанд, мо,  ҳайати панҷнафараи Иттиҳодияи қаламкашон – журналистони Ӯзбекистон бо тайёраи ҳарбӣ (зеро ҳанӯз ҷанг дар сарзамини афғон идома дошт) ба Ҷумҳурии он гоҳ демократии Афғонистон ба сифати паямбарони баҳори нозанин ва баҳри мустаҳкам кардану инкишоф додани муносибатҳои дӯстиву бародарии байни аҳли қалами ду кишвар, ҳамчунин зиёрати қабри шоир ва мутафаккири ӯзбек Алишери Навоӣ, ки дар ватани мо – Ӯзбекистон 550-солагиаш таҷлил мешуд, парвоз кардем.
Ҳайати мо аз журналистони маъруфу шинохтаи мамлакат, аз ҷумла шореҳи сиёсии радио ва телевизиони ҷумҳурӣ Талъат Солиев, ба ҳайси роҳбари гурӯҳ, ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи он замон рақами аввали кишвар «Совет Ӯзбекистони» Миршароф Муҳсинов, котиби масъули рӯзномаи «Правда Востока» Виктор Дегтярев, директори студиёи варзиш, наврасон ва ҷавонони телевизиони Ӯзбекистон Ҳайдар Афзалов ва роқими ин сатрҳо иборат буд...
Ман ин саргузашти сию се сол муқаддам бо ҳамроҳон аз сар гузарондаи худро беҳуда ба хотир наовардам. 
Оре, саргузашту сарнавишти инсон аз тасодуфҳо орӣ нест. Боре аз акаи Муродҷон дар дафтари кориаш суол кардам, ки оё бар ивази он қадар ҳиммату саховат ва умуман некиҳое, ки аз ҷониби шумо ба қарибон, ёрону дӯстон, баъзан, ҳатто ба нимошнову нимшиносон содир шудаанд, аз касе нисбати шумо ҳам накӯӣ ё, ақаллан арзи сипосу илтифоте расидааст.
— Аслан, аз ҷониби камина ҳар некӣ ё кори хайре, ки содир шудаву мешавад,  на барои он аст, ки худнамоӣ кунам, балки ин ҳама ба амри дил буду ҳаст. Оё нашунидаед, ки ҳакимон фармудаанд: чун ҳиммате мекунӣ, чунон бикун, ки агар ба дасти рост медиҳӣ, дасти чап онро набинад. Ин ҷиҳат маънии зиндагӣ ва фалсафаи ҳаёти мост. Вале шудааст, ки баъзе аз онон ғайриихтиёр ва бидуни чашмдошти мо, ҳатто саховати бештар аз лутфи моро содир кардаанд.
Ҳамсуҳбати ман инро гуфту аз ҷо рост шуда, аз байни китобҳои зиёди ҷевони дафтари кориаш китобчаеро гирифт ва ба ман дароз кард. Он «Инсонийлик саройлари кенгдир» унвон дошт ва болои муқоваи зебояш ному насаби Талъат Солиев сабт шуда буд.
— Ин кадом Талъат Солиев? Магар, ҳамоне не, ки шореҳи машҳури сиёсӣ буданд? – пурсидам аз мусоҳибам.
— Бале, худи ҳамон журналисти  маълуму маъруфи мамлакат, — гуфт акаи Муродҷон, — бо тамкину вазнинии ба худ хос.
— Ман он касро мешиносам.
— Ӯро кӣ намешинохту намедонист, охир, вай қариб ҳар ҳафта аз тариқи радио ва телевизиони ҷумҳурӣ баромад карда, воқеаву ҳодисаҳои  рӯзмарраи сиёсии ҷаҳонро шарҳу тафсир мекард, халқамонро аз рӯйдодҳои муҳим, балки хеле муҳими олам хабардор менамуд.
— Не, не, шумо маро нодуруст фаҳмидед, ман ин шахсро хеле хуб медонам, мо бо роҳбарии он кас ба хориҷа, ба Афғонистон сафар карда, беш аз як ҳафта ҳамроҳ будем, дар як меҳмонхона — ҳутели «Кобул» хобидем. Якҷо дар қабули Вазири аъзами вақти ин кишвар Султоналӣ Кештманд, вазири фарҳанги он  оғои Ҳамгар, бисёр дигар вазорату идораҳо будем. «Боғи Бобур»-ро тамошо ва қабри шоҳ, саркарда, шоир ва муаррихи машҳур Муҳаммад Заҳириддин Бобуру наздикони ӯро дар пойтахти Афғонистон – шаҳри Кобул зиёрат намудем.
Ман нисбати ин марди аз ҳар ҷиҳат самимӣ меҳру муҳаббат ва аз он сафар, ки таҳти сарварии ӯ анҷом додем, таассуроти фаромӯшношуданӣ дорам. Мешавад, ин рисоларо ба муддате бо худ бигирам, то хонда бароям?
 — Чаро нашавад? Мешавад он ба шумо армуғон. Ҳоло китоб туҳфа кардан расм шудааст. Гиреду китоби ҳамроҳу ҳамсафари деринаи худ — бародаратонро дар бораи камина бафурҷа хонед. Дар ягон вохӯрии навбатӣ таассуроти худро бо мо ба ҳам хоҳед дид. Чӣ гуфтед?
— Ҳатман! — посух додам китобчаро варақзанон.
Дар хона ин рисоларо, ки ҳамагӣ аз чиҳил саҳифа иборат буд, ба қавле дар як нафас хондам. Ростӣ, он бо забони бағоят ширину латиф, содаву равони ӯзбекӣ навишта шуда буд ва касро аз оғоз то анҷом чун оҳанро оҳанрабо ба худ ҷазб мекард. Онро, бидуни муболиға, мехоҳам навиштаи меҳр, иншои муҳаббат, эҷоди садоқат ва офаридаи самимият ном диҳам. Муаллиф тавонистааст тамоми соҳаҳои рӯзгору зиндагӣ, кору фаъолият ва одамиву одамигарии қаҳрамонашро, ки бо як муҳаббати сидқии бародарона  «иним», яъне додарам менигораду мегӯяд, агарчи тарҷумаи он маънӣ, гармиву нармии аслии ин вожаро чандон хубу пурра ифода намекунад, фаро гирифтааст. Ба он, агар боз амалҳои хайру савоби акаи Муродҷонро, ки дар рисола ҳиссае аз қисса ё худ қатрае аз баҳр гуфта шудаанд, зам накунед, дигар наметавон ҳарфе илова кард.
Дар бораи саховату ҳимматбаландӣ ва корҳои неки акаи Муродҷон бошад, ҳатто ман, ки бо эшон ба наздикӣ ошноиву қаробат пайдо кардам, метавонам соатҳо суҳбат кунам, нақл намоям. Чунончи, ман медонам, ки мавсуф бобати обуна ба рӯзномаи «Овози тоҷик» ҳанӯз аз давроне, ки он «Ҳақиқати Ӯзбекистон» ном дошт, ҳар сол ҳиммат мекард ва андак ҳам не. Ё худ бисёр ҷашн, ид ва маъракаҳоро барои кормандони рӯзнома дар коргоҳи худ – Маҷмуи савдои «Истаравшан» ташкил менамуд. Алҳол чунин иқдоми хайрро бинобар обуна ва пуштбонӣ аз нахустин маҷаллаи тоҷикии навтаъсиси адабиву фарҳангии «Дурдонаи Шарқ» дар шаҳри Самарқанд идома медиҳад. Дар маросимҳои гуногун, аз қабили Иди Истиқлол, Ҷашни Наврӯз ва ғайра, ки Маркази мадании тоҷикони шаҳри Тошканд «Ориёно», баъдан ҳамчунин Маркази миллию фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ созмон медоданд, сару сарвар буд...
Мавриди зикр аст, таъкид кунем, ки рисолаи журналисти номӣ Талъат Солиев, ки дар боло роҷеъ ба он сухан рафт, доир ба кору фаъолият ва амалҳои савоби бародари мо ягона нест. Дар маҷалла ва рӯзномаҳои мухталиф оид ба паҳлуҳои гуногун ва шоистаи кору рӯзгори ӯ лавҳа, мақола ва очеркҳои зиёд навишта шудаанд, ки агар ҷамъоварӣ шаванд, шояд китоби бузургҳаҷмтаре ҳам шавад. Ин ҷо  дар поёни ин меҳрнома мехоҳам барои тасбити гуфтаҳои хеш аз чанде чунин навиштаҷоти таҳтидилонаи солҳои охир пораҳоеро ба сифати намуна оварам.
«...Муродака барои инкишофи фаъолияти Маркази фарҳанги тоҷикони шаҳри Тошканду мамлакат ҳиссаи бузург гузоштаанд. Рӯзи забони тоҷикиро мо борҳо айнан дар корхонаи «Истаравшан» гузаронидаем... Муродака маҳз туфайли завқ ба китоб ба муродашон расидаанд...Рӯйи мизи кориашонро осори Рӯдакиву Ҳофиз, Шайх Саъдиву Мавлонои Балхии Румӣ, Лоиқ ва классикони адабиёти дунё зеб медиҳад...
Яке аз дарёфтҳои нодиру бузурги мо дар Тошканд бародариву дӯстиамон бо роҳбари корхонаи »Истаравшан» Муродҷон Ҳамидович Махсудов... ба шумор меравад. (Шоҳқаҳҳор Салимов, «Ошёни бахт», нашриёти «Тамаддун», соли 2021).
«...Ман, албатта, хурсанд мешавам, ки мардони истаравшанӣ берун аз диёри худ ҳам соҳиби обрӯю эътиборанд. Инро бинед, ки ҳамсабақам, дӯсти солҳои бачагиям Муродҷон Махсудов ҳам баъди хатми мактаби миёна бо аҳли оила ба Тошканд омада, таҳсили илм кард ва дар соҳаи савдо ба комёбиҳои назаррас ноил шуд. Ӯ дар маркази Тошканди азим маҷмуи тиҷоратӣ барпо карда, номи онро ба хотири зодгоҳаш «Истаравшан» гузоштааст. Алҳол Муродҷон садҳо нафар шогирд дорад...» («Одамони хуб бисёранд, к-ин олам бапост», Юсуфҷон Абдураҳимов, узви Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон, «Овози тоҷик», №73, 2023).
«...Мардум маъракаву маросимҳои бодабдабаву сермасриф ташкил мекунанд, барои мошинҳои қиматбаҳояшон рақамҳои (кампайдо)-и давлатиро бо маблағи гарон мехаранд...Вале, мутаассифона, нашунидаем, ки давлатманде дар паҳлуи ҳамон супермаркет ё заправкааш, ақаллан ягон дукони китоб ё китобхона сохта бошад, ё худ ба донишҷӯй ё мактабхоне китоб армуғон, ба ягон муштарӣ барои обуна ба рӯзнома маблағ ҷудо карда бошад...
Ёд дорам, вақте бо чунин масъала ба Муродҷонака – соҳиби як тарабхонаи на чандон калон, ки бо номи «Истаравшан» дар қарибии идораи «Овози тоҷик» вуҷуд дошт, муроҷиат карда будем. Он кас ҳамчун як маърифатпарвар саховатпешагӣ зоҳир карда буданд, ки ҳеҷ аз хотир фаромӯш намешавад...» («65 сол боз мехонаму менависам», Аслиддин Қамарзода, Корманди шоистаи фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон, профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд, «Овози тоҷик», №3, 2024).

Тӯхтамиш ТӮХТАЕВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: