Соли ҷорӣ чандин қарори ҳукумат доир ба бозори мол ва рушди фаъолияти биржа қабул гардид, ки мақсад аз онҳо бо ашёи хом ва маҳсулоте, ки талаб ба он бештар аст, таъмин намудани аҳолӣ мебошад.
Ба наздикӣ бахшида ба фаъолияти кунунии Ҷамъияти саҳҳомии Биржаи ашёи хом ва моли ҷумҳурӣ таҳти мавзӯи «Пешомади савдои биржа ва шаклҳои рушди замонавии тиҷорати электронии Ҷамъияти саҳҳомии Биржаи ашёи хом ва моли Ӯзбекистон» нишасти матбуотӣ баргузор шуд.
Таъкид гардид, ки дар натиҷаи савдои биржаи мазкур номгӯй ва ҳаҷми фурӯши маҳсулот дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ зиёд гардид, рақобати шаффоф дар байни фурӯшанда ва истеҳсолгарон беҳтар гашт. Ҳоло соҳибкорон аз захираи мол бештар истифода мебаранд.
Дар 9 моҳи сипаришудаи соли ҷорӣ дар биржа ба арзиши беш аз 22 трлн. сӯм шартнома имзо гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2 баробар зиёд мебошад. Аз ин саҳми биржа 92 фоиз, яъне беш аз 20 трлн. сӯмро ташкил медиҳад. Миқдори иштирокдорони савдои биржа, ки дар ин муддат ба рӯйхат гирифта шудаанд, 4 баробар афзуда, 33,5 ҳазор нафарро ташкил дод.
Ҳоло робитаи Биржаи ашёи хом ва мол бо ҳамкорони хориҷӣ ва биржаҳои байналхалқӣ вусъат пайдо мекунад. Чунончи, ба мақсади таҷрибаивазкунӣ дар соҳаи ташкил кардани савдои биржа бо Биржаи моли «ЕСТ»-и Қазоқистон, Биржаи бунёди Қирғизистон ва Биржаи амволи фарогири Белорус меморандуми ҳамкорӣ имзо гардид. Бо Биржаи бунёди Туркия, Биржаи байналхалқии ашёи хом ва моли Санкт-Петербург робитаҳои корӣ ба роҳ монда шуданд.
Маҳсулоти асосие, ки ба савдо гузошта мешаванд, пахта, равғани растанӣ, семент, тахта ва ғайра мебошад.
Бо воситаи веб-сайт рақамҳои автомобил ба савдои музоядаи онлайн гузошта шудаанд. Дар давоми 9 моҳи соли 2018 13,2 ҳазор рақами автомобил ба қимати 75,8 млрд. сӯм ба фурӯш рафт, ки арзиши миёнаи онҳо 5,7 млн. сӯмро ташкил медиҳад.
Дар доираи Барномаи давлатии Соли дастгирии соҳибкории фаъол, ғояҳои инноватсионӣ ва технология Маркази хидмати шабонарӯзии биржа ба кор сар кард, дар савдои биржа чораҳои бехатарии ахбор таъмин гардид. Ба мақсади ҷалб намудани субъектҳои соҳибкорӣ ба савдои онлайн ва электронии биржа семинар-тренингҳо ташкил карда мешаванд.
Мутахассисон таъкид карданд, ки бино бар бо сифати зарурӣ ва дар муддати муайяншуда расонда надодани маҳсулот ва ашёи хом камбудиҳо мушоҳида мешаванд, ки ин аз норасоии мутахассис-логистҳо дар соҳа далолат медиҳад.
Набия НОДИРОВА,
хабарнигори «Овози тоҷик».