ФАЪОЛИИ СИЁСИИ ЗАНОНУ ДУХТАРОН — ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ ҶАМЪИЯТ

Ҳақиқатҳое ҳастанд, ки аз имтиҳони вақт мегузаранд.

Ҳақиқатҳое ҳастанд, ки аз имтиҳони вақт мегузаранд. Яке аз онҳо ин аст, ки дар ҳар гуна ҷамъият дараҷаи маданиятнокӣ дар муносибат ба занон муайян мегардад. Зеро муносибат ба зан мизони асосии эҳтиром ба давлат, миллат ва ояндаи авлод маҳсуб меёбад.
Дар мамлакатамон дар натиҷаи ислоҳоти васеъмиқёсе, ки доир ба таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занон, фароҳам овардани шароити мусоид ба меҳнату зиндагӣ ва руйи об баровардани иқтидори зеҳнии онҳо ба амал татбиқ мешаванд, занон ба қишри фаъолтари ҷамъиятамон табдил ёфтанд. Дар ҳамаи ҷабҳаҳо, бахусус, дар соҳаҳои илмию тадқиқотӣ, тиб ва муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳои саноатӣ, хоҷагиҳои фермерӣ, субъектҳои тиҷорати хурд сафи занони роҳбар торафт зиёд мегардад.
Инак, ҳолате, ки дар давлатҳои дунё қариб, ки ба мушоҳида намерасад: дар мамлакатамон Шӯрои ҷамоатии занону духтарони ҷумҳуриявӣ ва Бунёди давлатии мақсадноки дастгирии занону духтарон фаъолият дорад. Тибқи ҳисобу китоби  Шӯрои ҷамоатии занону духтарони ҷумҳуриявӣ аз Буҷети давлат ҳар сол ба Бунёд то 300 миллиард сӯм маблағ ҷудо карда мешавад.
Ҳамчунин, ба занону духтароне, ки барномаҳои дахлдорро хуб аз худ кардаанд, бино ба тавсияи ҷонишини якуми роҳбари шуъбаи дастгирии оилаи ноҳияю (шаҳр) маҳаллаҳо, барои роҳандозии фаъолияти соҳибкорӣ ба муддати то 3 сол ва 6 моҳ тибқи ставкаи асосии Бонки марказӣ то 150 баробари МҲБ кредитҳои имтиёзнок дода мешавад.
Дар кишварамон бобати дастгирии занону духтарони ниёзманд, бо шуғл фарогирӣ ва рушди соҳибкорӣ дар байни онҳо низ корҳои зиёде анҷом дода мешаванд. Аз ҷумла, бино ба маълумоти расмӣ рӯйихати 432 ҳазору 781 нафар занону духтароне, ки ба «Дафтари занон» шомил гардидаанд, дар иҷлосияи Шӯрои депутатҳои халқии ноҳияю шаҳрҳо тасдиқ карда шудааст. Ба 432 ҳазору 275 нафар занону духтарони ба «Дафтари занон» воридгардида кӯмаки амалӣ расонда шуд.
Бахусус, бино ба тартиби пешбинишуда 251 ҳазору 363 нафар занону духтарони бекори ба ҳифзи иҷтимоӣ ниёздошта соҳиби манбаи доимии даромад гардиданд, ба 36 ҳазору 697 занону духтарони  бепарастормонда ба миқдори  27 миллиарду 572 миллион сӯм ва ба занону духтарони ба нигоҳубин муҳтоҷ 21 миллиарду 58 миллион сӯмина кӯмаки моддӣ пешбинӣ шуд. Дар таъмири хонаву ҷойи 4 ҳазору 164 нафар занону духтарони маъюби гурӯҳи I кӯмак расонда шуд.
Илова бар ин дар зинаи 2-юми кор бо занони ба «Дафтари занон» воридгардида беш аз 19 ҳазор занону духтарон бо шуғл фаро гирифта шуданд. Аз инҳо 1123 нафарашон ба соҳибкорӣ ҷалб карда шуда, ба онҳо дар гирифтани кредит кӯмак расонда шуд. Ба 24437 нафарашон баҳри гирифтани кӯмаки моддӣ ва ба 332 нафар барои беҳ сохтани шароити зисташон имконият фароҳам оварда шуд.
Ё бигирем, масъалаи ба духтарони оилаҳои ниёзманд, барои дохил шудан ба муассисаҳои таълими олӣ, ҷудо кардани грантро. Ин дар сатҳи давлат намунаи беҳтарини ҳифзи иҷтимоӣ мебошад. Ин аст, ки бисёр хоҳароне, ки дар оилаҳои ниёзманд ба сар мебурданд, тибқи гранти давлатӣ имкони таҳсил дар муассисаҳои таълими олиро ба даст дароварданд.
Дастоварди дигар дар тӯли панҷ соли баъдӣ ин буд, ки кишварамон дар ҷодаи таъмини баробарии гендерӣ қадамҳои муҳим гузошт. Чунончи, дар роҳи таҳким бахшидани асоси қонунгузорӣ ва иститутсионалии таъмини баробарии гендерӣ дар мамлакатамон чораҳои муассир андешида шуданд. Доир ба таъмини ҳуқуқи занону духтарон, хусусан, баробарии гендерӣ ва ҳифзи занон аз зулму тааддӣ, пурзӯр намудани мақоми рушди соҳибкории занон 24 ҳуҷҷат, аз ҷумла, 2 қонун, қариб даҳ фармон ва 16 қарори Девони Вазирон ба тасвиб расид.
Дар баробари ин, дар Сенати Олий Маҷлис Кумитаи масъалаи занону духтарон ва баробарии гендерӣ, дар Палати қонунгузорӣ Комиссия масоили оила ва занон созмон дода шуда, онҳо дар ҳаллу фасли масъалаҳои занону духтарон бобати татбиқи пайгиронаи ислоҳот, таҳкими оила, ҳифзи модару кӯдак, ҳимояи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии занон, афзун гардондани фаъолии иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии онҳо, такмил додани асноди қонунии соҳа ва татбиқи барномаҳои давлатӣ фаъол иштирок менамоянд.
Дигаргуниҳои мусбати соҳаи таълими олӣ низ, бевосита, ба доман густурдани баробарии гендерӣ хидмат мекунанд. Аз ҷумла, шурӯъ аз соли 2017 дар аксарияти муассисаҳои таълими олӣ бино ба ихтисосҳои гуногун дари шуъбаҳои ғоибона боз гардиданд. Ин шакли таълим имкон медиҳад, ки занони ҷавон, дар баробари парвариши озодонаи фарзандон ва иҷрои маҷбуриятҳои оилавӣ, маълумоти олӣ низ гиранд.
Албатта, мо бояд корҳои зиёдеро анҷом диҳем.  Хусусан, бояд барои такмил додани асноди қонунии ҳуқуқи занон, асосҳои институтсионалии ҳифзи онҳо, тавсеа бахшидани доираи хабардории аҳолӣ аз баробарии гендерӣ ва ҳуқуқи занон, татбиқи ҳуқуқ дар амалиёт ва низоми таҳсили шахсони масъули мансабдорро тибқи меъёрҳои ҳуқуқӣ ба роҳ монд.
Имрӯз, бино ба татбиқи мақсаду вазифҳои миллии рушди барқарори Ӯзбекистон то соли 2030, ҷамъ аз 17  мақсади пешбинишуда 16 маҷбурияти ба зимма гирифта иҷро мегардад.
Панҷ мақсади асноди стратегии мазкур мутааллиқ ба баробарии гендерӣ буда, дар ин хусус ба тасвиб расидани қонунҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон «Дар бораи кафолати имкониятҳо ва баробарҳуқуқии занону духтарон» ва «Дар бораи ҳифзи занону духтарон аз тазйиқу тааддӣ», аз 2 сентябри соли 2019, фикри моро тасдиқ менамояд. Дар ин ҳуҷҷатҳо самтҳои асосии сиёсати давлатӣ доир ба таъмини тамоюлҳои баробарии байни занону духтарон ва мардон ва ҳифзи занону духтарон аз тазйиқу тааддиҳо муайян шудаанд.
Тааассуф, ки имрӯз дар ҷамъиятамон ҳолате дарднок — тазйиқу тааддӣ ба занон ба мушоҳида мерасад. Танҳо дар соли 2020 тавассути суҳбат бо оилаҳо 14774 занону  духтарони ба тазйиқу тааддӣ дучоршуда муайян гардида, дар «ордери ҳимоя» ба қайд гирифта шуданд. Ҳоло ҳуқуқи онҳо аз ҷониби мақомоти масъули давлатӣ ҳифз карда мешавад. Мо тазйиқу зӯровариро ҳатто нисбати як зан ва духтар бошад ҳам, бояд ба сифати фоҷиа қабул кунем ва алайҳи он муборизаи шадид барем. Дар ҳамон сурат ин иллат решакан мешавад. Боиси хурсандист, ки дар ШКД шаҳру ноҳияҳои кишварамон, дар алоҳидагӣ, қариб 400 вазифаи зан-инспектор ҷорӣ карда шуд. Ҳоло онҳо фаъолияти пурсамар доранд.
Бобати ба амал татбиқ намудани ислоҳоти демократӣ ва ташаккул додани ҷамъияти шаҳрвандӣ дар кишварамон пойгоҳи меъёрию ҳуқуқие, ки иштироки баробари занону духтаронро таъмин менамояд, офарида шуд ва он сол то сол такмил меёбад. Натиҷаи ин эътибору ғамхорӣ имрӯз 45 фоизи коргару хидматчиёнеро, ки дар соҳаҳои мухталиф хидмат мекунанд, занону духтарон ташкил медиҳанд.
Мисолан, қариб 1 ҳазору 400 хоҳарбузургу хоҳарони мо дар сохтори давлатӣ ва созмонҳои ҷамоатӣ дар вазифаи роҳбарӣ меҳнат мекунанд. Даҳҳо хоҳарбузургу хоҳаронамон ба унвонҳои баланду ифтихории давлатӣ, ба мисли «Қаҳрамони Ӯзбекистон», «Арбоби фанни Ӯзбекистон», «Омӯзгори халқии Ӯзбекистон», «Шоири мардумии Ӯзбекистон», «Артисти халқии Ӯзбекистон» ва ордену медалҳо сазовор гардидаанд. Дар байни онҳо беш аз 500 нафар докторони илм ва академикҳо, ҳазорҳо номзадҳои илм бо донишу истеъдоди худ ба рушди Ватан саҳм мегузоранд.
Мояи дилхушӣ он аст, ки дар интихоботи парлумонии соли 2019 аз 150 нафар депутати ба Палатаи қонунгузрии Олий Маҷлис интихобгардида 48 нафар ё 32 фоизашонро занону духтарони сазовор ва ташаббускор ташкил медиҳанд. Дар корпусҳои депутатии Шӯ-роҳои маҳаллӣ низ метавон натиҷаҳои мусбат, яъне иштироки назарраси занону духтаронро мушоҳида кард. 
Агар бо як сухан ифода намоем, имрӯз давлатамон ва ҷамъиятамон ба занону духтарони мамлакат арҷ мегузоранд. Дар навбати худ занонамон дар роҳи рушди кишвар, мақсадҳои неку наҷиб — муаррифии Ӯзбекистони азиз ба дунё, дар ҳоли амиқ ҳис кардани масъулият, фидокорона меҳнат мекунанд.

Зуҳро 
ИБРОҲИМОВА,
ҷонишини Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: